
Як дарахту 40 навъ мева
Чунин як дарахти аҷоибе дар Амрико парвариш карда шудааст, ки онро рассом Сэм Ван Акен ба бор овардааст. Ӯ аз овони хурди ба табиат шавқи зиёд дошта, ҳамеша орзу дошт, ки нақшаи пинҳонии аз кӯдакӣ дар дил доштааш — “Дарахти чил мева”-ро амалӣ кунад. Бо ин мақсад ӯ дар танаи як дарахт 40 навъи ниҳолҳои гуногунро пайванд кард. Натиҷаи бомуваффақияти онро худи Сэм ҳам интизор набуд. Ин дарахт дар давоми тамоми сол гул мекунаду мева меандозад. Дар давоми сол дарахти мазкур гелос, зардолу, нектарин, шафтолу, олу лазизу хӯрданибоб меандозад.
Гузашта аз ин як бритонӣ дарахтеро парвариш карда буд, ки дар он 250 навъи себ пайванд карда шуда буданд. Алҳол Сэм – соҳиби дарахти аҷоибе, ки 40 навъи меваҳо пайванд карда шудаанд, мехохад, ки боз ба ин дарахти “чилмева” –и худ навъҳои дигар меваҳоро низ илова кунад.
Таҳияи Дилмурод Юсупов