ҶИДДУ ҶАҲД ЗИЁД, АММО КАМБУДИҲО ҲАНӮЗ ҶОЙ ДОРАНД

0
238
боздид
Инсон ва табиат

Ба суроғаи идораи нашрияи “Инсон ва табиат” аз сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Истаравшан»  Илҳом Юлдошев мактубе ворид гардид, ки мавсуф  масъалаи тозаву озодагии шаҳрро дар мусоҳиба бо сардори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан Муҳаммадӣ Махсумов мавриди баррасӣ қарор додааст. Аз мазмуни мусоҳиба бармеояд, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар шаҳри Истаравшан мисли аксар ҷойҳо ин масъалаи муомилот бо партовҳо мебошад.

Дар самти муомилот бо партовҳо зимни санҷиши иншоотҳо аз ҷониби бахш дар давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ 35 санад тартиб дода шуда, барои бартараф кардани камбудиҳои ошкоргардида пешниҳодҳо ва нисбати қонуншиканиҳо  протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, як миқдор маблағ рӯёнида шуда бошад ҳам, аммо қонеъкунанда нестанд. Ҳанӯз камбудиҳо бисёранд, дар шаҳр партовгоҳҳои махсус кам дар каманд, ҳолати партовгоҳи  шаҳрӣ тоқатфарсост ва чӣ бояд кард, то вазъ ба беҳбудӣ рӯ биёрад?- бо суол муроҷиат намудааст И.Юлдошев. Бино ба посухи М. Махсумов  масъалаи муомилот бо партовҳо ҳамеша дар мадди назари кормандони бахш қарор дорад.

Партовгоҳи марказӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Ниҷонӣ» ҷойгир буда, солҳои 60-уми асри гузашта ташкил ва дар майдони 4, 5 га доман паҳн кардааст. Ин мавзеъ дар байни сарҳади ҷамоатҳои деҳоти «Ниҷонӣ» ва «Гули Сурх» ҷойгир буда, замини атрофи он дар солҳои охир ҳамчун қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба сокинони ҷамоатҳои номбурда дода шуда, ҳоло манзилгоҳҳо бунёд ва атрофи партовгоҳ ба маҳалли аҳолинишин табдил ёфтааст.

Инсон ва табиат

Масоҳати партовгоҳи марказӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгў набуда, вақти он расидааст, ки партовгоҳи нисбатан калон ташкил карда шавад. Барои ҳалли мушкилоти мазкур аз ҷониби бахш ба номи раиси шаҳр мактуб дар шакли пешниҳод ирсол карда шуд.

Ҳарчанд дар ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳо барои ҷудо кардани партовгоҳҳои муваққатӣ супориши роҳбарият шуда буд, аммо ҳанўз пурра ба иҷро нарасидааст. Танҳо дар баъзе маҳаллаю деҳот барои партовгоҳ ҷой ҷудо карда шудаасту халос.

Махсумов М. ҳамчунин бо изҳори нигаронӣ аз паст будани фарҳанги экологии баъзе сокинони шаҳри Истаравшан қайд намудааст, ки бо вуҷуди борҳо гузаронидани суҳбату вохўриҳо бо сокинони шаҳр  партовҳои маишӣ аз ҷониби баъзе аз ашхос дар куҷое, ки рост омад, партофта мешавад. Ҳол он ки дар ҷойҳои ҷамъомади одамон навиштаҷоти манъкунандаи партов ва таъини ҷарима барои иҷро накардани он насб карда шудааст.

Дар мактуб қайд гардидааст, ки  гурўҳи мутахассисон бо сарварии муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон З. С. Қиёмзода дар асоси фармоиши раиси Кумита ҳолати экологӣ ва санитарии шаҳри Истаравшанро дар партави иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №626, аз 2.11.12 «Дар бораи Тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб», №279, аз 2.06.11 «Дар бораи тасдиқи тартиб, шарт ва усули ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдошт ва гўронидани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  №280, аз  2.06.11 «Дар бораи тасдиқи тартиб ва шароити нигоҳдошти ҳудудҳои маҳалли аҳолинишин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санҷиш гузарониданд. Зимни санҷиши фаъолияти корӣ гуруҳи мутахассисони Кумита якчанд камбудиву норасоиҳоро ошкор намуданд.

Баъди гузаронидани санҷиш барои ислоҳи камбудиҳо тасмим гирифта шуда, баъзе норасоиҳо бартараф гардиданд. Аз ҷумла, партовгоҳи марказии шаҳр ба тартиб оварда шуд, аммо ҳанӯз камбудиҳо зиёданд.

Инсон ва табиат

        Ба ҷои хулоса  

Воқеан агар хоҳем, ки шаҳре, ки дар он зиндагиву ҳаёт ба сар мебарем, тозаву озода бошанд, ҳамаи масъулони ҷамоатҳои деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандонро зарур аст, ки нисбат ба тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳаллаҳо, гирду атрофи идораву муассисаҳо ва муҳити зист бетараф набошанд ва ҳамкориашонро бо шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зист таҳким бубахшанд.

                      “Инсон ва табиат”

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед