Рӯзҳои 6-8 марти соли 2020 Сафорати Покистон дар Тоҷикистон «Ҷашнвораи Фарҳанги Покистон»-ро ташкил кард, ки онро метавон идомаи ҷашни Рӯзи миллии Покистон дар Тоҷикистон номид. Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар толори Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ, воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинии фарҳангӣ Вазири фарҳанги Тоҷикистон хонум Давлатзода Зулфия Давлат, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Парлумони Тоҷикистон, намояндагони Корпусҳои дипломатӣ, соҳибкорони маҳаллӣ, олимон, намояндагони ВАО ва ҷамъияти Покистон иштирок доштанд.
Сафири Покистон ҷаноби Имран Ҳайдар дар сухани ифтитоҳии худ бо ишора ба ҷанбаҳои гуногуни фарҳанги Покистон, аз ҷумла, гуногунии қавмӣ, ҳунармандӣ, санъат ва мусиқӣ, либос ва таомҳо қайд намуд, ки кишвари Покистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таърих ва фарҳанги муштарак бо ҳамдигар равобити ҳасанаи дуҷониба доранд.

Ҳамзамон зимни суханронии Сафир таъкид карда шуд, ки роҳбарияти ду кишвар ҳоло омодаанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи бародаронаро ба зинаи нав бардоранд. Ҷаноби Имран Ҳайдар изҳори умедворӣ кард, ки ҷашнвора мардуми тоҷикро бо фарҳанги ғании Покистон ошно месозад ва ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвари бародарро боз ҳам тақвият хоҳад бахшид.

Вазири Фарҳанги Тоҷикистон Давлатзода Зулфия дар суханронии худ изҳор намуд, ки ташкил кардани ҷашнвораи фарҳангӣ аз ҷониби Сафорати Покистон иқдоми наҷиб аст ва барои тақвияти ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар мусоидат менамояд. Вазири фарҳанг ҳамчунин баён дошт, ки густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ бо кишвари дӯсту бародар — Покистон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷараёни баргузории ҷашнвораи фарҳангӣ ашёҳои мухталифи хоси ҳунарҳои мардумии Покистон, аз ҷумла, либосҳо ва маҳсулоти керамикӣ ба намоиш гузошта шуда буд. Дар як гӯша ду ҳунарманди Покистонӣ бо сози миллии мусиқии покистонӣ — Дол мусиқии зинда менавохтанду дар як гӯшаи дигар рассоми машҳури Покистон Абдул Раҳман Тоҳир аксҳои кашида ва маҳорати наққошӣ (рассомиаш)–ро намоиш медод.

Ду ошпази ботаҷриба дар гӯшаи таомҳои Покистон ба меҳмонону ташрифорандагон таомҳои миллии Покистонро муаррифӣ мекарданд. Давоми се рӯз боз сокинону меҳмонони зиёди Душанбешаҳр ба театри опера ва балет омада, бо фарҳанги миллӣ ва таомҳои Покистон аз наздик ошноӣ пайдо карданд.
Анҷум МАҲМУД, ДМТ