Худогоҳии миллӣ  ва маърифати экологӣ

0
737
боздид
Табиат китобест, ки бояд хонд ва дуруст фаҳмид.

Худогоҳии миллӣ  ва маърифати экологӣ

Инсон бо назардошти шуур ва сатҳи маърифатнокии худ, мусоидаткунандаи ободию озодагӣ, пешравӣ ва комёбиҳои ҳаёт дониста шудааст. Тамоми рушдёбии олам маҳз тавассути меҳнати фидокоронаи инсони комил метавонад арзи ҳастӣ бикунад ва ташаккул ёбад. Инсоне, ки ба воситаи ақли  худ муҳити атрофро тозаву озода нигоҳ дошта, онро аз тамоми олудагиву ифлосиҳо ҳифз карда метавонад. Зери мафҳумҳои «тозагӣ», «озодагӣ» ва «покӣ» мо он чизеро эҳсос ва дарк менамоем, ки танҳо ба инсон хос аст. Ба ибораи дигар агар гӯем, яке аз тафовутҳои ақлонӣ ва маърифатие, ки инсонро аз мавҷудоти дигари биологӣ ҳамеша фарқ мекунонад, покизагии рӯҳу тан ва муҳити атроф мебошад. Агар бар акси ин амал аст, ба гуфтаи Саъдии бузургвор розӣ шудан шояд:

Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ,

Чӣ миёни нақши девору миёни одамият.

 

Гузаштагонамон, дар мисоли шоирону нависандагон, аз табиати зебою дилписанди замони худ баҳравар гардида, ба воситаи тахайюлоти эҷодӣ тавонистаанд асарҳои гаронбаҳое офаранд, ки истифода намудан аз онҳо, бешакку шубҳа, ҷаҳони зебопарастӣ ва муносибати хайрхоҳонаю назари нек доштани моро нисбат ба табиат ва муҳити атроф дигаргун месозад. Масалан, вақте кас васфи кӯҳу дашт, боғу роғ, парандаҳо, гулу бутта ва абру борон барин ҷузъиёти табиатро дар ашъори Манучеҳрии Домғонӣ мутолиа менамояд, хаёлан сайри қарни Х1 мекунаду он ҳама манзараҳои айёми шоир ба мисли сабти видеоӣ пеши назараш ҷилвагар мешаванд.

Ҳамчунин, дар радифи мутолиаи насру назми адабиёти гузаштаи форсу тоҷик номҳои парандагони гуногун, амсоли кабк, булбул, тазарв, фохта, товус ва садҳо намуди ҷонварон ба назар мерасанд, ки аксари онҳо бе тағйири номашон то ба замони мо омада расидаанд. Қисми дигар аз ноадолативу бераҳмиҳои инсон, нисбат ба табиат, ба коми нестӣ рафта, танҳо номашон рӯи авроқ мондаасту халос. Ҳар қадаре, ки хирад асрори табиатро дарк кунад, ҳамон қадар дил лабрези тараб мешавад. Ҳар қадар, ки ҳукми инсон бар вай густариш ёбад, ҳамон қадар барои талаботи рӯзгор фаровонтар баҳра мебарад.

«Табиат китобест, ки бояд хонд ва дуруст фаҳмид, фаҳмиши барғалат зиёни калон мерасонад. Он ҳама иштибоҳе, ки дар ҷаҳон ҳаст ё аз фаҳмиши кӯтоҳ нисбати табиат ё ба куллӣ нафаҳмидани он сар задаанд. Ва ин иштибоҳот маҳз бо фаҳмиши дурусти табиат инкор ва нест шуда метавонанд» -ақида дошт Налбалдян М. Л.

Агар мехоҳем, ки бо ягон иштибоҳоти нобахшидании дигаре, дар мавриди муносибат бо табиат илҳоқ нагардем, бояд боз ҳам сари вожаи «тозагӣ» ва дарки маънои «озодагӣ» чуқур андеша кунем. Ҳамон тозагию озодагие, ки зери мафҳуми инҳо покӣ, дурӣ ҷустан аз ифлосиҳо, муҳити тоза, покии обу сарватҳои дигар, покии ашёҳои рӯзгор ва манзили истиқоматӣ   дониста мешавад. Чуноне ки ҳамагон   медонем, замони тараққиёту кашфиёт дар доираи табиат мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд оварда истодааст.  Аз ин нуқтаи назар бояд донист, ки заминаҳои табиатдӯстии ҳар як фард аз тозаву озода нигоҳ доштани мавзеъҳои будубоши худи ӯ маншаъ мегирад. Бинобар ин, пеш аз ҳама дар шуури мардум маърифати экологиро баланд бардоштан зарур аст. Барои ташаккули одоб ва маърифати экологии аҳолӣ лозим аст, ки роҳу усулҳои муҳими тарбиявиро ҷустуҷӯ карда, татбиқи амалии онҳоро дар таълиму тарбияи насли ҷавон самаранок истифода барем. Он гоҳ ҳатман муваффақ хоҳем шуд ва ба мақсади ниҳоии худ хоҳем расид.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед