Ҷашни робитаи инсон бо табиат дар моҳи январи соли 2022

0
1311
боздид

Инсон аз азал худро ҷузъи табиат медонист. Вобаста ба ҳамин омил имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам дар ҳар як моҳу фасли сол ҷашнҳои марбут ба инсону табиат таҷлил карда мешаванд.

Оё Шумо медонед, ки марбут муносибати инсон бо табиат дар кишварҳои олам чӣ гуна санаҳои экологӣ мавҷуданд?

Дар зер доир ба санаҳои экологии моҳи январ, ки дар кишварҳои гуногуни олам ҷашн гирифта мешавад, мухтасар маълумот пешкаш менамоем.

1-и январ дар Танзания Рӯзи миллии шинонидани дарахт маҳсуб меёбад. Дар ин рӯз тамоми аҳли ҷомеаи кишвари Танзания ба шинонидани дарахт машғул мешаванд.

     10 январ дар аксар кишварҳои ҷаҳон Рӯзи эътирофи растаниҳои хонагӣ (ҳадаф — ҳушдор додан ба одамон доир ба бартариятҳои растаниҳои хонагӣ) маҳсуб меёбад. Масалан, соли 2009 тадқиқотҳои гузарондашуда маълум намуд, ки бӯи гули лаванда метавонад тапиши дилро дар лаҳзаҳои ҳассос (стресс) паст намояд.

    11 январ – Рӯзи мамнуъгоҳҳо ва Паркҳои табиӣ. Шуруъ аз соли 1997 ба хотири ифтитоҳи аввалин мамнуъгоҳ (Баргузинский – 11 январи с.1917) дар Россия ҳамасола 11 январ Рӯзи мамнуъгоҳҳо ва Паркҳо таҷлил карда мешавад. Ин иқдом аз ҷониби Маркази муҳофизати табиати вуҳуш ва Фонди умумиҷаҳонии табиати вуҳуш (WWF) пеш гирифта шуд.

14 январ дар Тайланд Рӯзи миллии муҳофизати ҷангалҳо ба ҳисоб  меравад. Ин ҷашн аз с. 1991 дар Тайланд ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳадафи таҷлили ин сана мубориза бар зидди буриши ҷангалҳо мебошад.

15 январ дар якчанд кишварҳо, аз ҷумла Ӯрдун, Миср ва Малта Рӯзи шинонидани дарахт маҳсуб меёбад. Дар кишвари Ӯрдун ҳар сол 15 январ аз тарафи Вазорати кишоварзии ин мамлакат макони наве барои маросими шинондани дарахти расмӣ интихоб карда мешавад. Дар маросим одатан аҳли хонаводаи шоҳ аввалин шуда, бо шинонидани дарахт ба тобеони худ намунаи ибрат нишон медиҳанд. Дар охири маросим вазири кишоварзии мамлакат нақшаи солонаи зиёд кардани захираҳои ҷангал ва чорабиниҳои муҳофизати ҷангалҳои Ӯрдунро эълон мекунад. Пас аз ин рӯз дар тамоми қаламрави кишвар кабудизоркунӣ ҷараён мегирад.

      16 январ дар кишвари Исроил ҷашне бо номи Ту Би Шват маъмул аст, ки ба рӯзи 15-уми моҳи яҳудии Шеват мувофиқ меафтад. Ин ҷашнро Рош Ҳашана ла’Иланот низ меноманд, ки мазмунан «Соли нави дарахтон»-ро ифода мекунад. Ин сана ба ин хотир интихоб карда шуд, ки маҳз дар моҳи Шеват дарахтон пас аз хоби зимистона ба бедоршавӣ оғоз мекунанд.  Дар кишвари Исроили муосир ин сана ҳамчун рӯзи шуури экологӣ ҳисобида шуда, бо шинонидани дарахтон оғоз мегардад.

     28 январ – Рӯзи ифтитоҳи Антарктида.  Соли 1820 экспедитсияи рус дар киштии «Восток» ва «Мирный» таҳти сарварии Фаддей Беллинсгаузен ва Михаил Лазарев ба Антарктида ташкил гардида, онро кишф намуд.

    30 январ –яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми тоҷику форс – Сада мебошад, ки ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат алоқаи ногусастанӣ дорад.  Ҷашни Сада ифодагари рамзи ҷовидонии Хуршед ва муқаддас донистани оташ аст. Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Сада дар қатори дигар ҷашнҳои миллии тоҷикон — Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон, ки дар давраҳои мухталифи таърихӣ анъанаҳои мардумӣ маҳсуб меёфтанд, аз нав эҳё шуданд.

 

Аз сомонаи tguk.tj

Инсон ва табиат

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед