Китоби Сурх

0
1692
боздид
Нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 дар нашриёти "Ганҷ" бо се забон -тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба табъ расид.

Китоби Сурх – ҳуҷҷати илмиест, ки фаъолияти хоҷагидории инсонро оид ба гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ба танзим медарорад. Вазифаи асосии Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёру категорияҳои муқарраргардидаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ) арзёбӣ намудани ҳолати ҳифзи намуду зернамудҳои олами набототу ҳайвоноте мебошад, ки шумораашон маҳдуд гардида, ё ба ҳадди нестӣ расида, ба онҳо хатари маҳвшавӣ таҳдид  мекунад.

Бо назардошти зарурияти омода намудани нашри дуюми Китоби сурхи Тоҷикистон, дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009 таҳти № 121-ф гурӯҳи корӣ оид ба таҳия намудани Низомномаи нави Китоби сурхи Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони салоҳиятдори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардиданд.

Аз ҷониби гурӯҳи корӣ Низомномаи нави Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуд. Низомномаи нави Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010 № 387 тасдиқ карда шуд ва он ҳуҷҷати асосӣ барои омода намудани нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Барои омода намудани нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 нафар олимон ва мутахассисони намоёни соҳаи ботаника ва зоология ҷалб карда шуданд. Дар соли 2015 нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ амалӣ гардид. Матни тоҷикӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ бо дастгирии Барномаи Рушди СММ ва САҲА баргардонида шуд. Дар таҳияи нашри дуюми Китоби сурх ҳиссаи мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист низ калон аст. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2015 № 65, мақоми ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи намудҳои олами набототу ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд.

Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷилди 1 –Олами наботот (590 саҳ.) 267 намуд растаниҳо ва дар ҷилди 2 – Олами ҳайвонот (494 саҳ.)   222 намуд ҳайвоноте, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд, дохил карда шудааст. Номгӯи намудҳои олами набототу ҳайвоноте, ки ба нашри дуюми Китоби сурхи Тоҷикистон тавсия карда шудаанд, бо қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи 2014 № 11 ва қарори комиссия оид ба олами набототу ҳайвоноти нодир ва зери хатари маҳвшавӣ қарордоштаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2014 № 1 тасдиқ карда шудааст.

Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо се забон нашр  шуда, ба кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист,ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хоҷагии ҷангал, мутахассисон — ботаникҳо  ва зоологҳо, устодон ва донишҷӯёни  муассисаҳои таълимӣ  ва доираи васеи хонандагон ва дӯстдорони табиат тавсия карда мешавад.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед