ХИРСИ МАЛЛА

0
1719
боздид
Барои хирси малла хоби зимистона хос аст.

ХИРСИ МАЛЛАИ ТИЁНШОНӢ

Дар Тоҷикистон зернамуди тиёншонии хирси малла (Ursusarctosisabellinus) паҳн гаштааст, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ, дар Бадахшон ва ба таври маҳдуд дар Помир, дар баландиҳои 1500- 4500 метр аз сатҳи баҳр вомехӯрад. Шумораи умумии хирси малла дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 550-600 сарро ташкил медиҳад. Дар байни ҳайвоноти ваҳшии Тоҷикистон хирси малла ширхӯри даррандаи калонтарин ба ҳисоб меравад. Андозаи бадани хирси малла 150 — 180 см ва вазнаш 120-170 кг-ро ташкил медиҳад. Аз сабаби маҳдуд будани намуди шумораи хирси малла он ба Китоби Сурхи Точикистон дохил карда шудааст. Хирси малла сокини хоси ҷангалзорҳои кӯҳии кишварамон ба ҳисоб рафта, нишондиҳандаи ҳолати экосистемаҳои ҷангалзорҳои Тоҷикистон мебошад. Арчазорҳо, чормағззорҳо, ҷангалзори сафедору олуча ва дигар дарахтони кӯҳӣ  мавзеъҳои хоси зисти хирси малла ба ҳисоб мераванд. Хирси малла аз решаи растаниҳо, меваҳо, ҳашаротҳо ғизо гирифта, хояндагони майда ва паррандагонро мавриди сайд қарор медиҳад. Тобистон ва тирамоҳ вобаста ба ҳосилнокии ин ё он намуди растаниҳо, хирсҳо кӯчиши мавсимӣ мекунанд. Барои хирси малла хоби зимистона хос аст. Бошишгоҳҳои зимистонаи хирс дар баландии 200-3500 метр аз сатҳи баҳр, дар қитъаҳои дастнораси ҷангалзорҳои кӯҳӣ ҷойгиранд. Хоби зимистонаи хирс охирҳои моҳи ноябр – аввалҳои моҳи декабр оғоз гардида, то аввалҳои моҳи март идома меёбад. Ҷуфтшавии хирсхо моҳи июн сурат мегирад. Давраи ҳомиладорӣ қариб ҳафт моҳ тӯл мекашад. Хирси модина дар охири моҳи декабр ва ё аввали моҳи январ аз 1 то 3 хирсбача таваллуд мекунад. Хирси малла дар табиат 45-50 сол умр мебинад. Хирси малла танҳо дар мавридҳои алоҳида, ба чорвои хонагӣ ҳуҷум мекунад. Чунин ҳолат танҳо мавридҳое рух медиҳад, ки хирс дар табиат барои худ ѓизои дилхоҳ дарёб карда наметавонад.

Хирси малла барои инсон хатари ҷиддӣ надорад. Нобуд гардидани хирси малла оқибатхои нохуш дорад. Дар мамнӯъгоҳи «Ромит» барои ҳаётгузаронии хирси малла шароитҳои мусоид мавҷуд аст. Онҳо ба муҳофизати ҳамарӯза эҳтиёҷ доранд. Мувофиқи реҷаи мамнӯъгоҳ хирси малла дар мамнӯъгоҳи «Ромит» таҳти муҳофизати қатъӣ қарор дорад. Новобаста ба ин, ҳаёти хирси малла дар мамнӯъгоҳ на ҳама вақт ба таври мӯътадил ҷараён мегирад. Ҳаёти ороми ин даррандаро чунин омилҳо, аз қабили чарондани чорво, буридани  ҷангалзорҳо, алафдаравӣ аз тарафи аҳолӣ халалдор месозанд.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед