ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ РАСМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР «COP 26» ДАР ГЛАЗГО

0
119
боздид
Инсон ва табиат

1-уми ноябри соли 2021 дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба тағйирёбии иқлим расман ифтитоҳ гардид. 

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар «COP 26» (climate change conference) ҳайати бонуфузи расмӣ намояндагӣ менамояд. Дар ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ роҳбарон ва намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар баргузории якчанд чорабиниҳо иштирок доранд.

Дар конфронси Глазго намояндагони кишварҳои ҷаҳон ҷараёни иҷрои масъалаҳои асосии созишномаи Париж, инчунин ташаббусҳои нави мамлакатҳо оид ба коҳиш додани партовҳои гази карбон ба атмосфераро мавриди муҳокима қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи баргузории ин ҳамоиши байналмилалӣ маросими ифтитоҳи расмии Намоишгоҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти шиори «5 кишвар, 1 минтақа, 1 овоз» баргузор шуд. Дар доираи баргузории Конфронси иқлимӣ чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла, суҳбату мулоқоти дуҷониба ва бисёрҷониба доир гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки  Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯби СММ кори худро то 12 ноябр ба анҷом хоҳад расонд.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед