Яке аз панелҳои муҳиме, ки дар доираи Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯби СММ оид ба тағирёбии иқлим (COP 26), баргузор гардид, таҳти унвони чорабинии паҳлӯии “Барф ва ях дар заминаи тағирёбии иқлим: Муқовиматро ба оқибатҳои шадидноки офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим, дастрасии об чӣ гуна бояд ташаккул дод» ёд мешавад. Дар ин панел раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б. А. бо сухани ифтитоҳӣ маърӯза ироа намуд.
Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO) ва ЮНЕСКО ташкил гашта буд.
Дар ин панел масъалаҳои робитаи тағйирёбии иқлим, криосфера ва вобастагии инсон аз об, инчунин таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, аз ҷумла обшавии пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ, инчунин дабири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ — ҷаноби Петри Таалас, ёвари директори генералии ЮНЕСКО- хонум Шамила Наир-Бейдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ФБНА — Султон Раҳимзода суханронӣ карданд.
Дар муҳокимаи масъалаҳои панели мазкур намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамзамон ҷонибҳои манфиатдор аз бахшҳои муҳити зист, об, энергетика ва кишоварзӣ ширкат доштанд.
Дар доираи чорабинии мазкур ба ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд, ки он аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдории васеъ пайдо кард.