ИШКОШИМ – ОСОРХОНАИ БУЗУРГИ БОСТОНШИНОСИИ ТОҶИКИСТОН

0
632
боздид

Ноҳияи Ишкошим бо мавқеи ҷуғрофӣ, манзараҳои зебою дилфиреб, обҳои маъданию шифобахш ва таърихи қадимааш аз давраҳои бостон маълуму машҳур гардидааст. Калимаи Ишкошим, ки истилоҳи аслиаш “Сакошим” (маъниаш ватани Сакоиҳо) мебошад, гувоҳи он аст, ки ин диёр воқеан ҳам таърихи хеле қадимӣ дорад. Ишкошим-Сакошим қадимтарин маҳалли истиқомати тоифаҳои мухталафи ориёист, ки ба гурӯҳи скифу сакоиҳо мансуб буданд.

Сакошим дар асрҳои 7-6 пеш аз мелод маркази маъмурии қабилаҳои гуногуни ориёӣ – тоифаҳои хиндуэронӣ буд. Маҳз аз ин маҳал ориёиҳо таввасути кӯҳҳои Ҳиндукуш ба Ҳиндустон ва аз сарҳади Афғонистон ва Эрон ва аз он ҷо ба баъзе қисматҳои Аврупо ҳиҷрат карда, дар ин минтақаҳо маскун шудаанд. Шоҳроҳи овозадори Осиё, яъне “Шоҳроҳи Абрешим” маҳз аз ҳамон давра аз ҳудуди ноҳияи Ишкошим мегузашт. Ва он қалъаҳои қадимае, ки имрӯз танҳо вайронаҳои он дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим боқӣ мондаанд, дар он замон бехатарии Шоҳроҳи Абрешимро кафолат медоданд. Боиси ифтихор аст, ки чанде пеш бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ин қалъаҳо-қалъаи Ямчун дар баробари дигар осори таърихии дунё вориди феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО гардид. Умуман ноҳияи Ишкошимро бо ҳамаи ёдгориҳои таърихиаш як осорхонаи бузурги бостоншиносии кишварамон метавон ҳисобид.

Ноҳияи Ишкошим 27 моҳи октябри соли 1932 дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, масоҳати 3656,1 метри мураббаъ ё 365606 гектарро ташкил медиҳад. Ноҳия дар масофаи 652 км аз маркази ҷумҳурӣ ва 105 км аз шаҳри Хоруғ воқеъ гаштааст. Ишкошим аз самтҳои ҷанубӣ ва ғарбӣ бо давлати Исломии Афғонистон ҳамсарҳад буда, бештари масоҳати ноҳияро қаторкӯҳҳои  Шохдара аз шимол ва дарёи Панҷ аз ҷануб ва водиҳои Ғорону Вахон ташкил медиҳанд. Қуллаҳои баландтарини ноҳия қуллаи  Исмоили Сомонӣ (7495 м аз сатҳи баҳр) ва Маяковский  (6096 м аз сатҳи баҳр ) воқеъ гаштаанд. Иқлими ноҳия хушк буда, ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳи январ-8,3 оС ва моҳи июл +19,8о С, ҳадди боришоти миёнаи солона 94 мм мебошад.

Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбатамон Одина ОДИНАЕВ — сардори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ишкошим “дар ҳудуди ноҳия аз канданиҳои фоиданоки зери заминӣ  абрак, булӯри кӯҳӣ, биотит, масолеҳои бинокорӣ (санг, рег, шағал, гаҷ) сангҳои қиматбаҳо-лаъл (лаъли Бадахшон ), лоҷувард ва ғайраҳо мавҷуд аст”. Мавсуф ҳамчунин дар хусуси чашмаҳои шифобахши ноҳия чунин ибрози назар намуд:

-Дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим обҳои шифобахш зиёданд, ки мухтасаран дар бораи онҳо маълумот пешкаш карда мешавад. Яке аз онҳо чашмаи Авҷ мебошад, ки дар масофаи 80 км аз шаҳри Хоруғ, 27 км то маркази ноҳияи Ишкошим, дар соҳили чапи дарёи Панҷ, дар баландии 2415 м аз сатҳи баҳр воқеъ мебошад. Дараҷаи гармии оби маъдании чашмаи Авҷ 34-30о С ҳадди эътидол 7,5, миқдори хориҷшавӣ 5 л/3, кислотаи силитсий 46-78 мг/л, гази карбон 444-510 мг/л ва маъданнокии умумии он 1800 мг/л мебошад. Дар таркиби об элементҳои ангезандаи ҳаёт, монанди литий, оҳан, никел, фтор, руҳ, бром мавҷуданд. Оби чашмаи Авҷ барои касалиҳои узви босира, дил ва рагҳои хунгард, узвҳои ҳозима, вайроншавии мубодилаи моддаҳо,бемориҳои гурда, шуш ва роҳҳои нафаскашӣ ва асаб шифо мебахшад.

Дигар мавзеи обӣ, ки таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб намудааст, Гармчашма мебошад, ки дар маҳали миёнакӯҳ, дар дараи хушманзараи зебо, аз тарафи рости соҳили рӯди Гармчашма, дар масофаи 48 км аз маркази шаҳри Хоруғ ва 73 км аз маркази ноҳияи Ишкошим дар баландии 2770 м аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст.  Гармчашма иқлими ба худ хос дорад.  Дар тобистон ҳаво хушки форам ва камбориш буда, боди суст мевазад. Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво 6,70 о  С, ҳарорати миёнаи ҳаво дар тобистон 160 о С, зимистон 6,60 о С мебошад.

Дараҷаи аз ҳама гарми ҳаво 35 оС, ҳавои хунуктарин 32 о С-ро ташкил мекунад. Оби Гармчашмаро барои муолиҷаи касалиҳои пӯст, дил ва рагҳои хунгард, узвҳои такя ва ҳаракат, бемориҳои  системаи асаб, касалиҳои куҳнаи роҳҳои нафаскашӣ ва узвҳои ҳозима истифода бурдан мумкин аст.

Дар масофаи 217 км дур аз ш.Хоруғ 117 км дур аз маркази ноҳияи Ишкошим дар деҳаи Зонг дар баландии 2840-3020 аз сатҳи баҳр дар наздикии маҳали якҷояшавии дарёҳои Помир ва Вахон чашмаи маъдании Зонг воқеъ гаштааст. Дар ин мавзеъ 9 грифон, аз он ҷумла 6-тои онҳо ба чашмаҳои гарм ва 3-тояшон ба обҳои хунук дохил мешаванд. Миқдори умумии хориҷшавии чашмаҳои гарм 6,0 л/с буда, ҳарораташ аз 25,5 о С то 47о С мерасад. Ҳадди эътидол 7,2 маъданнокии умумӣ 2,2 то 2,9 г/л кислотаи силитсий 114-08 мг/л ва гази карбон 250-252 мг/л мебошад. Дар қатори гази маҳлулшуда 5%-ро гази карбон ва 3,1 – 51,8 %-ро гази нитроген ташкил медиҳад.

Омилҳои муолиҷавии ин чашма ба мавҷудияти кислотаи силитсий, ҳарорат, газнокӣ, маъданнокӣ, ионҳои гидрокарбонат, хлор, натрий ва микроэлементҳо вобаста буда, барои табобати касалиҳои узвҳои такя ва ҳаракат, дил ва рагҳои хунгард, системаи асаби ғайри марказӣ, вайроншавии мубодилаи моддаҳо ва касалиҳои занона тавсия дода мешавад.

Дар деҳаи Ямчуни ноҳияи Ишкошим ВМКБ, дар масофаи 178 км аз ш. Хоруғ ва 83 км аз маркази ноҳияи Ишкошим ва 7 км аз бемористони деҳаи Туғгоз дар баландии 3300 м аз сатҳи баҳр чашмаи Ямчун, ки онро чашмаи Бибӣ Фотимаи Заҳро низ меноманд, воқеъ гардидааст.

Ҳарорати оби чашма 43о С, миқдори хориҷшавӣ 5-8 л/с, маъданнокии умумӣ 0,7 гр/л, ҳадди эътидолаш 7,3 мебошад. Дар таркиби он микроэлементҳои литий, никел, бром, руҳ, молибден ва радоний 3,5 мки/л мавҷуданд. Оби чашмаи Биби Фотимаи Заҳро барои табобати касалиҳои узвҳои ҳозима, узвҳои такя ва ҳаракат ва касалиҳои занона манфиатнок аст.

Дар масофаи 205 км дуртар аз ш. Хоруғ ва 107 км дур аз маркази ноҳияи Ишкошим, дар  роҳи мошингарди Хоруғ-Лангар, дар баландии 2780 м аз сатҳи баҳр чашмаи маъдании Ширгин воқеъ гаштааст. Чашмаи Ширгин аз 6 грифон иборат буда, 4-тои он хунук ва 2 тои он гарм мебошад.

Оби ин чашма барои муолиҷаи касалиҳои узвҳои такя ва ҳаракат, дил ва рагҳои хунгард, бемориҳои системаи асаби ғайри марказӣ, вайроншавии мубодилаи моддаҳо, касалиҳои ғадудҳои эндокринӣ давои хубест.

Қобили зикр аст, ки дар давоми созибистиқлолии мамлакат дар ҳудуди ноҳия 28 гармхонаҳои замонавӣ бунёд гардиданд. Бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим корҳои ободон, аз ҷумла барқарор кардани боғҳои куҳнаву бунёди боғҳои нав сурат мегирад. Танҳо дар 5 соли охир наздики 30 гектар боғҳои мевадиҳанда барқарор гардиданд. Дар самти ҳифзи муҳити зист аз тарафи бахш атрофи партовгоҳи марказии ноҳия, ки қариб 1 га-ро ташкил мекунад, махкам карда шуд.  Ҳамчунин як мошини партовғундорӣ барои ҷамъоварии партовҳои аҳолӣ харидорӣ гардид, ки дар хизмати аҳолӣ қарор дорад.

                                                                   «Инсон ва табиат»

 

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед