Чанде пеш Сарвазири Покистон Имрон Хон амалишавии «Ташаббус оид ба истеҳсоли асал аз як миллиард дарахт»- ро оғоз намуд. Ҳадафи ташаббуси мазкур афзоиши истеҳсоли асал аз ҳисоби зиёд кардани шумораи дарахтони асалдеҳ мебошад.
Тавре рўзномаи «Dawn» иттилоъ медиҳад, барномаи зикршуда дар баробари ҳавасманд кардани ҷангалпарварон ба шинонидани ниҳоли дарахтони асалдеҳ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди нигоҳ доштани занбўри асал, пешниҳоди қарзи ҳасана (бефоиз) барои харидани оилаҳои занбўри асал ва ғайраро дар бар мегирад.
Имрон Хон дар маросими муаррифии ташаббуси мазкур сухан ронда, ба идеяи зиёд кардани истеҳсоли асал аз ҳисоби афзун намудани майдони ҷангал баҳои баланд дода, гуфт, ки занбўриасалпарварӣ ҳазорон нафарро ба ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад кард.
— Вақте мардум мебинанд, ки дарахтзор ба онҳо ҷои кору даромад медиҳад, ҷангалро чун гавҳараки чашм муҳофизат мекунанд,- гуфт Имрон Хон.
Сарвазир таъкид намуд, ки новобаста аз гуногун будани навъҳои асал дар Покистон ҳанӯз содироти ин маҳсулоти гаронбаҳои шифобахш ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст.
— Мо 12 минтақаи иқлимашон гуногун дорем. Ин 12 минтаќа вобаста ба олами набототашон асали ба мавзеи худ хос истеҳсол мекунанд. Ҳукумати Покистон ба истеҳсолкунандагон дар назорати сифати асал кумак мерасонад. Ин ба содироти бештари маҳсулот мусоидат хоҳад кард,- гуфт Имрон Хон.
Сарвазири Покистон инчунин дар бораи аҳамияти зиёд кардани ниҳоли дарахтони зайтун ва авокадо алоҳида сухан ронд. Ў таъкид намуд, ки афзоиши майдони дарахтони зайтун содироти ин навъи равғани шифобахшро зиёд карда, аҳолии мамлакат ба воридкунандагони равған вобаста нахоҳанд шуд.
Мушовири сарвазири Покистон оид ба тағйирёбии иқлим Малик Амин Аслон изҳор намуд, ки «Ташаббус оид ба истеҳсоли асал аз як миллиард дарахт» имкон медиҳад, ки истеҳсоли асал дар Покистон соле ба 70000 тонна расонида шавад.
Ин ба ҳисоби камтарин соле ба иқтисодиёти Покистон 43 миллиард рупия фоида оварда, 87000 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад кард.
21 декабри соли 2020 дар доираи муаррифии барномаи зикршуда миёни муассисаҳои асалпарварӣ ва хоҷагиҳои ҷангали Покистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Имрон Хон дар идомаи маърўзааш таъкид намуд, ки яке аз вазифаҳои муҳими Ҳукумати Покистон пешгирии ифлосшавии муҳити зист буда, баҳри ҳифз ва беҳтаркунии майдонҳои ҷангал, дарёҳо ва тозагии ҳаво чораҳои зиёд андешида мешавад. Ҳизби Таҳрики Инсоф (PTI) бори аввал дар таърихи Покистон маъракаи ниҳолшинонии саросарӣ дар мамлакатро ба роҳ монд. Соли 2019 Имрон Хон ташаббуси «Сунами аз 10 миллиард дарахтон»- ро эълон намуда, вазифа гузошта буд, ки дар зарфи 5 сол дар мамлакат 10 миллиард ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шавад. Танҳо дар соли аввали ташаббус дар мамлакат 3500 «минтақаи сабз» таъсис ёфтанд.
Сарвазир ёдовар шуд, ки шаҳрњои бе нақша сохташуда, ба монанди Лоҳур ба ифлосшавии ҳаво дар фасли зимистон рў ба рў мешаванд, ки ин ба саломатии сокинон, алалхусус кўдакону пиронсолон таъсири манфӣ мерасонад.
— Покистон миёни кишварҳое, ки аз тағйирёбии иқлим зарари зиёд мебинанд, дар ҷои панҷум меистад. Аз ин рў барои Ҳукумати мо солимии муҳиту аҳолӣ дар ҷои аввал меистад. Мо на барои интихоботи навбатӣ, балки барои он кўшиш мекунем, ки мамлакатро дар ҳолати беҳтарин ба насли оянда мерос гузорем,- гуфт дар хотима Имрон Хон.