ҒИЗОЛ

0
720
боздид
Шикори ғайриқонунӣ, маҳдуд гардидани мавзеъҳои сукунат, бенизом чаронидани чорво боиси кашумории ғизол гардидааст.

 

АЗ КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН

 ҒИЗОЛ

Gazella subgutturosa

(Gueldenstaedt, 1780)

 Қатори Ҷуфтсӯмон Artiodactyla

Оилаи Шохковокҳо Bovidae

Мақоми ҳифз

Дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR. Ба рӯйхати сурхи ИБҲТ дохил карда шудааст.

Паҳншавӣ

Солҳои 30-юми асри XX дар нимбиёбонҳои саргаҳи дарёи Аму, поёноби дарёи Вахш, соҳили рости дарёи Панҷ ва Кофарниҳон, водии дарёҳои Сир ва Зарафшон васеъ паҳн гардида буд. Аз охирҳои солҳои 40-уми асри ХХ сар карда сукунатгоҳи он маҳдуд гардид. Айни замон ҷамоаҳои ҷудогонаи ғизол дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», қаторкӯҳҳои Қаратови Панҷ, Териклитов, Буритов, Оқтов, мавзеъи Сурхкӯҳ ва соҳили рости обанбори Қайроққум (Оқбел) боқӣ мондааст.

Муҳити сукунат

Дар минтақаҳои ҳамвор, байни регтеппаҳо, биёбон ва нимбиёбони Кашқақум ва Қарадум (дар баландии 350-400 м аз сатҳи баҳр), қаторкӯҳҳои Буритов (дар баландии 800-900 м аз сатҳи баҳр), Оқтов ва Қаратови Панҷ (дар баландии 1200-1800 м аз сатҳи баҳр) зиндагӣ мекунад.

Саршумор

Солҳои 30-юм асри гузашта гурӯҳ-гурӯҳ (то 40-50 сарӣ) вомехӯрд. Солҳои 1960-1965 дар мавзеъҳои дастнораси қаторкӯҳи Қаратови Панҷ (18 000 га) ҳамагӣ 20-25 cap ба қайд гирифта  шудааст. Дар ҳудуди мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» (биёбони Қашқақум) айни замон 80 сар ва дар биёбонҳои регзори соҳили рости обанбори Қайроққум 20- 25 сар ғизол боқи мондааст. Саршумори умумии ғизол дар Тоҷикистон 100 сарро ташкил медиҳад.

Хусусиятҳои биологӣ

Ҷинсҳои модина дар 7-8-моҳагӣ болиғ мегарданд. Дар 2-2,5-солагӣ аз нимаи дуюми моҳи ноябр то нимаҳои моҳи декабр ҷуфтӣ мешаванд. Насли навзод охирҳои моҳҳои апрел ва моҳҳои май таваллуд мешавад.

Парвариш дар шароити сунъӣ

Дар шароити сунъӣ парвариш меёбадва афзоиш мекунад.

 Тадбирҳои ҳифз

Муборизаро бар зидди шикори ғайриқонунӣ дар тамоми мавзеъҳои зисти ғизол пурзӯр намудан зарур аст.

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед