Конфронси байналмилалӣ оид ба устувории «иқтисоди кабуд»

0
313
боздид
Ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов

Рӯзҳои 26-28-юми ноябри соли ҷорӣ ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз мутахассисону коршиносони сатҳи баланди ташкилоту вазоратҳо таҳти роҳбарии намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Маҳмадамин Маҳмадаминов дар кори Конференсияи байналмилалӣ оид ба устувории «иқтисоди кабуд», ки дар шаҳри Найробии Кения баргузор гардид,  иштирок доштанд.

Маҳмадамин Маҳмадаминов зимни маърӯзаи хеш ба иштирокчиёни Конференсия доир ба лоиҳаи эъломияи «Таҳлили миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028», ки ҷониби Тоҷикистон ба Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод мекунад, маълумот ироа намуд. Дар маърӯза қайд карда шуд, ки ташаббуси навбатии ҷониби Тоҷикистон баҳри  пешбурди минбаъдаи ҳалли масъалањои марбут ба об шароити мусоид фароҳам оварда, тарафҳои манфиатдор метавонанд онро ба сифати  платформаи муносиб барои ба роҳ мондани муколамаи сиёсӣ, табодули таҷрибаи беҳтарин ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд истифода баранд. Дар робита ба ин, қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҳалли мушкилоти марбут ба об саҳми арзанда гузоштааст ва қабул гардидани ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид далели талошҳои пайвастаи Президенти  кишвар дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ба шумор мераванд.

Зимни суханронӣ инчунин оид ба сиёсат ва таҷрибаи Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи минтақавӣ маълумот ироа гардида, пайгири ҳамкориҳои судманд будани Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ таъкид карда шуд.

Дар чорабинии мазкур дар маҷмуъ 17 ҳазор нафар мутахассисону коршиносон аз 173 кишвари ҷаҳон дар 45 ҷаласаҳои гуногуни канории Конференсия, аз ҷумла, ҷаласаҳо роҷеъ ба масъалаҳои рушди стратегияи «иқтисоди кабуд», гармшавии иқлим ва оқибатҳои фоҷиабори он, ҳифзи ҳама гуна манбаъҳои обӣ, аз қабили уќёнусу дарёҳо ва кӯлу обанборҳо, кам намудани газҳои гулхонагӣ, ки барои ҳифзи сайёраи Замин нигаронида шудаанд, метавонанд воситаи хуби таъсиррасон дар ин самтҳо гарданд, ширкат варзиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати коршиносону мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Назарзода ва муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Сӯҳроб Олимов шомил буданд.

Дар ҳошияи Конфронс аз ҷониби ҳайати намояндагии кишвар, ҳамчунин, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ташвиқу тарғиби ташаббусҳои неку созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо намояндагони як қатор кишварҳо вохўриҳо анҷом дода шуд.

Аз ҷумла, таҳти сарварии Маҳмадаминов М. бо роҳбари намояндагии кишвари Канада – Вазири хоҷагии моҳипарварӣ, уқёнусҳо ва ҳифзи соҳилҳои Канада Ҷонатан Уилкинсон доир ба дастгирии лоиҳаи Маҷмаи Умумии СММ, ки ба амалишавии ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ҳамзамон баргузор намудани семинари махсус оид ба баррасии масъалаҳои ин эъломия мулоқоти судманд сурат гирифт. Ҳамчунин вохӯриҳои судманди ҳайати намояндагии Тоҷикистон бо роҳбари намояндагии Ирландияи Шимолӣ Патрик Брин ва Котиби давлатии Кения оид ба корҳои хориҷӣ Маҷария Камау барои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо доир ба масъалаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меорад.

Конфронси байналмилалӣ оид ба устувории «иқтисоди кабуд» дар шаҳри Найробии Кения доиргардида воқеан барои табодули таҷрибаҳо дар самти ҳифзи муҳити зист, рушди стратегии «иқтисоди кабуд» ва иқтидори уқёнусҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар захираҳои обӣ, гармшавии иқлим ва оқибатҳои фоҷиабори он, ҳифзи тамоми манбаъҳои обӣ, аз қабили уқёнусу дарёҳо ва кӯлу обанборҳо, кам намудани газҳои гулхонагӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зисту захираҳои об судманд арзёбӣ мегардад.

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед