Мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Дашти-Ҷум»

0
577
боздид
Мамнӯъгоҳ ҳамчун макони таҷрибавӣ барои тайёр намудани кадрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист аҳамияти калон дорад.

Мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Дашти-Ҷум»

Аз таъсисёбии мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Дашти-Ҷум» ҳамчун муассисаи мустақил, ки дар заминаи мавзеъҳои як қисми заминҳои чангалпарварии Шӯрободи собиқ хоҷагии ҷангали ноҳияи Москва ташкил шуда буд, 30 сол сипарӣ шуд. Аниқтараш мамнӯъгоҳи мазкур бо қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон таҳти рақами 273 аз 7 –уми  сентябри соли 1983 таъсис ёфтааст, ки мақсади он ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои хоси ин минтақа ва ҳайвонҳои нодир, аз ҷумла бузи пармашох ё «морхур», ки дар ҷаҳон калонтарин популятсияи он танҳо дар қаламрави ин мавзеъ боқӣ мондааст, инчунин гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал), бабри барфӣ ва дигар намудҳои нодири набототу ҳайвонот мебошад.Бо назардошти ҳифзу нигоҳдории генофонди бузи пармашох ва гусфанди бухороии (уриал) дар мамнӯъгоҳ корҳои парвариш ва барқарорсозии саршумори ин намудҳо ба нақша гирифта шудааст.

Вазифаҳои асосии мамнуъгоҳ иборат аст аз:

  • ҳифз ва афзун намудани олами набототу ҳайвоноти мамнуъгоҳ бо ҳудудҳои ҳамсарҳади он ва таъмини риояи реҷаи мамнуъгоҳ;
  • гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
  • ҳамасола ҷамъ овардани маводҳо оид ба тартиб додани «Солномаи табиат»;
  • таҳия ва санҷидани усулҳои илман асоснокшудаи баҳисобгирии олами ҳайвонот; • афзоиш додани намудҳои нодир ва аз байн рафтаистодаи наботот ва ҳайвонот бо мақсади зиёд намудани онҳо;
  • ҳифз ва муҳофизати ҷангалзорҳои мамнӯъгоҳ, нигоҳубин ва гузаронидани чорабиниҳои зидди сухтор, баҳисобгирии фонди ҷангал;
  • мусоидат намудан дар тайёр кардани мутахассисони ояндаи соҳаи муҳити зист;
  • ташвиқоти асосҳои корҳои ҳифз намудан,масъалаҳои ҳалталаби нигоҳубин ва истифодаи самараноки муҳити зист;
  • ба нақша гирифтани ташкили туризми экологӣ бо мақсади ҷалби саёҳони хориҷи;
  • нашри мунтазами натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ ва мубодилаи таҷриба бо муассисаҳои дахлдори ҳифзи муҳити зист ва хоҷагиҳои шикори дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он.

Бояд тазакур дод, ки мамнӯъгоҳ ягона муассисаи илмӣ-тадқиқотии соҳаи ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон маҳсуб меёбад.

Самти тадқиқотҳои илмии мамнӯъгоҳ ба ғайр аз тадқиқотҳои комплексии биологӣ, инчунин омӯзиши экологияи намояндагони нодири олами набототу ҳайвонот, дар навбати аввал бузи пармашох, инчунин омӯзиши экосистемаҳои табиӣ дар муқоиса бо экосистемаҳои дар гузашта якхела, ки зери таъсири антропогенӣ тағйир ёфтаанд, ба ҳисоб меравад. Вобаста ба тағйирёбии шароит самти тадқиқотҳои илмии мамнӯъгоҳ низ мутобиқ ба шароити ҳозира бурда мешаванд. Мамнӯъгоҳ ҳамчун макони таҷрибавӣ барои тайёр намудани кадрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист аҳамияти калон дорад.

Мамнӯъгоҳ, ки дар масоҳати 19,7 ҳазор га бунёд ёфта, дар баландии 300-2300 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст, бо экосистемаҳои хоси худ ва олами бойи набототу ҳайвоноташ дорои аҳамияти махсус мебошад. Ҳудуди мамнуъгоҳ аз қисми шимол  то ба ҷануб 18 км ва аз тарафи ғарб ба самти шарқ ба масофаи 25 км тӯл кашидааст. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳ зиёда аз 1400 намуди растаниҳо мерӯянд, ки 160 намуди онҳоро растаниҳои маҳалӣ (эндемикӣ) ташкил медиҳад, аз ин миқдор 39 намудашон ба Китоби Сурх ворид карда шудаанд.

Ҳамасола теъдоди зиёди донишҷӯён, ходимони илмӣ ва мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист барои таҷрибаомӯзӣ ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ ба мамнӯъгоҳ меоянд.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед