Ҳофизи дай

0
354
боздид
Агар зоғҳо бегоҳӣ дар ҳаво чарх зада гоҳ пасту гоҳ баланд парвоз кунанд он шаб шамоли хунук мевазад.

Дар фасли зимистон кам парандагонро дидан мумкин, ки чун зоғ шоду масрур ва дар фазои зимистонӣ озод пару бол занад. Ин парандаи сиёҳпўш гӯё ҳокими мутлақи ин фасл аст.

Шохҳои урёни дарахтон нишемангоҳаш, фазои озоду хунук парвозгоҳаш, дашту дамани пурбарф ҷойи сайру гашташ мебошад. Ва беибо, бо тамоми ҳастӣ овоз мебарорад, суруд мехонад. Суруди омадани барфро, вазидани боди сахтро, суруди хунуку пурасрори худро. Ва аз садои он мардони пуртаҷриба аз ҳаёт панд бардошта, чунин хулосаҳои аниќу дақиқ баровардаанд: «Агар зоғҳо бегоҳӣ дар ҳаво чарх зада гоҳ пасту гоҳ баланд парвоз кунанд, он шаб шамоли хунук мевазад. Агар қар-қаркунон парвоз намоянд, барф меборад, дар боми хонаҳо ё шохаҳои баланди дарахтон бишинанд, яхбандӣ мешавад ва дар шохаҳои паст шинанд, шаб шамоли сард мевазад…»

Зоғ… Мо онро дар фасли сармо бисёр дидаем ва овозашро ҳам кам нашунидаем. Аммо вақте  мехоҳем ин парандаи аҷибро хубтару беҳтар бидонему атрофаш бештар маълумот пайдо кунем, он вақт эҳсос менамоем, ки ин паранда чӣ қадар асрори ниҳон доштааст. Як худи вожаи зоғ ба чанд маъно омаданаш моро ба ваҷд меоварад.

Вақте ки байти:

«Зоғе равиши кабки дарӣ меомўхт, Он даст надоду раҳи худ рафт зи даст» – ро мехонем, ҳикмат мегирем. Лек чун байти Абулқосим Фирдавсӣ:

«Чу хуршед барзад сар аз пушти зоғ, Замин шуд ба кирдори равшан чароғ» –ро  мехонем, мебинем, ки шаби сиёҳро ба зоғ ташбеҳ дода ва ин калима маҷозан омадааст.

Зоғ ҳамчунин киноя аз зулф ҳам ҳаст, ки Маҳастии Хуҷандӣ хеле олӣ ва шоирона дар рубоие овардааст:

Афсўс, ки атрофи гулат хор гирифт, Зоғ омаду лоларо ба минқор гирифт,

Симоби занахдони ту овард мидод, Шанҷарфи лаби лаъли ту зангор гирифт.

Зоғ, — зок, зог, зоҷ – номи умумии намакҳое, ки аз туршии гўгирд ҳосил мешаванд, ҳамчунин даҳани фаранг ва замч ҳам маънидод шуда. Агар ҳамаи ин суханҳоро мо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ» пайдо карда тавонем ҳам, боз вақте ки вомехўрем: «Зоғ – аз оҳангҳои баҳорияи қадимаи форс — тоҷик, ки дар давраи Сосониён, тасниф шудааст», бароямон хеле аҷаб аст. Он вақт мо хуб дарк мекунем, ки зоғ дар олами мусиқӣ ҳам макон ёфтааст. Аз ҳама аҷиб дар «Ғиёс-ул-луғот» аз ҷониби Асадии Тӯсӣ ин калима чунин маънидод шудааст:

«Зоғ номи тоири маъруф ва ба маънии гўшаи камон ва он пораи шохи сиёҳ бошад, ки бар ҳар ду гўшаи камон васл кунанд; ва номи қавлест, аз мусиқӣ; ва дар арабӣ сиғаи мозист, ба маънии гашт ва майл нумуд, чунончӣ: «мо зоғалбасара ва мо тағо» муайиди ин маънист».

«Ва номи қавлест аз мусиқӣ» ҳамин ибора барои мо муҳим ва дардхўр аст.

Зоғ…. Он чӣ парандаест, боз онро чӣ ном мебаранд…

Овози он моро ба андеша мекашад. Дар он як мусиқие ниҳон аст, ки бояд инсон онро дарк кунад, эҳсос намояду ба худ хулоса барорад. Аввало бояд бидонем, ки он чӣ гуна паранда аст! Ва рў меорем, ба «Рисолаи Сайдия». Дар ин рисола зоғ чунин шарҳ дода шудааст:

«Ғуроб-ро ба форсӣ калоғ ва ба туркӣ фарқа гўянд ва ў ба чанд навъ мебошад. Чунончӣ як қисми ў бисёр сиёҳ мебошад ва як қисми дигар бошад сурхминқор, сафедбозу ва сафедпой ва як навъи дигар хокистарранг. Ва ба табъ ҳама асноф бо якдигар наздиканд. Ҷонвари дарозсафару дарозумр аст. Ва нару модааш чунон бо ҳам мувосанат (муросо) доранд, ки агар яке бимирад ва баъд аз ў дигар аз аҳаде (фарде) ҷуфт нашавад. Ва ў ба рўи касе ҷуфт намешавад. Ва чунончӣ аҳли таҳқиқ бар онанд, ки ҷуфт намешаванд ва назди баъзе дар тамоми умр як бор ҷамъ мешавад. Ва чун дар ибтидо мўи бачааш сафед мешавад, лиҳозо модараш ранҷида ўро мегузорад ва дар парвариш комил намекунад. Ҳақ субҳонаҳу таъоло пашшаҳоро бар он гуморад то қути ў мешаванд. Чанд рўз мўи сиёҳ бармеоянд. Он гоҳ модараш пеши бача меояд ва тимордории (парастории) ў намояд. Ва араб ғуробро шум медонанд ва мегўянд, ки агар ду бонг кунад, наҳс аст ва агар се бонг кунад, хуб аст…».

Калоғ ҳамон калзоғ аст, ки бештар дар фасли дай худро ҳокими ин фасл медонад. Умуман дар диёри мо шаш намуди зоғ дида мешавад. Аз умрдарозии зоғ мо чандин афсонаҳо ва ќиссаҳоро медонем. Худ ҳамон ҳикояти оби ҳаётро ба инсон меоварам гуфта, ба шохи арча резонданашу он зарфро бо сангча пур намуданаш ҳама аз оқилӣ, доноӣ ва зиракии ин паранда гувоҳӣ медиҳад.

Боз дар «Рисола» оварда шудааст, ки «Ба мазҳаби Абўҳанифа (раҳ.) аз ҷинси ғуробе, ки дона мехўрад, ҳалол аст».

Бубинед дар як рисола чӣ қадар суханҳои аҷиб ва пурҳикмат оварда шудаст, дар бораи як паранда, зоғ. Ҳамон зоғе, ки мо онро медонем ва овозашро дар фасли дай бисёр шунидаем.  

Зоғ… Онро ҳоким ва ҳофизи фасли дай гўем, хато намешавад. Ҳамин аст як нигоҳ ба зиндагии ин парандаи пурасрор.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед