ҲИФЗИ ТАБИАТ  ҲИФЗИ ВАТАН  АСТ  

0
22083
боздид
Инсоният дар ҳама ҳолат ба табиат ва ҳастиҳои он эҳтиёҷ доранд.
ҲИФЗИ ТАБИАТ  ҲИФЗИ ВАТАН  АСТ  

Тамошои табиати зебо, нӯшидани оби зулоли чашмаҳо, шунидани хониши кабкҳо ва нағмасароии булбулону кашидани нафаси тоза аз ҳавои софу беғубор ба дили инсон қувват ва ба чашмҳо нур мебахшад.

Оре, Ватани азизи мо- Тоҷикистон дорои ҳамин гуна неъматҳост, ки ба инсонҳо ҳам дар ҳолати беморӣ ва ҳам дар давраи солимӣ руҳи болида мебахшанд.

Инсоният дар кадом ҳолате, ки набошад, дар куҷое, ки зиндагӣ накунад, ҳама хурду бузург ба табиат ва ҳастиҳои он эҳтиёҷ доранд. Бидуни табиат ҳаёт дар ягон давру замон пойдор буда наметавонад, зеро ҳастии ҳар як ҷисми зинда ба об, хок ва боду ҳаво алоқаманд аст.

Ободии кишвар ва тозагии муҳити зист танҳо ба одамон вобастагӣ дорад ва эҳтироми табиату самаранок истифодабарии манбаъҳои он қарзи ҳар як инсони асил аст.

         Ватандӯстдорӣ чист ва ватандӯстор кист?

Ин суолро чунин ҷавоб мебояд, ки тозаву озода нигоҳ доштани макони зисти худ, гӯшаи ноободеро ба гулистон табдил додан ва ғамхорона муносибат кардани кас ба олами набототу ҳайвонот аз муҳимтарини аркони дӯстдорию эҳтиром гузоштан нисбат ба Ватан мебошад. Агар ин нишонаҳо дар одам эҳсос нагардад, пас бе ягон дудилагӣ метавон гуфт, ки имони ватандории ӯ заиф аст. Табиатшиноси рус Пришвин М. дар ин мавзӯъ андешаи ҷолиберо баён доштааст: «Мо соҳиби табиати худ ҳастем ва он барои мо маҳзани Офтобро мемонад, ки пур аз ганҷинаи ҳаёт аст. Ин ганҷинаи бебаҳоро ҳифз кардан кам аст, дари онро кушодан ва намоиш додан лозим аст. Ба моҳӣ – об, ба паранда – ҳаво, ба ҳайвоноти ваҳшӣ – бешазор ва кӯҳсор, ба одам – Ватан лозим. Пас, ҳифзи табиат ҳифзи Ватан аст».

 Гулбаҳор Қосимова,

сардори шуъбаи назорат ва таҳлилӣ раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣг 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед