ИСЛОҲОТИ КИГАЛӢ ва ПРОТОКОЛИ МОНРЕАЛ

0
673
боздид

Сабаби асосии зуҳур кардани Протоколи Монреал ин зарурияти ҳифзи қабати озон буд, ки ба бастани созишномаи байналмилалӣ боис гардид. Дар созишнома сухан доир ба як қатор моддаҳое мерафт, ки ба қабати озон таъсири харобиовар мерасонанд. Яке аз санадҳои тақвиятдиҳанда барои амалишавии Протоколи Монреал ислоҳоти Кигалӣ ба шумор меравад. Ҷаласае, ки 15 октябри соли 2016 дар Руанда (Кигалӣ) баргузор гардид, байни кишварҳои иштирокчии Протоколи Монреал оид ба зарурати тадриҷан кам кардани истеъмоли гидрофторокарбонҳо (ГФК)  созишнома баста шуд.

Бояд гуфт, ки гидрофторкарбонҳо ба гурӯҳи газҳои гулхонавӣ дохил мешаванд. Тағйироти Кигалї истеҳсол ва истеъмоли минбаъдаи гидрофторокарбонҳо (ГФК)-ро таҳти назорати Протокол мегузорад ва дар мубориза бо тағийрёбии иқлим саҳми муҳим хоҳад гузошт. Назорати истеҳсол ва истеъмоли ГФК афзалиятҳои иқлимиро, ки дар Протоколи Монреал дарҷ шудаанд, тавассути кам кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон (МВО) амалӣ мекунад.                                                          Тибқи моддаи 5-и Протоколи Монреал кишварҳо ба чор гурӯҳ ҷудо карда шудааст. (Ниг ба ҷадвали зер):

Шуруъ аз соли 2020 Тоҷикистон ҳамчун тарафи Протоколи Монреал ва Ислоҳоти Кигали коҳиш додани истеъмоли ГФК-ро аз 5% оғоз намуда, марҳила ба марҳила то 85% коҳиш диҳад.

Технологияҳои алтернативии Потенсиали глобалии гармшавӣ (ПГГ) дар баъзе бахшҳои истеъмолкунандагон васеъ истифода мешаванд. Масалан, миллионҳо яхдонҳо, кондитсионерҳо моддаҳои сардкунандаи карбогидридиро истифода мебаранд.

Гузариш ба технологияҳои алтернативии Потенсиали глобалии гармшавӣ (ПГГ) дар истифодаи баъзе ГФК мушкилоти техникӣ эҷод мекунад. Айни замон корҳо барои бартараф кардани мушкилот дар сатҳи байналмилалӣ идома доранд.

Таъсири тағийрёбии иқлим ба Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳу равшан аст. Яке аз сабабҳои тағйир ёфтани иқлим истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон мебошад, ки онҳоро Протоколи Монреал манъ кардааст.

Ин масъаларо тавассути бодиққат нишон додани истеъмолкунандагони дахлдор ҳангоми таҳияи стратегияи барҳам додани истеъмоли ГФК бартараф кардан мумкин аст. Ҳастанд истеъмолкунандагоне, ки аз технологияҳои алтернативии Потенсиали глобалии гармшави (ПГГ)-ро истифода мебаранд. Масалан:

  • Истифодабарандагони яхдонҳои маишии рӯзгор, ки бо сардкунандаҳои карбогидридӣ фаъолият мекунанд.
  • Витринаҳои хурди дарунсохтаи яхдон (масалан, яхдонҳои яхмос ва яхдонхои шишагин), ки бо сардкунандахои карбогидридӣ ва оксиди карбон (CO2) кор мекунанд.
  • Системаҳои хурди тақсимкунандаи ҳаво бо истифодаи ГФК-32.
  • Системаи кондитсионерии автомобилӣ бо истифода аз таҷҳизоти сардкунандаи ГФO-1234yf .

Дар Тоҷикистон айни замон мутахассисони машғул бо насб ва нигоҳдории  таҷҳизотхои сардкунанда камтар ҳастанд ва зарурати омӯзондани мутахассисон дар ин бахш пеш омадааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан нақшаҳои барҳамдиҳии ГХФК-ро амалӣ карда буд  ва дорои баъзе потенсиалҳо ва механизмҳои назорат мебошад, ки барои Ислоҳоти Кигалӣ мутобиқ ва татбиқ карда мешаванд. Аммо дар кишвар ҳанӯз заминаи расмии истеъмолот ба роҳ монда нашудааст ва стратегияи расмии марҳила ба марҳила баровардани истеъмолот таҳия нагардидааст. Ғайр аз он, дар ин соҳа ягон машварати фаъол ё барномаи ҷалби ҷонибҳои манфиатдор вуҷуд надорад. Гарчанде якчанд санадҳои қонунгузорӣ оид ба танзими истеъмоли моддаҳои вайронкунандаи озон таҳия шудаанд.

Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба Ислоҳоти Кигалиро дастгирӣ мекунад.  Қайд кардан ба маварид аст, ки Ислоҳоти Кигалӣ як созишномаи  байналмилалие мебошад, ки сарфи назар аз Протоколи Монреал ва ислоҳотҳои қаблӣ ҳадафи нав – коҳиш додани тағирёбии ҷаҳонии иқлимро пешбинӣ мекунад. Тадбирҳои пешбинишудаи ислоҳот ба пешгирии  баландшавии глобалии ҳарорат нигаронида шуда, тахминан 0,5 °C-ро бояд коҳиш диҳад.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед