Конфронси минтақавӣ доир ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим

0
1010
боздид

Дар шаҳри Тошканд рӯзҳои 3-4 апрели соли ҷорӣ конфронси минтақавӣ дар масъалаҳои тағйирёбии иқлим баргузор мегардад. Рӯзи 2 апрел дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency Hotel”-и шаҳри Тошканд дар робита як қатор чорабиниҳои пешазконфронсӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, дар тренинг бо намояндагони ВАО-и кишварҳои минтақа бо иштироки коршиносон дар мавзуҳои “Тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ” ва “Саъю талоши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он” суҳбатҳо анҷом дода шуд.  Намояндагони  Кумитаи тадорукоти чорабинӣ иброз доштанд, ки бо назардошти муҳимиятии мавзуъ барои минтақа дар конфронси навбатӣ 390 иштирокчиён даъват карда шудаанд.

Дар ин конфронси иқлимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати коршиносону мутахассисони вазорату идораҳои давлатӣ, олимони Академияи илмҳои ҶТ, деҳқонону фермерҳо, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва хабарнигорон  иштирок доранд. Қобили зикр аст, ки иштироки хабарнигорон барои бештар пайдо шудани маълумот дар мавзуи тағйирёбии иқлим дар расонаҳо, табодули иттилоъ ва тақвияти ҳамкориҳои мутахассисону коршиносони кишварҳо мусоидат менамояд.

«Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед