МАМНУЪГОҲИ “БЕШАИ ПАЛАНГОН” БА ФЕҲРИСТИ ЮНЕСКО ШОМИЛ КАРДА ХОҲАД ШУД

0
695
боздид

    Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон зимни нишасти матбуотӣ, ки санаи 2 феврал дар толори маҷлисгузаронии Кумита баргузор гардид, ба намояндагони ВАО дар баробари омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастовардҳо ёдовар шуда, иброз дошт, ки Кумита тасмим дорад аввалин мамнуъгоҳи Тоҷикистон – Бешаи палангонро барои сабти ном ба феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод намояд.

Мамнуъгоҳи давлатии табии «Бешаи палангон» аввалин мамнуъгоҳи табиии кишварамон маҳсуб шуда, бо қарори комиссариати Шӯрои халқии ҶШС Тоҷикистон 4 ноябри соли 1938 таъсис гардидааст.

“Бешаи палангон”  ном гирифтани мамнуъгоҳ ба хотири яке аз нодиртарин намуди ширхӯрони даранда – паланги тӯронӣ мебошад, ки бори охир мавҷудияти он дар ҳудуди мамнуъгоҳ тобистони соли 1953 ба қайд гирифта шудааст. Айни замон доир ба мавҷудияти ин намуди паланг дар табиат ва боғи ҳайвоноти дунё ягон маълумоте нест.

Ёдовар мешавем, ки аз объектҳои табиии Тоҷикистон – Боғи миллии Тоҷикистон соли 2013 дар Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО сабти ном шуда буд.

Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО ба дигар масъалаҳои мубрам, аз қабили  ҳуҷуми бабри барфӣ ба ҳайвоноти хонагӣ дар ноҳияҳои ВМКБ, зимистонгузаронии ҳайвоноти нодир, буриши дарахтон, вазъи ҳавои атмосфераи ш. Душанбе, коркарди партовҳои пластикӣ ва ғ. таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба саволҳояшон посухҳои муносиб ва қонеъкунанда гирифтанд.

                                              «Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед