ГУЛИ ҲОЛМОН

0
312
боздид
Гули ҳолмон

 

ГУЛИ ҲОЛМОН (Petilium Eduardil)

       Ҳолмон гули ниҳоят зебо буда, дар баландиҳои 1200 – 2100 м аз сатҳи баҳр дар зери буттаву дарахтон, шағали оҳаксангдор, минтақаи ҷангалзори паҳнбарг ва гармсер, нимсаванаи алафаш баланд ва хӯшадорҳои баланд месабзанд. Бинобар сабаби зебо буданаш онро мардуми маҳаллӣ ва сайёҳон даста даста мечинанд. Пиёзакашро бошад барои и с т е ъ м о л меғундоранд. Гули ҳолмонро аз тухм ва пиёзакаш зиёд кардан мумкин аст. Солҳои охир шумораи ин растанӣ ниҳоят кам шуда истодааст. Аз ин рӯ ба муҳофизат эҳтиёҷ дорад. Гули ҳолмон дар Китоби Сурхи Тоҷикистон сабт шудааст.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед