Канаск

0
929
боздид
Канаск яке аз мавзеъҳои хушманзари дараи Ромит.

 Мавзеи Канаск                 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзеи  Канаски ҷамоати деҳоти Ромит шаҳри Ваҳдат  дорои иқлими намнок бо тобистони мӯътадили гарм ва зимистони мӯътадили сард мебошад. Заминҳояш дар ду фасли сол баҳору тобистон сабзпуш мебошанд. Фаровонии гулу гиёҳҳои шифобахшу шароити мусоиди экологии ин мавзеъ барои парвариши занбӯри асал ва истеҳсоли асали аълосифат басо мусоид аст. Ин минтақаи биҳиштосо бо табиати зебову нотакрор, барои рушди  соҳаи туризм низ созгор мебошад.

Ҳарорати миёнаи солона 5,20С–ро ташкил медиҳад. Дар мавзеи Канаск боришоти зиёд мушоҳида карда мешавад. Дар моҳҳои апрел-октябр, ки мавсими гармӣ мебошад, боришот аз 300 то 500 мм ба қайд гирифта мешавад, қисми бештари боришот то ба 800 мм. ба фасли сармо — моҳҳои ноябр–март рост меояд. Ҳаҷми умумии солонаи боришот 1200-1400мм-ро ташкил медиҳад. Хоки минтақаи Канаск сабзи қаҳваранг бо маводи баланди гумус, даштӣ–марғзорӣ шомил мебошад. Таҳлилҳои мушоҳидаҳои аэровизуалии гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки дар баландиҳои 2350-2370 метр аз сатҳи баҳрҳангоми барфрезӣ дар моҳи декабр баландии барф аз 115 то 165 сантиметрмерасад. Дар моҳҳои январ ва феврал баландии барф то ба 250 сантиметр расида, ҳатто дар 25 нуқта фаромадани тарма ба назар мерасад, ки дарозиашон то ба 1,5 километр тӯл мекашанд.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед