Рӯзи 29 апрели соли равон дар Женева 14-умин Конфронси машваратии Конвенсияи Базел (КС-14 БК), нуҳумин Конфронси машваратии Конвенсияи Роттердам (КС-9 РК) ва нуҳумин Конфронси машваратии Конвенсияи Стокголм (КС-9 ПК) таҳти мавзӯи “Сайёраи тоза, одамони солим: Идоракунии оқилонаи моддаҳо ва партовҳои кимиёвӣ” ба кори худ оғоз намуд, ки он то 10 май идома хоҳад ёфт. Дар ин конфронси байналмилалӣ ба ҳайси намоянда аз Тоҷикистон муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Назарзода иштирок дорад.