КАЁН

0
229
боздид
Каён намуди хоси Бадахшони Тоҷикистон аст.
АЗ КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН
КАЁН

Pyrus cajon Zapr.

Оилаи ПӮШИДАТУХМҲО. Rosaceae

Мақоми ҳифз

Намуди осебпазир. VU. Хоси Бадахшони Тоҷикистон аст.

Аҳамият ва мақоми илмӣ

Барои рӯёндани навъҳои зимистонаи нок аҳамияти илмӣ дорад.

Паҳншавӣ

Ягона каёнзори худрӯ дар води дарёи Ғунд (атрофи деҳаи Питвонҷ) ҷойгир шудааст.

Муҳити рушд

Дар нишебиҳои ҷанубӣ, ки чашмасор доранд, дар вағничу настаранзори мавзеъҳои даштӣ (дар баландии қариб 2500 м аз сатҳи баҳр) месабзад.

Намуди ҳамшабеҳ

Ба P. communis L. қаробат дорад.

Шумора

Ягона каёнзори мавҷуда қариб 2 га аст. Дар он ҷо тақрибан 500 бех каён ҳаст.

Хусусиятҳои биоморфологӣ

Дарахти бисёрсола, то 10-12 м баландӣ дорад. Танааш сиёҳтоб. Навдаҳои яксолааш қаҳвамонанд.

Баргаш доирашакл ё тухммонанд. Мевааш секунҷаи доирашакл (вазнаш андаряк 35-40 г, дар боғҳо то 650 г) аст.

Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ

Каёнзори табиӣ аз таъсири омилҳои хоҷагидории инсон торафт кам шуда истодааст.

Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ

Аз дона хеле суст, аз бехҷаст хубтар мерӯяд. Дар боғоти водиҳои Ванҷ, Язғулом, Ғунд, Бартанг ва Шоҳдара фаровон аст. Дар тӯли солҳои зиёди парвариш меваи каён ҳаҷман калон шудааст, вале таъмаш кам тағйир ёфтааст.

Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ

Дар боғҳои баландкӯҳи Помиру Олой парвариш карда мешавад.

Тадбирҳои ҳифз

Мевааш пурқимат аст, барои рӯёндани навъҳои нав аҳамияти калон дорад. Буридани дарахти

онро тамоман манъ кардан лозим аст. Каёнзори деҳаи Питфонҷ бояд зери назорати давлатӣ  қарор дода шавад.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед