САБАБҲОИ КОҲИШЁБИИ РАСТАНИҲОИ ЧАРОГОҲӢ ВА ЧОРАҲОИ БЕҲБУДСОЗИИ ЧАРОГОҲҲО
Чарогоҳу алафзори табиии Тоҷикистон дар майдони 3,9 млн. гектар доман паҳн кардаанд. Дар таркиби набототи чарогоҳҳо беш аз 1000 намуди растаниҳои гулдор – алафҳои яксолаю бисёрсола, бутта ва нимбуттаҳо вомехӯранд.
Солҳои охир вазъи чарогоҳҳо низ ба таназзулёбӣ мувоҷеҳ шуда, беҳбудиро тақозо дорад. Аз ҷониби олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон феҳристи гиёҳу растаниҳои чарогоҳӣ, ки ҳамчун манбаи хӯроки чорво маҳсуб мешавад, тартиб дода шуда, дар шакли маҷмӯа бо номи «Муайянкунандаи набототи чарогоҳу алафзори Тоҷикистон ва усули баҳодиҳии ҳосилнокии онҳо» ба табъ расид.
Ходими калони илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон Сино Юсупов зимни суҳбат иброз намуд, ки инҳо асосан растаниҳои лубиёгӣ ва хӯшадор мебошанд. Қисми зиёди алафу гиёҳҳои ҷамъовардашуда ба минтақаи Тоҷикистони ҷанубӣ, бахусус чарогоҳҳои ноҳияҳои Данғара, Шоҳин, Фархор, Шаҳритус, инчунин чарогоҳҳои қаторкуҳҳои Ҳисор, аз ҷумла мавзеҳои Зиддеҳ, Сиёҳкуҳ ва чарогоҳҳои навоҳии Сангвор ва Лахш тааллуқ доранд. Ба андешаи С.Юсупов сабабҳои камшавии ареали растаниҳои хӯрданибоб ва лубиёгии ҷангал ва чарогоҳҳо дар он аст, ки растаниҳои хӯрданбоб, монанди чукрӣ, сиёҳалаф, торон, рошак ва ғ. ҳанӯз гул накарда, аз тарафи як гуруҳ одамон чида мешавад.
Ба таври маълум растаниҳо ҳам аз реша инкишоф меёбанд ва ҳам аз гул, яъне вақте тухми растаниҳо намерезад, боиси маҳдудшавии ареали паҳншавии онҳо мегардад. Сабаби камшавии растаниҳои хӯрокаи чорво аз ҳад зиёд истифодабарии чарогоҳҳо мебошад. Мутаассифона растаниҳои лубиёгӣ гул нокарда, дар оғози фасли баҳор мардум чор- вояшонро ба чарогоҳ медароранд, замин мулоим аст, гиёх аз реша канда мешавад ва ба паҳншавии онҳо монеа эҷод мекунад.
Ба андешаи ҷавон Сино Юсупов барои ҷилавгирӣ аз коҳишёбии растаниҳои чарогоҳӣ кормандони сохторҳои ҳифзи муҳити зист ва хоҷагиҳои ҷангалро зарур аст, ки аз болои чунин қонунвайронкуниҳо қатъӣ назорат баранд. Инчунин мавзееро ҳамчун минтақаи таҷрибавӣ бояд интихоб кард, ки дар он гиёҳҳои гуногун месабзанд ва пас аз фаромадани гулашон имкони тухми онҳоро дар дигар минтақаҳои коҳишёфта паҳн бояд кард.
АҶАММЕҲР