КОНВЕНСИЯ ОИД БА ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ, ИШТИРОКИ ҶОМЕА ДАР РАВАНДИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲО ВА ДАСТРАСӢ БА АДОЛАТИ СУДӢ ДАР МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ БА МУҲИТИ ЗИСТ

0
331
боздид

 

 

КОМИССИЯИ  ИҚТИСОДИИ АВРУПО

 

КОНВЕНСИЯ

ОИД БА ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ,

ИШТИРОКИ ҶОМЕА ДАР РАВАНДИ ҚАБУЛИ

ҚАРОРҲО ВА ДАСТРАСӢ БА АДОЛАТИ СУДӢ ДАР

МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ БА МУҲИТИ ЗИСТ

Дар Орхус, Дания,

25 июни соли 1998 қабул шудааст

Душанбе — 2023

 

Мундариҷа

САРСУХАН

Моддаи 1. МАҚСАД

Моддаи 2. МАФҲУМҲО

Моддаи 3. МУҚАРРАРОРИ УМУМӢ

Моддаи 4. ДАСТРАС НАМУДАНИ МАЪЛУМОТИ ЭКОЛОГӢ

Моддаи 5. ҶАМЪОВАРӢ ВА ПАҲН КАРДАНИ МАЪЛУМОТИ ЭКОЛОГӢ

Моддаи 6. ИШТИРОКИ ҶОМЕА ДАР ҚАБУЛИ ҚАРОРҲО ОИД БА НАМУДҲОИ

МУШАХХАСИ ФАЪОЛИЯТ

Моддаи 7.  ИШТИРОКИ АҲЛИ ҶОМЕА ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОЕ, КИ БА НАҚШАҲО, БАРНОМАҲО ВА СИЁСАТИ МАРБУТ БА МУҲИТИ ЗИСТ ДАХЛ ДОРАНД

Моддаи 8. ИШТИРОКИ АҲЛИ ҶОМЕА ДАР омодасозии МУҚАРРАРОТИ МЕЪЁРИИ ДОРОИ ҚУВВАИ БЕВОСИТАИ ИҶРО ВА/Ё САНАДҲОИ A3 НИГОҲИ ҲУҚУҚӢ ҲАТМИИ БА ТАВРИ УМУМӢ ИСТИФОДАШАВАНДА

Моддаи 9. ДАСТРАСӢ БА АДОЛАТИ СУДӢ

Моддаи 10. МАШВАРАТИ ТАРАФҲО

Моддаи 11. ҲУҚУҚИ ОВОЗ

Моддаи 12. КОТИБОТ

Моддаи 13. ЗАМИМАҲО

Моддаи 14. ИСЛОҲОТ БА КОНВЕНСИЯ

Моддаи 15. БАРРАСИИ РИОЯ

Моддаи 16. ТАНЗИМИ БАҲСҲО

Моддаи 17. ИМЗОИ КОНВЕНСИЯ

Моддаи 18. ДЕПОЗИТАРИЙ

Моддаи 19. ТАСВИБ, ҚАБУЛ, ТАСДИҚ ВА ҲАМРОҲШАВӢ

Моддаи 20. ЭЪТИБОР ПАЙДО НАМУДАН

Моддаи 21. БАРОМАДАН АЗ КОНВЕНСИЯ

Моддаи 22. МАТНҲОИ АСЛӢ

Замимаи I. НОМГӮИ НАВЪҲОИ ФАЪОЛИЯТ, КИ ДАР БАНДИ 1-И МОДДАИ 6

ЗИКР ШУДААСТ

Замимаи II. ДОВАРӢ (АРБИТРАЖ)

 

САРСУХАН

Тарафҳои Конвенсияи мазкур,

бо истинод ба принсипи 1 Эъломияи Стокголм оид ба масъалаҳои муҳити зисти инсон, инчунин бо истинод ба принсипи 10 Эъломияи Рио-де-Жанейро оид ба муҳити зист ва рушд,

бо истиноди минбаъда ба Қатъномам Маҷмааи Умумӣ 37/7 аз 28 октябри соли 1982 дар хусуси Хартияи умумиҷаҳонии табиат ва 45/94 аз 14 декабри соли 1990 дар бораи зарурати таъмини муҳити солими зист ба манфиати некӯаҳволии одамон,

бо истинод ба Хартияи аврупоӣ оид ба муҳити зист ва тандурустӣ, ки дар Конференсияи нахустини аврупоӣ «Муҳити зист ва саломатӣ»-и Созмони умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Франкфурти  лаби Майни Германия 8 декабри соли 1989 қабул шудааст,

бо тасдиқи зарурати муҳофизат ва нигаҳдории муҳити зист, беҳтар намудани ҳолат ва таъмини рушди устувор ва аз ҷиҳати экологӣ бехатари он,

бо эътирофи он, ки муҳофизати муносиби муҳити зист барои таъмини ҳаёти осудаҳолонаи инсон ва татбиқи ҳуқуқҳои асосии вай, аз ҷумла ҳуқуқи ӯ барои зиндагӣ, зарур мебошад,

инчунин бо эътирофи он, ки ҳар инсон ҳақ дорад дар муҳите зиндагӣ кунад, ки барои саломатӣ ва некӯаҳволиаш мусоид мебошад ва вазифадор аст ба таври инфиродӣ ё ҳамроҳи дигарон вазъи муҳитро ба хотира насли имрӯз ва фардо ҳимоя кунад  ва беҳбуд бахшад,

бо дарназардошти он, ки ба мақсади таъмини имконияти ҳимояи ин ҳуқуқ  ва иҷрои ин вазифаҳо шаҳрвандон бояд ба маълумот дастрасӣ дошта бошанд, ҳақи иштирок дар раванди қабули қарорҳо ва дастрасиро ба адолати судӣ дар масъалаҳои марбут ба муҳити зист дошта бошанд ва бо эьтирофи он, ки дар чунин ҳолатҳо ба шаҳрвандон барои татбиқи ҳуқуқашон мумкин аст кӯмакҳои дахлдор зарур шаванд,

бо эътирофи он, ки дар масъалаҳои вобаста ба муҳити зист такмили дастрасии маълумот ва иштироки ҷомеа дар ҷараёни қабули қарорҳо сифати қарорҳои қабулшуда ва раванди татбиқи онҳоро баланд мебардорад, ба огоҳии ҷомеа оид ба масъалаҳои экологӣ мусоидат мекунад, ба аҳли ҷомеа шароит фароҳам меоварад, ки нигарониҳои худро изҳор намоянд ва ба мақомоти давлатӣ имкон медиҳад, чунин нигарониҳоро ба таври бояду шояд ба инобат гиранд,

ба ин васила, бо кӯшиши мусоидат ба масъулият ва  шаффофияти ҷараёни қабули қарорҳо оид ба муҳити зист ва таҳкими дастгирии ин қарорҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа ,

бо эътирофи матлуб будани кушодагӣ дар ҳамаи шохаҳои идораи давлатӣ ва ба мақомоти қонунгузор татбиқи принсипҳои Конвенсияи мазкурро дар фаъолияти онҳо тавсия намуда,

инчунин бо эътирофи он, ки ҷомеа бояд аз расмиёти иштирокаш дар раванди қабули қарорҳои марбут ба масъалаҳои муҳити зист огаҳ бошад, ба онҳо дастрасии озодона дошта бошад ва донад, ки аз онҳо чӣ тарз истифода барад,

бо эътирофи нақшҳои марбутаи муҳиме, ки онҳоро дар ҳифзи муҳити зист шаҳрвандони алоҳида, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва бахши хусусӣ иҷро карда метавонанд,

бо дарназардошти мувофиқи мақсад будани мусоидат ба маърифати экологӣ бо мақсади дарки амиқи равандҳои вобаста ба муҳити зист ва рушди устувор, огоҳонии васеи аҳли ҷомеа аз қарорҳое, ки ба муҳити зист, рушди устувор таъсир мерасонанд ва иштироки ҷомеаро дар раванди қабули чунин қарорҳо ҳавасманд гардонида,

ба ин муносибат нақши муҳими истифодаи воситаҳои ахбори омма, воситаҳои электронӣ ё дигар воситаҳоеро, ки дар оянда ба миён меоянд, зикр намуда,

бо эътирофи аҳамияти муҳими баҳисобгирии пурраи далелҳои экологӣ ҳангоми қабул намудани қарорҳо дар сатҳи ҳукуматӣ ва зарурате, ки ба ин муносибат дар мавриди таъмин будани мақомоти давлатӣ бо маълумоти дақиқ, ҳаматарафа ва навтарини экологӣ  ба миён меояд,

бо эътирофи он, ки мақомоти давлатӣ барои манфиати ҷомеа дорои  маълумотҳои экологӣ мебошанд,

бо дарназардошти он, ки механизмҳои муассири судӣ бояд барои аҳли ҷомеа, аз ҷумла ташкилотҳо, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои қонуниашон ва татбиқи қонун дастрас бошанд,

бо таваҷҷӯҳ ба муҳим будани додани маълумоти зарурӣ ба истифодабарандагон оид ба маҳсулот ҷиҳати фароҳам овардани имконияти интихоби он бо дарназардошти манфиатҳои ҳифзи муҳити зист,

бо эътирофи нигаронии ҷомеа дар хусуси ба муҳити зист барқасдона хориҷ кардани организмҳои аз нигоҳи генетикӣ тағйирёфта ва зарурати тавсеаи шаффофият ва иштироки бештари аҳли ҷомеа дар раванди қабули қарор дар ин соҳа,

бо итминони комил ба он, ки татбиқи ин Конвенсия ба таҳкими демократия дар минтақаи Комиссияи Иқтисодии Аврупоии (КИА) Созмони Милали Муттаҳид мусоидат хоҳад кард,

бо эътирофи нақше, ки дар робита бо ин Комиссияи Иқтисодии Аврупоӣ (КИА) анҷом медиҳад,  аз ҷумла бо истинод ба Принсипҳои роҳбарикунандаи КИА оид ба таъмини дастрасии маълумоти экологӣ ва иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки дар Эъломияи вазирон маъқул дониста шудааст ва 25 октябри соли 1995 дар Конференсияи Сеюми вазирон бо унвони «Муҳити зист барои Европа» дар София, Булғория тасдиқ гардидааст,

бо дарназардошти муқаррароти дахлдори Конвенсия оид ба арзёбии таъсир ба муҳити зист дар доираи фаромарзӣ, ки 25 феврали соли 1991 дар Эспо, Финландия қабул шудааст, Конвенсияи оид ба таъсири фаромарзии садамаҳои саноатӣ ва Конвенсия оид ба ҳифз ва истифодаи обҳои фаромарзӣ ва кӯлҳои байналмилалӣ, ки 17 марти соли 1992 дар Хелсинки қабул шудааст ва ин­чунин дигар Конвенсияхои минтақавӣ,

бо дарки он, ки қабули ин Конвенсия барои таҳкими минбаъдаи раванди «Муҳити зист барои Европа» ва инкишофи натиҷаҳои Конференсияи чоруми вазирон дар Орхус, Дания моҳи июни соли 1998 мусоидат мекунад, ба мувофиқаи зерин расиданд:

 

Моддаи 1

МАҚСАД

Ҷиҳати мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи ҳар фарди насли имрӯз ва оянда ба зиндагӣ дар муҳити барои саломатӣ ва осудаҳолӣ муносиб, ҳар як Тараф тибқи тартиби муқаррароти Конвенсияи мазкур ҳақи дастрасӣ ба иттилоот, иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарор ва дастрасии адолати судиро оид ба масъалаҳои марбут ба муҳити зист кафолат медиҳад.

Моддаи 2

МАФҲУМҲО

Барои мақсадҳои ин Конвенсия:

  1. «Тараф», агар дар матн ишораи дигаре вуҷуд надошта бошад, маънои Тарафи Аҳдкунандаи Конвенсияи мазкурро дорад;
  2. «Мақоми давлатӣ» дорои маънои зерин мебошад:

а) маъмурият дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва дигар сатҳҳо;

б) шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки тибқи қонунгузории миллӣ вазифаҳои давлатии маъмурӣ, аз ҷумла вазифаҳои мушаххас, фаъолият ё хизматрасонии вобаста ба муҳити зистро анҷом медиҳанд;

в) ҳама гуна шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дигар, ки вазифа ё ӯҳдадории давлатӣ ё хизматрасо­нии аҳолиро вобаста ба муҳити зист таҳти назорати мақом ё шахси дар зербандҳои а ва би боло зикргардида ба ҷо меоранд;

г) муассисаи ҳама гуна ташкилоти минтақавии ҳамгироии иқтисодии дар моддаи 17 зикргардида, ки Тарафи Конвенсияи мазкур мебошад.

Ин мафҳум мақом ё идораеро, ки ба сифати суд ё қонунгузор амал мекунад, дар бар намегирад.

  1. «Иттилооти экологӣ» — ҳама гуна маълумот дар шакли хаттӣ, сабти овоз, видео, электронӣ ё шакли дигари моддӣ оид ба масъалаҳои зерин мебошад:

а) оид ба ҳолати аносири муҳити зист ба монанди ҳаво, атмосфера, об, хок, замин, ландшафт ва иншооти табиӣ, гуногунии биологӣ ва ҷузъҳои он, аз ҷумла организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва вобастагии мутақобилаи байни ин аносир;

б) оид ба омилҳо, ба монанди моддаҳо, энергия, садо ва нурафканиҳо,  инчунин фа­ъолият ё тадбирҳо, аз ҷумла тадбирҳои маъмурӣ, созишномаҳо дар соҳаи муҳити зист, сиёсат, қонунгузорӣ, нақша ва барномаҳое, ки ба аносири муҳити зисти дар зербанди а ҳамин банд зикршуда таъсир мерасонанд ё метавонанд таъсир расонанд, таҳлили хароҷот ва натиҷаҳо, инчунин таҳлили дигари иқтисодӣ ва фарзияҳое, ки ҳангоми қабули қарори вобаста ба муҳити зист истифода шудаанд;

в) оид ба ҳолати тандурустӣ ва бехатарии одамон, шароити зисти одамон, ҳолати иншооти фарҳангӣ, бино ва иморатҳо дар он дараҷае, ки ба онҳо вазъи аносири экологӣ ё ба тавассути ин аносир омил, фаъолият ё тадбирҳое, ки дар зербанди би боло ишора гардидаанд,  таъсир расонидааанд ё таъсир расонида метавонанд.

  1. «Аҳли ҷомеа» маънои як ё якчанд шахси воқеӣ ё хуқуқӣ ё тибқи қонунгузории миллӣ ё амалияи он ассотсиатсия, ташкилот ё гурӯҳҳои онҳоро ифода мекунад.
  2. «Аҳли ҷомеаи манфиатдор» маънои аҳли ҷомеаеро дорад, ки ба ҷараёни қабули қарори вобаста ба муҳити зист фаро гирифта шудааст ё метавонад фаро гирифта шавад ё дар ин  ҷараён манфиатдор аст; барои мақсадҳои мафҳуми мазкур ташкилотҳои ғайридавлатие, ки ба ҳифзи муҳити зист мусоидат менамоянд ва ҷавобгӯи ҳама гуна талаботи пешгузоштаи қонунгузории миллӣ мебошанд, ташкилотҳои манфиатдор ҳисобида мешаванд.

 

Моддаи 3

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  1. Ҳар як Тараф ҷиҳати таъсис ва таъмини фаъолияти дақиқ, шаффоф ва ҳамоҳангшудаи сохторе, ки барои татбиқи муқаррароти Конвенсияи мазкур пешбинӣ шудааст, тадбирҳои зарури қонунгузорӣ, танзимкунанда ва тадбирҳои дигарро, аз ҷумла тадбирҳоро оид ба созгории муқаррароти Конвенсияи мазкур, ки ба иттилоот, иштироки ҷомеа ва дастрасӣ ба адолати судӣ дахл доранд, инчунин тадбирҳои заруриро оид ба кафолати татбиқи ин муқаррарот  роҳандозӣ мекунад.
  2. Ҳар як Тараф кӯшиш мекунад, ки кӯмаки шахсони мансабдор ва мақомоти давлатиро ба аҳли ҷомеа дар самти дастрас намудани маълумот, содагардонии иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарор ва дастрасӣ ба адолати судӣ дар масъалаҳои марбут ба муҳити зист таъмин намояд.
  3. Ҳар як Тараф барои маърифати экологӣ, баланд бурдани сатҳо огоҳии ҷомеа оид ба масъалаҳои муҳити зист, хусусан дар масъалаи дастрасӣ ба иттилоот, иштирок дар раванди қабули қарор ва дастрасӣ ба адолати судӣ оид ба масъалаҳои муҳити зист мусоидат мекунад.
  4. Ҳар як Тараф ба расмият шинохтани муносиби анҷуманҳо, ташкилот ва гурӯҳҳоеро, ки ба ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунанд, таъмин менамояд ва онҳоро ба таври дахлдор дастгирӣ карда, мутобиқати системаи қонунгузории миллии худро ба ин ӯҳдадорӣ таъмин менамояд.
  5. Муқаррароти Конвенсияи мазкур ба ҳуқуқи ҳеҷ кадоме аз Тарафҳо чиҳати давом додан ё татбиқ намудани тадбирҳое, ки дастрасии бештарро ба иттилоот, иштироки васеътари ҷомеаро дар ҷараёни қабули қарорҳо ва дастрасии бештарро ба адолати судӣ дар масъалаҳои марбут ба муҳити зист дар назар доранд, дахолат намекунанд.
  6. Конвенсияи мазкур ҳеҷ гуна заифшавии ҳуқуқҳои мавҷударо дар масъалаҳои марбут ба дастрасӣ ба маълумот, иштирок дар раванди қабули қарор ва дастрасӣ ба адолати судӣ оид ба масъалаҳои муҳити зист талаб наменамояд.
  7. Ҳар як Тараф ба истифодаи принсипҳои Конвенсияи мазкур дар мурофиаҳои байналмилалӣ оид ба қабули қарорҳои вобаста ба муҳити зист ва дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои марбут ба муҳити зист мусоидат мекунад.
  8. Ҳар як Тараф чунин вазъро таъмин мекунад, ки дар он шахсоне, ки ҳуқуқҳои худро тибқи муқаррароти Конвенсияи мазкур анҷом медиҳанд, барои фаъолияташон таҳти ҷазо, таъқиб ё дигар шакли фишор қарор нагиранд. Муқаррароти мазкур ба ваколатҳои судҳои миллӣ дар мавриди баровардани қарорҳои во­баста ба ҷуброни хароҷоти мақбули судӣ дахл надорад.
  9. Дар доираи муқаррароти дахлдори Конвенсияи мазкур аҳли ҷомеа бе табъизи ҳуқуқ вобаста ба шахрвандӣ, мансубияти миллӣ ва маҳали зист ва шахсони ҳуқуқӣ бе табъизи ҳуқуқ вобаста ба маҳали бақайдгирӣ ё маркази воқеии фаъолият дорои дастрасӣ ба иттилоот, имконияти иштирок дар раванди қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолати судӣ оид ба масъалаҳои муҳити зист мебошанд.

 

Моддаи 4

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ ЭКОЛОГӢ

  1. Ҳар як Тараф таъмин менамояд, ки дар сурати риояи бандҳои минбаъдаи моддаи мазкур мақомоти давлатӣ дар ҷавоби дархост оид ба фароҳамоварии иттилооти экологӣ ба аҳли ҷомеа чунин иттилоот ва, ҳангоми мавҷудияти дархост ва тибқи зербан­ди б-и поён, нусхаи ҳуҷҷати воқеии дарбаргирандаи чунин иттилоотро дар доираи қонунгузории миллӣ ва ба таври зерин пешниҳод кунанд:

а) бе зарурати инъикоси алоқамандии худ;

б) дар шакли дархостшуда, агар:

  1. i) мақоми давлатӣ асосе надорад, ки онро дар шакли дигар пешниҳод кунад, ҳамзамон дар ин сурат бояд сабабҳои дар чунин шакл пешниҳод намудани маълумот зикр шуда бошад; ё
  2. ii) маълумот қаблан дар шакли дигар ба аҳли ҷомеа пешниҳод нагашта бошад.
  3. Иттилооти экологӣ, ки дар банди 1 мавриди зикр гардидааст, дар мӯҳлати ҳадалимкон кӯтоҳ, вале на дертар аз як моҳи баъди пешниҳоди дархостнома манзур карда мешавад, агар ҳаҷм ва печидагии иттилооти дахлдор дароз кардани ин мӯҳлатро ба амӯҳлати то ду моҳи баъди пешниҳоди дархостнома асоснок накунад. Ба дархосткунанда аз ҳар гуна қарор оид ба дароз кардани мӯҳлат ва сабабҳои асосноки қабули чунин қарор иттилоъ дода мешавад.
  4. Дархостро оид ба пешниҳод намудани иттилооти экологӣ рад намудан мумкин аст, агар;

а) мақоми давлатӣ, ки ба он дархост ирсол шудааст, дорои чунин иттилооти экологӣ набошад;

б) дархост куллан беасос мебошад ё дар шакли ниҳоят умумӣ баён гаштааст; ё

в) дархост ба маводе тааллуқ дошта бошад, ки дар давраи ниҳоии таҳия ё мукотиботи дохилии байни мақомоти давлатӣ қарор дорад ва агар чунин истисно дар қонунгузории миллӣ ё таҷрибаи мавҷуда пешбинӣ гардида бошад, ҳамзамон дар ин маврид манфиати аҳли ҷомеа барои гирифтани ин иттилоот ба инобат гирифта мешавад.

  1. Дархости додани иттитлооти экологиро рад кардан мумкин аст, агар ошкор намудани чу­нин маълумот ба ҷиҳатҳои зерин таъсири манфӣ расонида тавонад:

а) ба махфияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, дар ҳолатҳое, ки чунин махфият дар қонунгузории миллӣ пешбинӣ шудааст;

б) ба муносибатҳои байналмилалӣ, мудофиаи миллӣ ё амнияти давлатӣ:

в) ба иҷрои адолати судӣ, имконияти таҳти муҳокимаи одилонаи судӣ қарор доштани шахсон ё тавоноии мақомоти давлатӣ барои анҷом додани таҳқиқи ҷиноятӣ ё интизомӣ;

г) махфӣ будани маълумоти тиҷоратӣ ё маълумоти саноатӣ дар ҳолатҳое, ки чунин махфият тибқи қонун бо мақсади ҳимояи манфиатҳои қонунии иқтисодӣ равона гардида бошад. Дар ин доира иттилоот дар бораи партовҳо, ки ба ҳифзи муҳити зист дахл дорад, бояд ош­кор карда шавад;

д) ба ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ;

е) махфӣ будани маълумоти шахсӣ ва/ё бойгонии марбут ба шахси воқеӣ, ҳангоме ки шахси дахлдор тибқи муқаррароти қонунгузории миллӣ барои додани чунин маълумот ба аҳли ҷомеа розигӣ надодааст;

ж) ба манфиати тарафи сеюм, ки иттилооти дархостшударо додааст, агар ин тараф ӯҳдадории ҳуқуқиро барои анҷом додани чунин амал надошта бошад ё ба ин тараф чу­нин ӯҳдадориро вогузоштан мумкин нест ва ҳангоме, ки ин тараф барои ифшои ин мавод розигии худро намедихад; ё

з) ба муҳити зисте, ки ин маълумот ба он дахл дорад, масалан, ба мавзеъҳое, ки дар онхо намудҳои нодири табиат парвариш меёбанд.

Асосҳои дар боло зикргардида барои рад намудани маълумот, бо дарназардошти алоқамандии ҷомеа барои ифшои ин маълумот ва бо дарназардошти он, ки оё  маълумоти дархостшуда ба партовҳо ба муҳити зист марбутанд, ба таври маҳдуд шарҳ дода мешаванд.

  1. Дар ҳолатҳое, ки мақоми давлатӣ иттилооти экологии дархостшударо надошта бо­шад, ин мақоми давлатӣ дар мӯҳлатҳои ҳаддалимкон кӯтоҳ дархосткунандаро оид ба ниҳоде, ки ба он, аз нигоҳи мақоми зикргардида, бо дархости додани иттилоот муроҷиат кардан мумкин аст, хабардор мекунад  ё ин дархостро ба чунин мақом ирсол медорад ва ба таври дахлдор дар ин бора дархосткунандаро огоҳ месозад.
  2. Дар ҳолатҳое, ки иттилоот тибқи бандҳои 3в ва 4 боло наметавонад ошкор карда шавад ва онро аз иттилооти боқимонда бе халалдор намудани махфияти иттилооти ифшонопазир ҷудо кардан мумкин аст, ҳар як Тараф таъмин менамояд, ки мақомоти давлатӣ иттилооти боқимондаи экологиро пешниҳод намоянд.
  3. Агар дархост дар хусуси додани иттилоот ба тарзи хаттӣ пешниҳод шуда ё дархостку­нанда чунин хоҳиш дошта бошад, раддия низ дар шакли хаттӣ дода мешавад. Дар раддия сабабҳои он зикр гардида, дар хусуси дастрасӣ ба расмиёти қабули қарор тибқи моддаи 9 маълумоти дахлдор оварда мешавад. Раддия оид ба додани маълумот дар муддати хаддалимкон кӯтоҳ, вале на дертар аз як моҳ дода мешавад, танҳо агар печидагии иттилоот дароз кардани мӯҳлатро аз замони додани дар­хост то ду моҳ асоснок накунад. Дархосткунанда аз ҳар гуна дароз намудани мӯҳлат ва сабабҳои он огоҳонида мешавад.
  4. Ҳар як Тараф метавонад ба мақомоти давлатии худ иҷозати ситонидани маблағи муайянро барои пешниҳоди иттилоот диҳад, ба шарте, ки ин маблағ аз сатҳи мантиқӣ баландтар набошад. Мақомоти давлатӣ, ки барои додани маълумот нияти ситодани маблағро доранд, дархосткунандагонро оид ба меъёри пардохтҳо, ҳолатҳое, ки пардохти маблағро пешбинӣ ва ё аз ин пардохтҳо озод мекунанд инчунин оид ба ҳолатҳое, ки иттилоот бо шарти пешпардохти маблағ дода мешавад, хабардор мекунанд.

 

Моддаи 5

ҶАМЪОВАРӢ ВА ПАҲН КАРДАНИ ИТТИЛООТИ ЭКОЛОГӢ

  1. Ҳар як Тараф таъмин менамояд, ки:

а) мақомоти давлатӣ иттилооти экологии ба вазифаҳои онҳо алоқамандро дошта бошанд ва онро нав карда истанд;

б) системаҳои ҳатмӣ барои таъмини воридшавии муносиби иттилоот ба мақомоти давлатӣ оид ба фаъолияти банақшагирифташуда ва татбиқшаванда, ки метавонад ба муҳити зист таъсири назаррас расонад, таъсис дода шаванд;

в) дар сурати ҳама гуна таҳдиди хатар ба сиҳатии инсон ё муҳити зист, ки дар натиҷаи фаъ­олияти инсон ё бо сабабҳои дорои хусусияти табиӣ ба миён омадааст, ҳамаи маълумоте, ки ба аҳли ҷомеа имконияти қабули тадбирҳоро ҷиҳати пешгирӣ ё паст намудани оқибатҳои зарари вобаста ба чу­нин таҳдид дода метавонад ва мақоми давлатӣ дорои он мебошад, бояд дар байни аъзои ҷомеае, ки эҳтимоли таҳти чунин таҳдид қарор гирифтанро доранд, бетаъхир ва фавран паҳн карда шавад.

  1. Ҳар як Тараф таъмин менамояд, то ки дар доираи қонунгузории миллӣ расмиёти пешниҳоди маълумоти экологӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ба аҳли ҷомеа фаҳмо бошад ва маълумоти экологӣ ба осонӣ дастрас гардад, аз ҷумла, ба воситаи:
  2. a) пешниҳоди маълумоти кофӣ баи аҳли ҷомеа дар бораи навъ ва доираи фарогирии маълу­моти экологие, ки дар ихтиёри мақомоти дахлдори давлатӣ қарор дорад ва дар бораи шартҳои асосие, ки имконияти пешниҳоди чунин маълумот, дастрасӣ ба он ва ҷараёни ги­рифтани онро муайян месозад;
  3. b) ташкил ва дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои амалӣ ба монанди:
  4. i) ба аҳли ҷомеа таъмин намудани дастрасии рӯйхатҳо, феҳристҳо ва маводи бойгонӣ;
  5. ii) муқаррар намудани ӯҳдадории шахсони мансабдор оид ба дастгирии ҷомеа дар таъмини дастрасӣ ба иттилоот тибқи Конвенсияи мазкур; ва

iii)  ҷудо кардани нуқтаҳои алоқа; ва

  1. c) тибқи зербанди 6в)-и боло таъмин кардани дастрасии ройгон ба иттилооти экологие, ки дар рӯйхат, феҳрист ё бойгонӣ мавҷуд мебошанд.
  2. Ҳар як Тараф тадриҷан зиёд шудани ҳаҷми иттилооти экологиро дар манбаъҳои маълу­моти электронӣ, ки барои ҷомеа тавассути шабакаҳои оммавии алоқа бо осонӣ дастрас мегардад, таъмин менамояд. Маълумоти бо ин усул дастрасшаванда бояд инҳоро дарбар гирад:

а) гузоришҳо оид ба вазъи муҳити зист, ки дар банди 4-и поён ишора шудаанд;

  1. b) матни санадҳои қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муҳити зист ё масъалаҳои марбут ба он:
  2. c) дар ҳолатҳои дахлдор, ҳуҷҷатҳо оид ба масъалаҳои сиёсат, нақшаҳо ва барномаҳо дар соҳаи муҳити зист ё марбут ба он, ҳамчунин созишномаҳои вобаста ба ҳифзи табиат; ва
  3. d) маълумоти дигар ба он дараҷае, ки дар он мавҷудияти маълумоти зикргардида дар чу­нин шакл истифодаи қонунгузории миллиро оид ба татбиқи Конвенсияи мазкур осон мегардонад, ба шарте, ки агар чунин маълумот аллакай дар шакли электронӣ мавҷуд бошад.
  4. Ҳар як Тараф дар фосилаҳои муайяни вақт, ки аз се ё чор сол бештар намебошанд, маърӯзаи миллии худро дар хусуси ҳолати муҳити зист, аз ҷумла маълумот дар бораи сифати муҳити зист ва маълумот дар бораи тазъиқ ба муҳити зистро ба нашр мерасонад.
  5. Ҳар як Тараф дар доираи қонунгузории худ бо мақсади паҳн намудани, аз ҷумла, маводи зайл чораҳо меандешад:

а) санадҳои ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои дастурӣ, ба монанди стратегия, ҳуҷҷатҳо оид ба масъалаҳои сиёсат, нақшаву барномаҳои амал дар соҳаи муҳити зист ва гузоришҳо оид ба ҷараёни татбиқи онҳо, ки дар сатҳҳои гуногуни мақомоти давлатӣ таҳия гаштаанд;

б) шартномаҳои байналмилалӣ, конвенсияҳо ва созишномаҳо оид ба масъалаҳои марбут ба муҳити зист; ва

в) дар ҳолатҳои дахлдор дигар ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба муҳити зист.

  1. Ҳар як Тараф амалгаронеро, ки фаъолияташон ба муҳити зист таъсири назаррас мерасонад, ба­рои сари вақт ва мунтазам хабардор кардани аҳли ҷомеа дар бораи таъсири фаъолият ва маҳсулоти онҳо ба муҳити зист ҳавасманд гардонида, ин корро дар ҳолатҳои дахлдор дар доираи истифодаи системаҳои ихтиёрии тамғазании экологӣ ва ташхиси экологӣ ё бо истифодаи дигар воситаҳо анҷом медиҳад.
  2. Ҳар як Тараф:

а) иттилооти воқеӣ ва таҳлили онро, ки аз назари Тараф барои таҳияи пешниҳодоти назаррас оид ба масъалаҳои сиёсати экологӣ бамаврид ва муҳим мебошанд, нашр мекунад;

б) маълумоти мавҷудаи тавзеҳотиро оид ба робитаҳои худ бо аҳли ҷомеа вобаста ба масъалаҳое, ки ба доираи амали Конвенсияи мазкур дохил мешаванд, ба чоп мерасо­над ё ба тарзи дигар дастрасии онро таъмин менамояд;

в) дар шакли муносиб маълумотро дар бораи аз тарафи мақомоти давлатӣ дар ҳама гуна сатҳҳо иҷро намудани вазифаҳои давлатии онҳо ё анҷом додани хизматрасониҳои марбут ба муҳити зист ба аҳолӣ, пешниҳод мекунад.

  1. Ҳар як Тараф бо мақсади таъмини пешниҳоди маълумоти кофӣ оид ба маҳсулот барои аҳли ҷомеа механизмҳои дахлдорро тарҳрезӣ менамояд, то истеъмолкунандагон имкон дошта бошанд, ки бо дарназардошти манфиати ҳифзи муҳити зист, интихоби асоснок намоянд.
  2. Ҳар як Тараф тадбирҳоро оид ба паҳнкунии батадриҷи системаи ҳамоҳангшудаи умумимиллии кадастрҳо ё феҳристҳои олудашавӣ, дар ҳолатҳои дахлдор бо назардошти равандҳои дар сатҳи байналмилалӣ татбиқшаванда, бо истифодаи манбаи маълумоти сохторбандишудаи компютерӣ ва барои ҷомеа дастрас, ки дар асоси системаи стандартишудаи пешниҳоди додаҳо тартиб дода шудааст, таҳия менамояд. Чунин система метавонад маълумотро дар бораи воридшавӣ, ҷудошавӣ ва интиқол додани қатори муайяни мавод ва маҳсулот (дар натиҷаи иҷрои доираи мушаххаси намудҳои фаъолият, аз ҷумла ҳангоми истифодаи об, энергия, захираҳо) ба соҳаҳои дигари муҳити зист ва инчунин ба қитъаҳои коркард ва партовҳо, ки дар ҳудуд ё берун аз ҳудуди иншооти саноатӣ ҷойгиранд, дарбар гирад
  3. Ягон муқаррароти ин модда наметавонад ҳуқуқи Тарафҳоро ба рад намудани ифшои ма­ълумоти муайяни экологӣ тибқи муқаррароти банди 3 ва 4-и моддаи 4 халалдор кунад.

 

Моддаи 6

ИШТИРОКИ ҶОМЕА ДАР ҚАБУЛИ ҚАРОРҲО ОИД БА НАМУДҲОИ

МУШАХХАСИ ФАЪОЛИЯТ

  1. Ҳар як Тараф:

а) муқаррароти моддаи мазкурро нисбат ба қарорҳое, ки вобаста ба иҷозат додани намудҳои фаъолияти банақшагирифташудаю дар замимаи 1 зикргардида қабул шудаанд, татбиқ мекунад;

  1. b) мувофиқи қонунгузории миллии худ ҳамчунин муқаррароти моддаи мазкурро нисбат ба қарорҳо оид ба намудҳои фаъолияти пешниҳодшаванда, ки дар замимаи 1 номбар нагаштаанд ва метавонанд ба муҳити зист таъсири назаррас расонанд, татбиқ мекунад. Бо ин мақсад Тарафҳо муайян мекунанд, ки оё чунин намуди фаъолияти тарҳрезишуда бо муқаррароти моддаи мазкур фаро гирифта мешавад ё на; ва
  2. c) метавонад дар ҳар як ҳолати мушаххас, агар ин тибқи қонунгузории миллӣ пешбинӣ шуда бо­шад, муқаррароти моддаи мазкурро дар фаъолияти тарҳрезишаванда, ки ба мақсади мудофиаи миллӣ хизмат мекунад, истифода набарад, агар ин Тараф дар ақидае бошад, ки чунин ис­тифода метавонад ба ин мақсад таъсири манфӣ расонад.
  3. Аҳли ҷомеаи манфиатдор дар марҳилаи оғози ҷараёни қабули қарорҳои марбут ба масъалаҳои муҳити зист, вобаста ба вазъият ба таври огоҳонии оммавӣ ё ба таври огоҳонидани инфиродӣ , ба таври мувофиқ, саривақтӣ ва муассир, дар баробари дигар масъалаҳо, аз ҷумла оид ба масъалаҳои зерин хабардор карда мешавад:

а) намуди  фаъолияти ба нақша гирифташаванда ва дархостномае, ки доир ба он қарор қабул карда мешавад;

  1. b) хусусияти қарорҳои имконпазир ё лоиҳаи қарор;
  2. c) мақоми давлатии масъули қабули қарор;
  3. d) расмиёти пешбинишуда, аз ҷумла чӣ тарз ва кай чунин маълумот пешниҳод шуда мета­вонад:
  4. i) доир ба оғози татбиқи расмиёт;
  5. ii) доир ба имкониятҳои иштироки ҷомеа;

iii)  доир ба вақт ва маҳали ҳар муҳокимаи кушоди умумӣ;

  1. iv) доир ба мавҷудияти мақоми давлатие, ки аз он иттилооти дахлдорро гирифтан мумкин аст ва дар хусуси он, ки иттилооти дахлдор барои баррасии ҷомеа ба куҷо ирсол шудааст;
  2. v) доир ба мавҷудияти мақоми дахлдори давлатӣ ё дигар мақоми расмие, ки ба он эрод ва саволҳоро пешниҳод намудан мумкин аст, ҳамчунин доир ба муҳлати пешниҳоди эрод ва саволҳо; ва
  3. vi) доир ба он, ки кадом маълумоти экологии марбут ба навъи фаъолияти пешбинишаванда вуҷуд дорад; ва
  4. e) фарогирии ин навъи фаъолият бо расмиёти миллӣ ё расмиёти фаромарзии арзёбии та­ъсир ба муҳити зист.
  5. Расмиёти иштироки аҳли ҷомеа мӯҳлатҳои маъқули татбиқи марҳилаҳои мухталиферо пешбинӣ менамоянд, ки ин мӯҳлатҳо вақти кофиро барои огоҳонидани ҷомеа тибқи банди 2 боло ва омодасозӣ ва иштироки муассири ҷомеа дар ҷараёни қабули қарорҳои марбут ба муҳити зист таъмин менамоянд.
  6. Ҳар як Тараф иштироки ҷомеаро ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоӣ, вақте ки барои баррасии вариантҳои гуногун тамоми имкониятҳо мавҷуданд ва иштироки самарабахши аҳли ҷомеа таъмин шуда метавонад, фароҳам меорад.
  7. Ҳар як Тараф бояд дар ҳолатҳои зарурӣ дархосткунандагони имконпазирро қабл аз дода­ни дархост барои гирифтани иҷозат ташвиқ кунад, то онҳо доираҳои алоқаманди ҷомеаро муайян кунанд, муҳокимаҳоро гузаронанд ва иттилоотро оид ба мақсади дархосташон пешниҳод намоянд.
  8. Ҳар як Тараф аз мақомоти салоҳиятдори давлатӣ талаб мекунад, ки ҳангоми гирифтани дархост аз доираҳои манфиатдори ҷомеа, дар ҳолатҳое, ки қонунгузории миллӣ талаб мекунад, дастрасии ройгонро ба тамоми иттилооти марбут ба расмиёти қабули қарорҳо, ки дар ин модда ишора гардидааст ва дар лаҳзаи иҷрои расмиёти иштироки аҳли ҷомеа онро дар ихтиёр дорад, бо мақсади омӯзиши он ва вобаста ба дастрас шуданаш, бе халалдор намудани ҳуқуқи Тарафҳо ба радди ошкор сохтани маълумоти муайян тибқи банди 3 ва 4-и моддаи 4, таъмин намояд. Маълумоти дах­лдор бояд, бе расонидани зарар ба муқаррароти моддаи 4, лоақал инҳоро дар бар гирад:

а) тавсифи иншооти саноатӣ, хусусиятҳои физикию техникии фаъолияти пешниҳодшаванда, аз ҷумла арзёбии маҳсулоти эҳтимолии боқимонда ва партовҳо;

  1. b) тавсифи таъсири назарраси фаъолияти пешбинишуда ба муҳити зист;
  2. c) тавсифи чораҳои пешбинишудаи пешгирӣ ва/ ё кам кардани таъсир, аз ҷумла партовҳо;
  3. d) хулосаҳои ғайритехникии марбут ба чизҳои дар боло зикргардида;
  4. e) нақшаҳои алтернативаҳои асосие, ки аз тарафи дархостдиҳанда баррасӣ гардидаанд; ва
  5. f) тибқи қонунгузориҳои миллӣ, гузоришҳои асосӣ ва тавсияҳои ба мақомоти давлатӣ ирсолшуда, дар ҳолате, ки ба аҳли ҷомеаи алоқаманд иттилоот тибқи банди 2-и боло пешниҳод мешавад.
  6. Расмиёти иштироки ҷомеа ба вай имкон медиҳад дар шакли хаттӣ ё дар ҳолатҳои зарурӣ ҳангоми муҳокимаи оммавӣ ё баррасии масъала бо иштироки дархостдиҳанда ҳама гуна мулоҳиза, маълумот, таҳлил ё ақидаро, ки ба андешаи ӯ ба фаъолияти ба нақша гирифташуда иртибот дорад, пешниҳод намояд.
  7. Ҳар як Тараф таъмин мекунад, ки дар қарори дахлдор натиҷаҳои иштироки аҳли ҷомеа ба таври бояду шояд инъикос ёбанд.
  8. Ҳар як Тараф таъмин мекунад, ки баъд аз қабул кардани қарор аз ҷониби мақомоти давлатӣ, аҳли ҷомеа, тибқи расмиёти муносиб, аз қарори қабулшуда фавран огоҳонида шавад. Ҳар як Та­раф матни

ки дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ таҷдиди назар намудан ё нав кардани қарорро якҷоя бо сабабҳо ва мулоҳизаҳое, ки заминаи ин қарорро ташкил медиханд, ба ҷомеа пешниҳод мекунад.

  1. Ҳар як Тараф таъмин мекунад, шартҳои анҷом додани фаъолияте, ки дар банди 1 зикр шудааст, инчунин дар ҳолатҳое, ки ин мувофиқи мақсад аст, муқаррароти бандҳои 2-9-и моддаи мазкур ба таври mutatis mutandis истифода карда шаванд.
  2. Ҳар як Тараф дар доираи қонунгузории миллии худ то ҳадди имконпазир ва ба таври матлуб муқаррароти моддаи мазкурро нисбат ба қарорҳои марбут ба додани иҷозат барои ихроҷи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба муҳити зист татбиқ намояд.

 

Моддаи 7

ИШТИРОКИ АҲЛИ ҶОМЕА ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОЕ, КИ БА НАҚШАҲО, БАРНОМАҲО ВА СИЁСАТИ МАРБУТ БА МУҲИТИ ЗИСТ ДАХЛ ДОРАНД

Ҳар як Тараф нисбат ба иштироки аҳли ҷомеа дар раван­ди таҳияи нақшаву барномаҳои марбут ба муҳити зист, дар доираи сохтори шаффоф ва боадолат,  муқаррароти амалӣ ва/ё дигар муқарраротро пешбинӣ намуда, иттилооти заруриро ба аҳли ҷомеа пешниҳод мекунад. Дар доираи ин сохтор бандҳои 3, 4 ва 8-и моддаи 6 татбиқ мегарданд. Мақоми дахлдори давлатӣ бо дарназардошти мақсадҳои Конвенсияи мазкур доираҳои аҳли ҷомеаро, ки дар ин раванд ширкат карда метавонанд, муайян месозад. Мутобиқи имконият ҳар як Тараф кӯшиш менамояд, ки аҳли ҷомеаро бо имконоти иштирок дар таҳияи сиёсати вобаста ба муҳити зист таъмин намояд.

 

Моддаи 8

ИШТИРОКИ АҲЛИ ҶОМЕА ДАР омодасозии МУҚАРРАРОТИ МЕЪЁРИИ ДОРОИ ҚУВВАИ БЕВОСИТАИ ИҶРО ВА САНАДҲОИ A3 НИГОҲИ ҲУҚУҚӢ ҲАТМИИ БА ТАВРИ УМУМӢ ИСТИФОДАШАВАНДА

Ҳар як Тараф кӯшиш мекунад дар марҳилаи дахлдор, ҳангоме, ки ҳанӯз имконоти интихоб мавҷуд аст, барои иштироки аҳли ҷомеа дар ҷараёни аз ҷониби мақомоти давлатӣ таҳия гардидани муқаррароти меъёрии дорои ҳуқуқи бевоситаи иҷро ва дигар қоидаҳои аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҳатмии ба таври умумӣ истифодашаванда, ки мета­вонанд ба муҳити зист таъсири назаррас дошта бошанд , мусоидат намояд. Ба ин мақсад тадбирҳои зерин анҷом дода мешаванд:

а) мӯҳлатҳое, ки барои таъмини иштироки муассир кофӣ мебошад, муқаррар мешаванд;

б) лоиҳаи қоидаҳо нашр мешаванд ё ба аҳли ҷомеа бо тарзи дигар расонда мешаванд; ва

в) ба аҳли ҷомеа имконият дода мешавад, ки мулоҳизаҳои худро мустақиман  ё ба воситаи ниҳодҳои  машваратӣ пешниҳод намояд.

Натиҷаҳои иштироки ҷомеа дар дараҷаи баландтарини имконпазир ба эътибор гирифта мешаванд.

 

Моддаи 9

ДАСТРАСӣ БА АДОЛАТИ СУДӢ

  1. Ҳар як Тараф дар доираи қонунгузории миллии худ таъмин менамояд, то ҳар шахсе, ки ба ақидаи ӯ дархости тибқи моддаи 4 пешниҳоднамудааш баррасӣ нашудааст, ғайриқонунӣ рад шудааст (қисман ё пурра), ба таври номатлуб қонеъ гардонида шудааст ё  нисбат ба дархост бархурде истифода шудааст, ки аз ин ё он ҷиҳат ба муқаррароти моддаи зикргардида мувофиқ намебошад, бояд ба расмиёти баррасии қабули қарори қабулшуда дар суд  ё дигар мақоми мустақил ва беғаразе, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, дастрасӣ дошта бошад.

Дар ҳолатҳое, ки чунин баррасии қарор дар суд пешбинӣ мешаванд, Тараф таъмин менамояд, ки чунин шахс барои баррасии такрорӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ё аз ҷониби мақоми мустақил ё беғараз, ки суд набошад, ба расмиёти оҷили қонунан муқарраргардида, ки пардохтро тақозо наменамояд ё ҳадди ақали пардохтро талаб мекунад, низ дастрасӣ дошта бошад.

Қарорҳои ниҳоӣ, ки тибқи банди 1 қабул мешаванд, барои мақоми давлатие, ки дорои иттилооти дах­лдор аст, ҳатмӣ мебошанд. Сабабҳо, ҳадди ақал дар ҳолатҳое, ки дархост оид ба додани иттилоот тибқи банди мазкур рад мешавад, ба таври хаттӣ нишон дода мешаванд.

  1. Ҳар як Тараф дар доираи қонунгузориҳои миллии худ таъмин мекунад, ки намояндагони дахлдори ҷомеа, ки
  2. a) алоқамандии бештар зоҳир менамоянд, ё ба сифати варианти алтернативӣ,
  3. b) итминон доранд, ки ин ё он ҳуқуқ вайрон шудааст, ҳангоме, ки ин бо меъёрҳои мурофиаи маъмурии Тарафи дахлдор муайян шудааст,

ба расмиёти баррасии қарорҳои қабулшуда дар суд ва/ё дигар ниҳодҳои мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис шудаанд, дастрасӣ дошта бошанд, то чӣ аз нигоҳи ҳуқуқ, ва чӣ аз ҷиҳати мурофиавӣ  қонунӣ будани ҳама гуна қарор, амал ё беамалиро, бо шарти риояи муқаррароти моддаи 6, ва дар ҳолатҳои бо қонунгузории миллӣ пешбинишуда ва бе халалдор кардани муқаррароти банди 3 поён, муқаррароти дигари дахлдори Конвенсияи мазкурро маврида баҳс қарор дода тавонанд.

Мавҷудияти ҳавасмандии кофӣ ва нақзи ин ё он ҳуқуқ дар асоси муқаррароти қонунҳои миллӣ ва мувофиқ ба  мақсади пешниҳод намудани дастрасии васеъ ба адолати судӣ барои ҷомеаи алоқаманд дар доираи Конвенсияи мазкур муайян мегардад. Вобаста ба ин барои мақсадҳои зербанди а-и боло алоқамандии ҳама гуна ташкилоти ғайридавлатӣ, ки ҷавобгӯи талаботи банди 5 моддаи 2 аст, кофӣ мебошад.

Барои мақсади зербанди b-и боло чунин ташкилот ҳамчунин ҳақ дорад аз вайронкунии ҳуқуқаш шикоят намояд.

Муқаррароти банди 2 мазкур имконоти истифодаи расмиёти баррасии пешакиро дар мақомоти маъмурӣ истисно наменамояд ва ба талабот оид ба анҷом додани расмиёти маъмурии баррасӣ то муроҷиат ба баррасии судӣ, дар сурате, ки чунин талабот дар қонунгузории миллӣ пешбинӣ шуда бошанд, дахолат намекунад.

  1. Ба ғайр аз ин ва бе халалдор кардани расмиёти баррасии дар бандҳои 1 ва 2-и боло ишорашуда, ҳар як Тараф таъмин менамояд, то намояндагон ҷомеа, ки ҷавобгӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории миллӣ мебошанд (агар чунин меъёрҳо вуҷуд дошта бошанд), барои исботи амал ё беамалии шахсони алоҳида ва мақомоти давлатӣ, ки муқаррароти қонунгузории миллиро дар хусуси муҳити зист вайрон мекунанд, ба расмиёти маъмурӣ ва судӣ дастрасӣ дошта бошанд.
  2. Ба ғайр аз ин ва бе халалдор кардани банди 1-и боло, расмиёти дар боло зикрёфтаи бандҳои 1,2 ва 3 бояд воситаҳои муассиру муносиби ҳимояи ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҳангоми зарурат, воситаҳои ҳимояи ҳуқуқиро дар шакли манъи судӣ таъмин намоянд, адолатонаву беғараз ва саривақтӣ буда, ба масрафи зиёду дастнорас вобаста набошанд. Қарорҳое, ки тибқи ҳамин модда қабул мегарданд, дар шакли хаттӣ бароварда ё протокол карда мешаванд. Аҳли ҷомеа ба қарорҳои судҳо ва ба қадри имкон ба қарорҳои мақомоти дигар низ дастрасӣ дорад.
  3. Барои муассиртар шудани муқаррароти моддаи мазкур ҳар як Тараф таъмин менамояд, ки ба аҳли ҷомеа маълумот дар хусуси дастрасӣ ба расмиёти маъмурӣ ва судии баррасии қарорҳо пешниҳод шавад ва масъалаи таъсиси механизмҳои дахлдори расонидани кӯмакро барои рафъ ё кам кардани монеаҳои молиявӣ ё дигар монеаҳо дар дастрасӣ ба адолати судӣ арзёбӣ мекунад.

 

Моддаи 10

МАШВАРАТИ ТАРАФҲО

  1. Машварати аввалини Тарафҳо дар мӯҳлати на дертар аз як соли баъди эътибор пайдо карда­ни Конвенсияи мазкур даъват карда мешавад. Минбаъд машваратҳои навбатии Тарафҳо, лоақал ҳар ду сол, агар Тарафҳо қарори дигар қабул накунанд ё бо дархости хаттии яке аз Тарафҳо даъват карда мешавнд, ба шарте, ки дар давоми 6 моҳ аз рӯзи ҳамаи Тарафҳоро дар мавриди ин дархост хабардор намудани Котиботи иҷроияи Комиссияи иқтисодии Аврупо онро аз се як ҳиссаи Тарафҳо дастгирӣ намоянд.
  2. Дар машваратҳои худ Тарафҳо доимо рафти иҷрои Конвенсияи мазкурро дар асоси маълу­моте, ки аз ҷониби Тарафҳо ба таври мунтазам ворид мешавад, назорат мекунанд ва бо ин мақсад:

а) таҳлили сиёсат ва бархурдҳои ҳуқуқию методологиро ба масъалаи дастрасӣ ба иттилоот, ишти­роки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолати судӣ дар масъалаҳои муҳити зист бо мақсади такмили минбаъдаи онҳо анҷом медиҳанд;

  1. b) мубодилаи маълумотро оид ба таҷрибаи хосилшуда дар соҳаи бастани созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ё дигар қарордодҳои марбут ба ҳадафҳои Конвенсияи мазкур, ки ширкаткунандагони онҳо як ё бештар аз як Тараф мебошанд, анҷом медиҳанд;
  2. c) дар мавридҳои зарурӣ аз кӯмаки мақомоти дахлдори Комиссияи иқтисодии Аврупо, инчунин мақомоти дигари салоҳиятдори байналмилалӣ ва кумитаҳои махсус барои баррасии ҳамаи ҷанбаҳои марбут ба аҳдофи Конвенсияи мазкур истифода мебаранд;
  3. d) дар мавриди зарурӣ ҳар гуна мақомоти ёрирасон таъсис медиҳанд;
  4. e) дар ҳолатҳои зарурӣ ба Конвенсияи мазкур протоколҳо таҳия мекунанд;
  5. f) тибқи муқаррароти моддаи 14 пешниҳодотро дар бораи ворид кардани ислоҳот ба Кон­венсияи мазкур баррасӣ ва тасдиқ менамоянд;
  6. g) ҳама гуна тадбирҳои иловагиеро, ки барои расидан ба ҳадафҳои Конвенсияи мазкур зарур шуда метавонанд, баррасӣ ва тасдиқ менамоянд:
  7. h) дар маҷлиси аввалини худ дар асоси консенсус қоидаҳои расмиёти машваратҳои худ ва машваратҳои мақомоти ёрирасонро баррасӣ ва тасдиқ менамоянд;
  8. i) дар машварати аввалини худ таҷрибаи андухтаашонро дар татбиқи муқаррароти банди 9 моддаи 5 баррасӣ намуда, масъалаи иқдомоти ояндаро, ки барои рушди минбаъдаи системаи дар ҳамин банд ишорашуда заруранд, бо дарназардошти раванд ва тағйироти дар сатҳи байналмилалӣ ҷараёндошта, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷати дахлдори мар­бут ба воридшавии олудагӣ ба муҳити зист ва феҳраст ё кадастрҳои гузаришро, ки метавонанд ба замимаи Конвенсияи мазкур ҳамроҳ карда шаванд, ҳал мекунанд.
  9. Машварати Тарафҳо ҳангоми зарурат метавонад дар асоси консенсус масъаларо дар бораи муқаррароти молиявӣ баррасӣ намояд.
  10. Созмони Милали Муттаҳид, идораҳои махсусгардонидашудаи он ва Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атом, инчунин ҳар давлат ё ташкилоти минтақавие, ки тибқи моддаи 17 дорои ҳуқуқи имзои Конвенсияи мазкур мебошанд, вале Тарафи Конвенсияи мазкур нестанд ва ҳар таш­килоти байниҳукуматие, ки дар соҳаҳои марбут ба Конвенсияи мазкур дорои салоҳиятанд, барои иштирок дар машваратҳои Тарафҳо ба сифати нозир ҳуқуқ доранд.
  11. Ҳар ташкилоти ғайридавлатие, ки дар соҳаҳои марбут ба Конвенсияи мазкур салоҳият дорад ва Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Аврупоро оид ба нияти ширкат дар маҷлиси Тарафҳо хабардор намудааст, агар ақаллан аз се як ҳиссаи аъзои дар машварат ҳузурдоштаи Тарафҳо муқобили он набошад, ҳуқуқ дорад ба сифати нозир ширкат намояд.
  12. Ба мақсади бандҳои 4 ва 5-и боло қоидаҳои расмиёти дар банди 2-h-и боло ишорашуда механизмҳои амалии марбут ба расмиёти иҷозат ба иштирок ва дигар шартҳои дахлдорро пешбинӣ мекунад.

 

Моддан 11

ҲУҚУҚИ ОВОЗ

  1. Ба истиснои ҳолатҳои дар банди 2-и поён пешбинишуда ҳар як Тарафи Конвенсияи мазкур як овоз дорад.
  2. Ташкилотҳои минтақавии ҳамгироии иқтисодӣ ҳуқуқи овози худро дар масъалаҳои таҳти салоҳияташон қарордошта, бо доштани шумораи овозҳои баробар ба теъдоди кишварҳои аъзо, ки Тарафҳои Конвенсияи мазкур мебошанд, истифода мебаранд. Чунин ташкилотҳо хукуки овози худро аз даст медиҳанд, агар давлатҳои аъзояшон ҳуқуқи овози худро истифода баранд ва баръакс .

 

Моддаи 12

КОТИБОТ

Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Аврупо вазифаҳои зерини котиботиро анҷом медиҳад:

а) маҷлиси Тарафҳоро даъват ва омода менамояд;

б) ба Тарафҳо гузоришҳо ва дигар иттилоотеро, ки тибқи муқаррароти Конвенсияи мазкур гирифтааст, интиқол медиҳад; ва

в) ба вазифаҳои дигареро, ки аз ҷониби Тарафҳо муайян шуда метавонанд, анҷом медиҳад.

 

Моддаи 13

ЗАМИМАҲО

Замимаҳои Конвенсияи мазкур ҷузъи ҷудонопазири он мебошанд

Моддаи 14

ИСЛОҲОТ БА КОНВЕНСИЯ

  1. Ҳар як Тараф метавонад ба Конвенсияи мазкур ислоҳот пешниҳод кунад.
  2. Матни ҳама гуна ислоҳоти пешниҳодшаванда ба Конвенсияи мазкур дар шакли хаттӣ ба Котиби иҷроияи Ко­миссияи иқтисодии Аврупо фиристода мешавад ва ӯ пешниҳодро ҳадди ақал 90 рӯз пеш аз оғози машварати Тарафҳо, ки дар он қабули ислоҳот пешниҳод карда мешавад, ба ҳамаи Тарафҳо ирсол менамояд.
  3. Тарафҳо талош мекунанд то дар масъалаи қабули ислоҳоти пешниҳодшуда бо роҳи консенсус, ба тавофуқ оянд. Агар барои расидан ба консенсус тамоми воситаҳо ис­тифода гардида, вале тавофуқ ба даст наомада бошад, дар ин сурат, ба сифати чораи охирин, ислоҳот бо аксарияти аз чор се ҳиссаи овозҳои Тарафҳои ҳузурдошта ва дар овоздиҳӣ ширкатнамуда қабул карда мешавад.
  4. Депозитарий ислоҳоти ба Конвенсияи мазкур воридшударо, ки тибқи банди 3-и боло қабул шудааст, ҷиҳати тасвиб, тасдиқ ё қабул ба маълумоти ҳамаи Тарафҳо мерасонад. Ислоҳот ба Конвенсияи мазкур, ба ғайр аз ислоҳот ба замимаҳо, барои Тарафҳое, ки онро ба тасвиб расонидаанд, тасдиқ ё қабул кардаанд рӯзи навадуми пас аз ба Депозитарий расидани огоҳиномаи ақаллан аз чор се ҳиссаи Тарафҳо дар бораи тасвиб, тасдиқ ё қабули ислоҳот эътибор пайдо мекунад. Минбаъд барои ҳар Тарафи дигар ислоҳот рӯзи навадуми пас аз он, ки ҳамин Тараф санади тасвиб, тасдиқ ё қабули ислоҳотро барои нигаҳдошт месупорад, эътибор пайдо мекунад.
  5. Ҳар Тарафе, ки наметавонад ислоҳотеро ба замимаи Конвенсияи мазкур тасдиқ кунад, аз ин хусус Депозитарийро ба таври хаттӣ дар муддати 12 моҳи баъди гирифтани хабар доир ба қабули ислоҳот огоҳ менамояд. Депозитарий фавран оид ба гирифтани чунин огоҳинома ҳамаи Тарафҳоро хабардор мекунад. Ҳар як Тараф ва дар ҳар лаҳзаи дилхоҳ метавонад аз огоҳиномаи қаблии худ дар бораи рад намудани ислоҳот даст кашида, ислоҳотро қабул намояд. Пас аз он, ки ҳуччат оид ба қабул ба Депозитарий барои нигаҳдошт супорида мешавад, ислоҳоти мазкур ба замима барои ин Тараф эътибор пайдо мекунад.
  6. Баъди гузашти 12 моҳ аз санаи фиристодани огоҳинома аз ҷониби Депозитарий, чуноне ки дар банди 4-и боло пешбинӣ гардидааст, ислоҳот ба замимаҳо барои Тарафҳое, ки тибқи банди 5-и боло ба Депозитарий огоҳиномаро нафиристодаанд, эътибор пайдо мекунад, ба шарте, ки на бештар аз се як ҳиссаи Тарафҳо чунин огоҳиномаро пешниҳод карда бошанд.
  7. Барои мақсадҳои моддаи мазкур бо истилоҳи «Тарафҳои ҳузурдошта ва дар овоздиҳӣ ширкатнамуда» Тарафҳое фаҳмида мешаванд, ки дар маҷлис иштирок дошта, ҳамчун «тарафдор» ё «муқобил» овоз додаанд.

 

Моддаи 15

БАРРАСИИ РИОЯ

Машварати Тарафҳо ҷиҳати баррасӣ намудани риояшавии муқаррароти Конвенсияи мазкур дар асоси консенсус тадбирҳои ихтиёриёриеро муайян мекунад, ки хусусияти ғайримуқобала, ғайрисудӣ ва машваратӣ доранд

Ин чораҳо иштироки муносиби аҳли ҷомеаро таъмин намуда, имконияти баррасии гузоришҳои намояндагони ҷомеаро оид ба масъалаҳои марбут ба Конвенсияи мазкур дарбар гирифта метавонанд.

 

Моддаи 16

ТАНЗИМИ БАҲСҲО

  1. Дар сурати оид ба шарҳ ё истифодаи Конвенсияи мазкур ба миён омадани баҳс байни ду ё зиёда аз он Тарафҳо, онҳо кӯшиш мекунанд тавассути табодули афкор ё ҳама гуна воситаи дигари танзим, ки барои тарафҳои баҳс қобили қабул мебошанд, роҳи ҳалли баҳсро пайдо намоянд.
  2. Ҳангоми имзо, тасвиб, қабул ва тасдиқи Конвенсияи мазкур ё ҳамроҳшавӣ ба он ё дар ҳар замони баъди он Тараф метавонад ба Депозитарий аризаи хаттӣ фиристода, дар хусуси баҳсе, ки тибқи муқаррароти банди 1-и боло ҳал нагаштааст, як ё ҳарду усули зерини ҳалли баҳсро нисбат ба ҳар Тарафе, ки он ҳам ба зиммаи худ чунин ӯҳдадориро қабул мекунад, эътироф менамояд:

а) ба Суди байналмилалӣ ирсол додани баҳс;

б) доварӣ(арбитраж) тибқи тартиби муқаррарнамудаи замимаи II

  1. Агар тарафҳои баҳс ҳарду усули дар банди 2 зикршудаи ҳалли баҳсро қабул карда бошанд, баҳсро танҳо ба Суди байналмилалӣ ирсол намудан мумкин аст, ба шарте ки Тарафҳо дар мавриди тартиби дигаре ба мувофиқа нарасида бошанд.

 

Моддаи 17

ИМЗОИ КОНВЕНСИЯ

Конвенсияи мазкур дар Орхус (Дания) 25 июни соли 1998 ва баьдан дар Ташкилотҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк то 21 декабри соли 1998 ба­рои имзо аз ҷониби кишварҳои аьзои Комиссияи иқтисодии Аврупо, инчунин кишварҳое, ки дар Комиссияи иқтисодии Аврупо тибқи бандҳои 8 ва 11 қатъномаи 36 (IV) Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоӣ аз 28 марти соли 1947 мақоми машаваратӣ доранд ва барои ташкилотҳои минтақавии ҳамгироии иқтисодӣ, ки онҳоро давлатҳои соҳибистиқлоли узви Комиссияи Иқтисодии Аврупо таъсис дода, ба онҳо ваколати худро нисбат ба масъалаҳои бо Конвенсияи мазкур танзимшаванда, аз ҷумла ваколати имзои шартномаҳои марбут ба масъалаҳои мазкурро интиқол додаанд, кушода мебошад.

 

Моддаи 18

ДЕПОЗИТАРИЙ

Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ба сифати Депозитарии Конвенсияи мазкур баромад мекунад.

 

Моддаи 19

ТАСВИБ, ҚАБУЛ, ТАСДИҚ ВА ҲАМРОҲШАВӢ

  1. Конвенсияи мазкур аз тарафи кишварҳо ва ташкилотҳои минтақавии ҳамгироии иқтисодӣ, ки онро имзо намудаанд, бояд тасвиб, тасдиқ ё қабул гардад.
  2. Конвенсияи мазкур ҷиҳати ҳамроҳшавӣ барои давлатҳо ва ташкилотҳои минтақавии ҳамгироии иқтисодӣ, ки дар моддаи 17 зикр гардидаанд, аз 22 декабри соли 1996 кушода аст.
  3. Ҳар як давлати дигар, ки дар банди 2-и боло зикр наёфтааст ва давлати узви Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ба Конвенсия бо розигии Машварати Тарафҳо ҳамроҳ шуда метавонад.
  4. Ҳар як ташкилоти дар моддаи 17 зикршуда, ки Тарафи Конвенсияи мазкур мегардад, ҳарчанд ҳеҷ яке аз давлатҳои узви ин ташкилот Тарафи Конвенсияи мазкур намебошанд, ҳама ӯҳдадории пешбининамудаи Конвенсияҳои мазкурро ба зимма мегирад. Дар ҳолате, ки як ё якчанд давлати узви чунин ташкилот Тарафи Конвенсияи мазкур бошанд, ин ташкилот ва давлатҳои аъзо дар хусуси масъулияти дахлдори худ барои иҷрои ӯҳдадориҳои марбут ба Конвенсияи мазкур қарор қабул мекунанд. Дар чунин ҳолат ин ташкилот ва давлатҳои узви он наметавонанд аз ҳуқуқҳои дар Конвенсияи мазкур пешбинишуда истифода намоянд.
  5. Дар ҳуҷҷатҳои худ оид ба тасвиб, тасдиқ, қабул ё ҳамроҳшавӣ ташкилотҳои минтақавии ҳамгироии иқтисодии дар моддаи 17 зикршуда дар бораи доираи салоҳияти худ дар маъсалаҳое, ки бо ҳамин Конвенсия танзим мешаванд, изҳорот медиҳанд. Ин ташкилотҳо ҳамчунин ба Депозитарий аз ҳар гуна тағйироти назарраси доираи салоҳияти худ хабар медиҳанд.

 

Моддаи 20

ЭЪТИБОР ПАЙДО НАМУДАН

  1. Конвенсияи мазкур баъди навад рӯзи барои нигаҳдошт супурдани санади шонздаҳум оид ба тасвиб, қабул, тасдиқ ё ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо мекунад.
  2. Барои мақсадҳои банди 1-и боло ҳама гуна санади аз тарафи ягон ташкилоти минтақавии ҳамгироии иқтисодӣ барои нигаҳдошт супурдашуда ҳамчун санади иловагӣ ба санаде, ки аз ҷониби давлати узви ин ташкилот барои нигаҳдошт супурда шудааст, баррасӣ намегардад.
  3. Барои ҳар давлат ё ҳар ташкилоте, ки дар моддаи 17 зикр гардидааст ва Конвенсияи маз­курро тасвиб, қабул ё тасдиқ мекунанд ё баъди барои нигаҳдошт супурдани ҳуҷҷати шонздаҳум дар хусуси тасвиб, қабул, тасдиқ ё ҳамроҳшавӣ ба он ҳамроҳ мешаванд, Конвенсияи мазкур баъди навад рӯзи аз тарафи чунин давлат ё ташкилот барои нигаҳдошт супурдани санад дар бораи тасвиб, қабул, тасдиқ ё ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо мекунад.

 

Моддаи 21

БАРОМАДАН A3 КОНВЕНСИЯ

Дар ҳар замони баъди гузашти се сол аз рӯзи эътибор пайдо намудани Конвенсияи мазкур нисбат ба ягон Тараф, ин Тараф метавонад бо ирсоли огоҳиномаи хаттӣ ба  унвони Депозитарий аз Конвен­сия барояд. Ин гуна баромадан аз Конвенсия дар рӯзи навадуми пас аз санаи гирифтани огоҳиномаи зикргардида аз ҷониби Депозитарий эътибор пайдо мекунад.

 

Моддаи 22

МАТНҲОИ АСЛӢ

Нусхаи аслии Конвенсияи мазкур, ки матнҳои англисӣ, русӣ ва франсавии он баробармаънӣ ме­бошанд, барои нигаҳдошт ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид супорида мешавад.

 

БАРОИ ТАСДИҚИ МУҚАРРАРОТИ БОЛО дар зер имзогузоштагон, ки ба таври дахлдор ваколатдоранд, Конвен­сияи мазкурро имзо карданд.

Дар Орхус (Дания) бисту панҷуми июни соли як ҳазору нӯҳ саду наваду ҳашт содир шудааст.

 

ЗАМИМАҲО

Замимаи I

 

НОМГӮИ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ, КИ ДАР БАНДИ 1-И МОДДАИ 6 ЗИКР ШУДААНД

  1. Энергетика:

— заводҳои коркарди нафту газ;

— дастгоҳҳои таъмини газ ва тавлиди гази моеъ;

— стансияҳои барқии гармӣ ва дигар дастгоҳҳои сӯхт бо иқтидори интиқоли қувваи гармии 50 мегаватт (МВт) ё бештар аз он;

— печҳои коксӣ;

— неругоҳҳои барқии атомӣ ва дигар реакторҳои атомӣ, аз ҷумла таҷзия ё аз фаъолият боздоштани чунин стансияҳои барқ ё реакторҳо (ба истиснои таҷҳизоти тадқиқотӣ ба­рои истеҳсолот ва конверсияи маҳсулоти ҷудошаванда ва такрористеҳсол, ки иқтидори ниҳоии он аз 1 кВт сарбории доимии гармидиҳӣ бештар намебошад);

— дастгоҳҳо барои коркарди сӯзишвори нургирифтаи атомӣ;

— дастгоҳҳо:

— барои истеҳсол ё тоза кардани сӯзишвории атомӣ;

— барои коркарди сӯзишвории нургирифтаи атомӣ ё партовҳои дорои дараҷаи баланди афканишот (радиоактивӣ);

— барои пурра ҷудо карда гирифтани кардани сӯзишвории атомии нургирифта;

— мутлақо барои пурра ҷудо карда гирифтани партовҳои радиоактивӣ;

— мутлақо барои нигаҳдошти сузишвории атомии нургирифта ё партовҳои радиоактивӣ (ки барои даҳ сол ба нақша гирифта шудааст) дар ҷойҳои дигари берун аз ҳудуди иншооти истеҳсолӣ.

  1. Истеҳсол ва коркарди металлҳо:

— дастгоҳҳо барои гудозиш, хока кардани металлҳо (аз ҷумла маьдани сулфид);

— дастгоҳҳо барои истеҳсоли чӯяни тоза ё пӯлод (гудохти аввал ё дуюм), аз ҷумла ҷоришавии бетанаффус бо иқтидори бештар аз 2,5 т дар як соат;

— дастгоҳҳо барои коркарди металлҳои сиёҳ:

а) дегҳои прокати тафсон бо иқтидори зиёда аз 20 т пӯлоди хом дар як соат;

б) путкҳои оҳангарии иқтидоршон зиёда аз 50 кВт барои як путк, ки иқтидори гармии истифодабариаш зиёда аз 20 МВт мебошад;

в) рӯйкаш намудани он бо пӯши хокаи металл бо истифодаи пӯлоди хом бо иқтидори 2 т дар як соат;

— об кардани металлҳои сиёҳ бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз 20 т дар як рӯз:

— дастгоҳҳо барои:

а) истеҳсоли металлҳои рангаи туршнагашта аз маъдан, омехтаҳо ё ашёи коркарди дуюм тавассути ҷараёни металлурги, химиёвӣ ё электролита;

б) гудохтан, легиронидани металлҳои ранга, аз ҷумла бастубанди маҳсулоти хӯрока (софкорӣ, истеҳсолоти рехтагарӣ ва ғайра) бо иқтидори рехтагарии зиёда аз 4 г дар як рӯз барои сурб ва кадмий ё 20 т дар як рӯз барои металлҳои дигар;

— дастгоҳ барои коркарди сатҳи болоии металлҳо ва ашёи пластикӣ бо истифодаи ҷараёни электролит ва химиявӣ, ки меъёри истифода ҷиҳати коркарди дегҳо аз 30 м3 зиёдтар аст.

  1. Саноати коркарди ашёи менералӣ:

— дастгоҳҳо ҷиҳати истеҳсолӣ ашё (клинкер) барои семент дар печҳои даврзанандаи сӯзонанда бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз 500 т дар як рӯз ё оҳак дар печҳои даврза­нандаи сӯзонанда бо иқтидори истеҳсолиашон зиёда аз 50 т дар як рӯз ё дигар печҳои иқтидори истеҳсолиашон зиёда аз 50 т дар як рӯз;

— дастгоҳҳо барои истеҳсоли асбест ва таҳияи маҳсулоти асбестдор;

— дастгоҳҳо барои истеҳсоли шиша, аз ҷумла нахи шишагӣ бо иқтидори об кардани зиёда аз 20 т дар як рӯз;

дастгоҳҳо барои об кардани ашёи минералӣ, аз ҷумла истеҳсоли нахҳои минералӣ бо иқтидори об кардани 20 т дар як рӯз;

дастгоҳҳо барои истеҳсоли маҳсулоти сафолӣ бо роҳи сӯзондан, аз ҷумла тахтаҳои сафолии бомпӯш, хишт, хиштҳои ба оташ тобовар, маҳсулоти сафолӣ бо иқтидори зиёда аз 75 т дар як рӯз ва/ё печҳои сӯзонанда бо иқтидори беш аз 4 м3 дар як рӯз ва зичии ба печ гузоштани маҳсулот зиёда аз 300 кг/м3.

  1. Саноати химиявӣ: истеҳсолот дар доираи хусусияти навъи фаъолияти дар ҳамин банд зикргардида маънои истеҳсолотро дар сатҳи саноатӣ, бо ёрии коркарди химиявии ашё ё гуруҳи ашёи дар зербандҳои а) — г) зикршуда дар назар дорад:

а) дастгоҳҳои химиявӣ барои истеҳсоли ашёи органикии химиявӣ, ба монанди:

  1. i) карбогидриди сода (хаттӣ ё даврагӣ, ғализгардонидашуда ё ғайриғализ, бадбӯй ё хушбӯй);
  2. ii) карбогидридҳои кислотадор аз қабили спирт, алдегидҳо, кетонҳо, кислотаҳои карбонӣ, эфирҳои мураккаб, атсетатҳо, эфирҳои содда, перекисҳо (туршшавӣ), катронҳои эпоксидӣ;

iii) карбогидридҳои сулфурдор:

  1. iv) карбогидридҳои нитрогенӣ,ба монанди аминҳо, амидҳо, пайвастагиҳои нитроген, пайвастагиҳои нитрат, нитрилҳо, сианатҳо, изосианатҳо;
  2. v) карбогидридҳои фосфордор;
  3. vi) карбогидридҳои галогинизатсияшуда;

vii) пайвастагиҳои органометаллӣ;

viii) маводи асосии пластикӣ (полимерҳо, нахҳои синтетикӣ ва нахҳо дар асоси селлюлоза);

  1. ix) каучуки суньӣ;
  2. x) рангҳо, пигментҳо;
  3. xi) маводи зоҳиран фаъол:

б) дастгоҳҳои химиявӣ барои истеҳсоли маводи ғайриорганикӣ, ба монанди:

  1. i) газҳо, ба монанди аммиак, хлор, гидроген-и хлордор, фтор ё гидрогени фтордор, оксидҳои карбон, пайвастагиҳои сулфур, оксидҳои нитроген, гидроген, диоксидҳои сулфур, хлорокисҳои карбон;
  2. ii) кислотаҳо, ба монанди кислотахои хром, кислотахои фтору гидрогенӣ, кислотаҳои фосфорӣ, кислотаҳои нитрат, кислотаҳои сулфур, олеум, кислотаи сулфат;

iii) ишкорҳо ба монанди гидрооксиди  аммоний, гидрооксиди  калий, гидрооксиди натрий;

  1. iv) намакхо ба монанди аммонии хлордор, калии хлории туршидор, калии ангадриди карбон, натрии ангидриди карбон, перборат, нуқраи ангидриди нитрогенӣ ;
  2. v) ғайриметаллхо, оксидҳои металлҳо ё дигар пайвастагихои органикӣ аз қабили карбиди калтсий, кремний, карбиди кремний;

в) дастгоҳҳои химиявй барои истеҳсолй нуриҳои химиявии фосфорй, нитрогенӣ ё нуриҳои  минералии калийдор (поруҳои  содда ё мураккаб);

г) дастгоҳҳои химиявй барои истеҳсолй ғизоҳои асосй барои растаниҳо ва биотсидҳо;

д) дастгоҳҳо, ки дар онҳо ҷараёни химиявӣ ва биологӣ барои истеҳсолй маҳсулоти асосии фармасевтӣ истифода мешаванд;

е) дастгоҳҳои химиявй, ки барои истеҳсолй маводи тарканда истифода мешаванд;

ж)дастгоҳҳои химиявӣ, ки дар онҳо ҷараёни химиявӣ ва биологӣ барои истеҳсолй иловаҳои сафедаи ғизо, ферментҳо ва дигар навъи маводи сафедадор истифода мешаванд.

  1. Коркард ва ҷудо кардани партовҳо:

— дастгоҳҳо барои сӯзонидан ё қобили истифода намудан, коркарди химиявӣ ё гӯр кардани партовҳои хатарнок;

дастгоҳҳо барои сӯзонидани партовҳои коммуналию маишӣ бо иқтидори зиёда аз 3 т дар як рӯз;

— дастгоҳҳо барои ҷудо кардани партовҳои бехатар бо иқтидори зиёда аз 50 т дар як рӯз;

— партовгоҳҳо, ки дар як рӯз зиёда аз 10 т партов ворид мешавад ё дорои ҳаҷми ғунҷоиши умумии зиёда аз 25000 т мебошад, ба истиснои партовгоҳҳои партовҳои ғайрифаъол.

  1. Дастгоҳҳо барои поксозии обҳои равон бо иқтидоре, ки аз экиваленти теъдоди 150 000 аҳолӣ бештар аст.
  2. Дастгоҳҳои саноатӣ барои:

а) истеҳсоли маҳсулоти селлюлоза аз чӯб ё чунин маводи нахдор;

б) истеҳсоли коғаз ва картон бо иқтидори зиёда аз 20 т дар як рӯз;

  1. а) Сохтмони роҳҳои оҳани тӯлонӣ ва майдонҳои ҳавоӣ 2 бо дарозии хатҳои асосии парвозу нишасти 2100 м ва бештар аз он;

б) сохтмони шоҳроҳҳои мошингард ва роҳҳои барои суръати З баланд таъингардида;

в) сохтмони роҳҳои нави ҳаракати чорқатора ё бештар аз он мебошанд ва/ё таҷдиду васеъ кардани роҳҳои мавҷуда, ки ду ё камтар хаттӣ ҳаракат дошта, бо мақсади ташкили ҳаракати чорқатора ва бештар аз он ва дар ҷойҳое, ки чунин қитъаҳои роҳҳои ҷадид ва /ё таҷдидгашта дорои хаттӣ ҳаракат ба дарозии 10 км ва аз он бештар хоҳанд буд.

  1. а) Роҳҳои обии дохилӣ ва бандарҳо барои киштигардии дохилӣ таъингардида, ки барои гузаштани киштиҳои ғунҷоишашон бештар аз 1350 т имкон медиҳад;

б) бандарҳои тиҷоратӣ, истгоҳҳо барои боргирию борфарорӣ, ки ба бандарҳои соҳилӣ ва бандарҳои ҳамлдиҳанда алоқаманданд (ба истиснои истгоҳҳои гузаргоҳи паромӣ), ки ба қабули киштиҳои иқтидорашон беш аз 1350 г қодиранд.

  1. Гирифтани обҳои зеризаминӣ ё системаи ба таври сунъӣ афзудани обҳои зеризаминӣ, ки дар давоми сол обгирӣ ё обпуркунии онҳо баробар ба 10 млн.м3 ё бештар аз он мебошад.
  2. а) Корҳои марбут ба дигар кардани самти ҷоришавии захираҳои об байни ҳавзаҳои дарёҳо, ки бо мақсади пешгирии имконпазирии норасоии об нигаронида шудааст ва ҳаҷми оби гузаронидашаванда дар як сол баробар ба 100 млн.м3 ё бештар аз он мебошад.

б) дар ҳама ҳолатҳои дигари кор вобаста ба дигар кардани самти ҷоришавии захираҳои об байни ҳавзаҳои дарёҳо бо ҷараёни ҳаҷми миёнаи бисёрсолаи гирифтани об аз ҳавза аз 200 млн/м3/сол зиёд мебошад ва ҳангоми он ҳаҷми оби самташ тағйирёбанда 5% ин ҷараёнро ташкил медиҳад.

Дар ҳар ду ҳолат низ дигар кардани самти ҷоришавии захираҳои оби қубури нӯшокӣ истисност.

  1. Истихроҷи нафт ва газ ба мақсадҳои тиҷоратӣ, дар сурате, ки агар ҳаҷми нафти истихроҷшаванда дар як рӯз аз 500 т ва истихроҷи газ аз 500 000 м3 бештар бошад.
  2. Обанбор ё дигар иншооти барои нигаҳдошт ё захираи доимии об пешбинишуда, ки барои oнҳo захираи оби нав ё нигаҳдошти оби иловагӣ беш 10 млн.м3 дар назар дошта шудааст.
  3. Қубурҳои газу нафтгузарон ё маводи химиявӣ, ки дорои диаметри зиёда аз 800 мм ва даро­зии зиёда аз 40 км мебошанд.
  4. Дастгоҳҳо барои парвариши босуръати парранда, хук, ки барои бештар аз:

а) 40 000 ҷой барои парранда;

б) 2000 ҷой барои парвариши хук (бо вазни зиёда аз 30 кг); ё

в) 750 ҷой барои хукҳои мода пешбинӣ шудаанд.

  1. Кон ё истихроҷи кушоди канданиҳои фоиданок аз қитъае, ки масоҳаташ аз 25 га зиёд мебо­шад ё истихроҷи торф, ки масоҳати қитъаи он аз 150 га бештар аст.
  2. Сохтани хатҳои ҳавоии интиқоли барқ бо шиддати ҷараёи 220 Кв ва бештар аз он ва дарозиаш зиёда аз 15 км.
  3. Таҷҳизот барои нигаҳдошти нафт ва маҳсулоти нафту химиявӣ ва химиявӣ, ки дорои ғунҷоиши 200 ООО т ё бештар аз он мебошад.
  4. Навъҳои дигари фаъолият:

— дастгоҳҳо барои коркарди пешакӣ (чунин амалиёт ба монанди шустан, сафед кардан, илшқор додан) ё ранг кардани нахҳо ё матоъҳо, ки ҳаҷми коркард дар як рӯз аз 10 т бештар аст;

— дастгоҳҳо барои даббоғии пӯсту чарм, ки ҳаҷми коркарди маҳсулот дар як рӯз аз 12 т бештар аст.

а) қассобхонаҳо, ки ҳаҷми коркарди гӯшт дар як рӯз беш аз 50 т мебошад;

б) поксозӣ ва коркарди такрорӣ бо мақсади истеҳсолӣ маҳсулоти хурокворӣ аз:

  1. i) маҳсулоти ҳайвонот (ба ғайр аз шир) бо иқтидори истеҳсолӣ маҳсулоти тайёр зиёда аз 75 т дар як рӯз;
  2. ii) маҳсулоти зироатӣ бо иқтидори истеҳсолӣ маҳсулоти тайёр зиёда аз 300 т дар як рӯз (нишондиҳандаи миёнаи семоҳа);

в) поксозӣ ва коркарди такрории шир, ки миқдори шири қабулшаванда дар як рӯз аз 200 т бештар аст (нишондиҳандаи миёнаи солона);

дастгоҳҳо барои ҷудо карда гирифтан ё безарар гардонидани ҷасади ҳайвоноти хонагӣ ва партовҳои чорводорӣ бо иқтидори коркарди бештар аз 10 т дар як рӯз;

— дастгоҳҳо барои коркарди сатҳии мавод, ашё ё маҳсулоти озуқаворӣ бо истифодаи маҳлулкунандаҳои органикӣ, аз ҷумла барои ороиш, нақшгузорӣ, рӯйкашӣ, аз равған пок кардан, гидроизолатсия, ченак, рангмолӣ, поккорӣ ё ҷаббонидан бо иқтидори истеҳсолии беш аз 150 кг дар як соат ё беш аз 200 т дар як сол;

дастгоҳҳо барои истеҳсолӣ карбон (кокси табиӣ) ё электрографит тавассути сӯзонидан ё графитизатсия.

  1. Ҳама гуна навъи фаъолияти дар бандҳои 1-19-и боло зикрнашуда, дар ҳолатҳое, ки агар иш­тироки аҳли ҷомеа дар доираи расмиёти арзёбии таъсир ба муҳити зист тибқи қонунгузории миллӣ пешбинӣ карда мешаванд.
  2. Муқаррароти банди 1 а моддаи 6 Конвенсияи мазкур нисбат ба хеҷ гуна лоиҳаҳои пешниҳодгашта, ки ба таври истисно ё асосан барои тадқиқот, таҳия ва санҷиши усулҳои нав ё маҳсулот барои мӯҳлати камтар аз ду сол анҷом дода мешавад, агар имконпазирии таъсири манфӣ назарраси онҳо ба муҳити зист ё саломатӣ вуҷуд надошта бошад, татбиқ намегардад.
  3. Ҳама гуна тағйирёбӣ ё тавсеаи фаъолият, ки худ аз худ ҷавобгӯи меъёрҳои бузургии ҳаҷми дар ин замима муқарраргардида мебошад, таҳти таъсири банди 1 а моддаи 6 Конвенсияи мазкур қарор мегирад. Ҳама гуна тағйирёбии дигар ё тавсеаи фаъолият таҳти таъсири банди 1 b моддаи 6 Конвенсияи мазкур қарор мегирад.

ЭЗОҲОТ:

1/ Стансияҳои барқии атомӣ ва дигар навъи реакторҳои атомӣ сифатҳои худро ҳамчун таҷҳизот дар ҳолате гум мекунанд, ки агар ҳамаи сӯзишвории ядроӣ ва дигар унсурҳои олудашудаи радиоактивӣ аз майдончаи саноатии дастгоҳҳо комилан хориҷ карда шаванд.

2/ Барои мақсадҳои Конвенсияи мазкур «майдони ҳавоӣ» маънии майдони ҳавоиро дорад ва ба мафҳуми дар Конвенсияи Чикаго, соли 1944 мавҷуда, ки Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданиро таъсис медиҳад (Замимаи 14), мувофиқ аст.

3/ Барои мақсадҳои Конвенсияи мазкур «роҳи барои ҳаракати босуръат таъингардида» маънии роҳро дорад, ки ба мафҳуми дар Созишномаи Европа оид ба шоҳроҳҳои автомобили аз 15 ноябри соли 1975 мавҷуда мувофиқ аст.

Замимаи II

ҲАКАМИЯТ

  1. Дар сурати ба баррасии суди ҳакамӣ тибқи банди 2 моддаи 16 Конвенсияи мазкур додани баҳс тараф ё тарафҳо котиботро аз хусуси мавзуи баррасии ҳакамӣ огоҳ намуда, аз ҷумла моддаҳои Конвенсияи мазкурро, ки вобаста ба тавзеҳ ё татбиқи он баҳс ба миён омадааст, зикр мекунанд. Котибот иттилооти гирифтаашро ба ҳама Тарафҳои Конвенсияи мазкур ирсол медорад.
  2. Суди ҳакамӣ аз се нафар аъзо иборат аст. Ҳам тарафи даъвогар ё тарафҳои даъвогар ва ҳам тарафи дигар ё тарафҳои дигари иштирокчии баҳс якнафарӣ ҳакам таъйин мекунанд ва ҳамин тариқ ду нафар ҳаками таъйингашта бо мувофиқа шахси сеюмро ба ҳайси Раиси суди ҳакамӣ интихоб ме­намоянд. Шахси охирин (Раис) набояд, ки шаҳрванди яке аз кишварҳои иштирокчии баҳс бошад ва наметавонад дар кишварҳои яке аз ин тарафҳо ҷои зиндагии муқимӣ дошта бошад ва наметавонад дар яке аз тарафҳо хизматро анҷом диҳад ё ба сифати дигар ба ин масъала иртиботе дошта бошад.
  3. Агар баъди ду моҳи таъйин шудани ҳаками дуюм раиси суди ҳакамӣ таъйин нагардад, дар ин ҳолат бо дархости ҳар яке аз тарафҳои баҳс Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Европа ӯро дар муддати ду моҳи минбаъда таъйин мекунад.
  4. Агар ягон тарафи баҳс дар мӯҳлати ду моҳи баъди гирифтани хоҳиш ҳакамро таъйин накунад, тарафи дуюм метавонад дар ин хусус Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Европаро огоҳ намояд ва он дар муддати ду моҳи минбаъда раиси суди ҳакамиро таъйин менамояд. Баъди таъйин шуданаш раиси суди ҳакамӣ аз тарафе, ки ҳакамро таъйин накардааст хоҳиш мекунад, ки ин корро дар муддати ду моҳ анҷом диҳад. Агар он ин корро дар мӯҳлати мауйяншуда анҷом надиҳад, Раис дар ин маврид ба Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Европа хабар медиҳад, ки он дар муддати ду моҳ ин ҳакамро таъйин мекунад.
  5. Суди ҳакамӣ қарори худро мутобиқи ҳуқуқҳои байналмилалӣ ва муқаррароти Конвенсияи мазкур содир мекунад.
  6. Ҳама гуна суди ҳакамӣ, ки тибқи муқаррароти замимаи мазкур таъсис ёфтааст, қоидаҳои расмиёти худро таҳия менамояд.
  7. Қарорҳои суди ҳакамӣ ҳам вобаста ба масъалаҳои расмиёт ва ҳам моҳияти масъалаҳо бо аксари овози аъзои он қабул мегарданд.
  8. Суд метавонад барои собит намудани далелҳо ҳама чораҳои заруриро андешад.
  9. Тарафҳои иштирокчии баҳс ба кори суди ҳакамӣ мусодиат мекунанд, аз ҷумла барои ин тамоми васоити мавҷударо истифода мебаранд:

а) ба ихтиёри он ҳама ҳуҷҷатҳо, шароит ва маълумоти дахлдорро мегузоранд;

б) ҳангоми зарурат ба он имкон фароҳам меоваранд, ки шоҳидон ва коршиносонро даъват намуда, нишондоди онҳоро шунаванд.

  1. Тарафҳои баҳс ва аъзои суди ҳакамӣ махфӣ будани ҳама гуна маълумотҳоро, ки ба тарзи махфӣ ҳангоми баррасии масъала дар суди ҳакамӣ ба даст овардаанд, риоя мекунанд.
  2. Суди ҳакамӣ метавонад бо дархости яке аз тарафҳо қабули чораҳои муваққатии ҳимояро пешниҳод намояд.
  3. Агар як тарафи баҳс ба суди ҳакамӣ наояд ва ё дар баррасии парвандаи худ иштирок нанамояд, тарафи дигар метавонад аз суд хоҳиш кунад, ки баррасиро идома дода, қарори ниҳоии худро барорад. Набудани як тараф дар суд ё иштирок накардани як тараф дар баррасии парванда барои баррасии он монеа шуда наметавонад.
  4. Суди ҳакамӣ ҳуқуқ дорад доир ба масъалаҳои аз моҳияти баҳс бамиёномада даъвои мутақобиларо шунида, нисбати онҳо қарор қабул намояд.
  5. Агар суди ҳакамӣ бо дарназардошти ҳолатҳои мушаххаси парванда қарори дигаре содир накунад, хароҷоти судӣ, аз ҷумла хизматрасонии аъзои суд аз тарафи ҳар ду тарафи баҳс баробар пардохта мешавад. Суд тамоми хароҷотро ба қайд гирифта, дар ин хусус ба тарафҳои баҳс ҳисоботи ниҳоӣ пешниҳод менамояд.
  6. Ҳар як Тарафи Конвенсияи мазкур, ки ба масъалаи баҳсшаванда ҳавасмандии дороӣ хусусияти ҳуқуқи зоҳир менамояд ва он метавонад дар қарори вобаста ба ин масъала дар бар гирифта шавад, мумкин аст бо розигии суд дар муҳокимаи масъала ширкат намояд.
  7. Суди ҳакамӣ метавонад қарори худро дар ҷараёни панҷ моҳи баъди таъсиси худ барорад, агар зарур нашуморад, ки ин мӯҳлатро ба мӯҳлати на бештар аз панҷ моҳ дароз кунад.
  8. Қарори суди ҳакамӣ шарҳи сабабҳоро дар бар мегирад. Ин қарор барои тарафҳои баҳс ниҳоӣ ва ҳатмӣ мебошад. Суди ҳакамӣ қарори худро ба тарафҳои баҳс ва котибот мефиристад. Котибот маълумоти дастрасшударо ба ҳамаи Тарафҳои Конвенсияи мазкур ирсол медорад.
  9. Ҳар баҳсе, ки байни тарафҳо дар хусуси тафсир ё иҷрои қарори суд ба миён омаданаш мум­кин аст, ҳар кадоме аз тарафҳо метавонад ба суди хакамие, ки ин қарорро қабул кардааст ва ё дар сурати имконнопазирии истифодаи хизмати ин суд ба суди дигаре, ки ба ҳамин мақсад ва бо ҳамин усул ташкил мегардад, манзур дорад.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед