Кадом санаро дар Тоҷикистон метавон “Рӯзи мамнуъгоҳҳо” эътироф кард

0
276
боздид
Майдони туғайзор дар ҳудуди мамнуъгоҳи "Бешаи палангон"

11 январ дар Федератсияи Россия ҳамчун Рӯзи мамнуъгоҳҳо ва боғҳои миллӣ ба таври расмӣ ҷашн гирифта мешавад. Ташаббускорони ин ҷашн як қатор ташкилотҳои экологӣ мебошанд. Аниқтараш соли 1997 намояндагони ташкилотҳои экологии “Маркази ҳифзи табиати вуҳуш” ва “Фонди умумиҷаҳонии табиати вуҳуш” (WWF) дар бораи эълон намудани “Рӯзи мамнуъгоҳҳо ва боғҳои миллӣ” дар Федератсияи Россия ва ҷашнгирии ҳамасолаи он ба Ҳукумати Россия муроҷиат намуданд. Интихоби ин сана бо таъсисёбии аввалин мамнуъгоҳ дар ҳудуди Федератсияи Россия- мамнуъгоҳи Баргузинский (Ҷумҳурии Бурятия) марбут аст.

Дар даврони Шуравӣ бо тасвири мамнуъгоҳи Баргузинский ҳатто маркаҳои гуногун дар жанри миниатюра мавҷуд буданд.

Дар Тоҷикистон айни замон чунин ҷашни экологӣ бо номи Рӯзи мамнуъгоҳҳо ва боғҳои миллӣ вуҷуд надорад. Тазаккур бояд дод, ки мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», ки нахустин ва бузургтарин дар кишвар маҳсуб меёбад, чоруми ноябри соли 1938 бо қарори Шӯрои Комиссариати халқии РСС Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Мамнуъгоҳ ба хотири мавҷудияти яке нодиртарин намуди ширхўрони даранда – паланги тӯронӣ, ки  айни замон доир ба мавҷудияти ин намуди паланг дар табиат ва боғи ҳайвоноти дунё ягон маълумоте нест — «Бешаи палангон» номгузорӣ шудааст. Ҳудуди васеи  туғайзор, ки дар мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” вуҷуд дорад, дар ягон ҷойи дунё нест. Соли 2018 аз таъсисёбии мамнуъгоҳ 80 сол сипарӣ шуд.

Шояд 4 ноябрро, ки рӯзи таъсисёбии мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” аст, ҳамчун “Рӯзи мамнуъгоҳо ва боғҳои миллӣ” ба қатори ҷашнҳои экологии Тоҷикистон ворид намоем. Шумо чӣ андеша доред, хонандагони азиз!!!

Ҷ. ЁҚУБӢ, «Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед