МАНФИАТИ ЭЛЕКТРОМОБИЛ

0
360
боздид
Олимони соҳаи экология яке аз роҳҳои асосии беҳтар кардани вазъи ҳавои шаҳрҳоро дар бештар истифодабарии электромобилҳо мебинанд.

19 октябри соли 2018 дар шаҳри Ақтави Қазоқистон нахустин стансияи ватании зарядпуркунии электромобил ба фаъолият оғоз намуд. Онро олимони Донишгоҳи давлатии Ақтав ихтироъ кардаанд. Арзиши стансияи олимони қазоқ 500 ҳазор тангаро ташкил медиҳад. Ҳамин гуна стансияи истеҳсоли мамолики Аврупо 4 миллион танга арзиш дорад. Минбаъд бо дастгирии Ҳукумати Қазоқистон чунин стансияҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сохта хоҳанд шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон бо мақсади ҳавасмандсозӣ қарор қабул кард, ки то 31 декабри соли 2019 барои воридсозии электромобил боҷи гумрукӣ ситонида намешавад. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков моҳи июни соли 2018 ҳангоми сафари давлатиаш ба Ҷумҳурии Халқии Хитой ба роҳбарияти Ширкати электромобилбарории «BAIC Group» пешниҳод намуд, ки истеҳсоли электромобилро дар Қирғизистон ба роҳ монад.

Ташаббуси Қирғизистон аз ҷониби хитоиҳо бо камоли мамнуният қабул шуд. Корхонаи муштараки электромобилбарорӣ шояд дар Бишкек ё вилоятҳои Ҷалолобод ё Чуй сохта шавад. Номуътадилии нархи нефт ва ифлосшавии ҳаво аз нақлиёти бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда роҳбарияти бисёр кишварҳоро водор намудааст, ки рӯ ба нақлиёти барқӣ оранд.

Масалан, дар Украина қарор додаанд, ки тадриҷан ба нақлиёти барқӣ гузаранд. Ширкати украинии «Богдан» дар ҳамкорӣ бо ширкати «URSUS»- и Полша электробуси «Богдан- E 701»- ро истеҳсол мекунад. Ин автобус, ки 12 метр дарозӣ дорад, то 70 мусофирро дар як вақт ба манзил мерасонад.

Олимони соҳаи экологияи мамолики пешрафта яке аз роҳҳои асосии беҳтар кардани вазъи ҳавои шаҳрҳоро дар бештар истифодабарии электромобилҳо мебинанд. Бо ин мақсад дар Париж ва Лондон барин шаҳрҳои бузурги Аврупо солҳои охир ҷои автомобилро электромобилҳо гирифта истодаанд. Танҳо дар ноҳияи Вестминстери Лондон, ки ҳавояш ифлостарин маҳсуб меёфт, беш аз 100 нуқтаи неругирии электромобил сохта шудааст.

Сабаби асосии зиёд шудани газҳои заҳрнок нақлиёти бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда мебошад. Ҳар сол миқдори партови моддаҳои заҳрнок ба ҳавои атмосфера аз ҳисоби воситаҳои нақлиёти автомобилӣ меафзояд. Як автомобил соле ба ҳисоби миёна 4 тонна оксигенро фурӯ бурда, баъди истифодаи сӯзишворӣ 1000- 1200 компонент, аз он ҷумла 800 кило оксиди карбон, 40 кило оксиди нитроген ва тақрибан 200 кило пайвастагиҳои карбонро ихроҷ мекунад. Алдегидҳо, бензопирен ва пайвастагиҳои қӯрғошим, ки аз мошинҳо хориҷ мегарданд, ба саломатӣ зарари калон мерасонанд. Бензопирен карбогидриди заҳрнокест, ки метавонад боиси сар задани бемории саратонӣ гардад.

Ба ақидаи олимони соҳаи тиб, 60 — 90 фоизи бемориҳои саратон дар ҷаҳон ба ифлосшавии ҳаво, хусусан, карбогидридҳо, вобастагӣ доранд. Ҳангоми ба хун омехташавии оксиди карбон бошад, азхудкунии оксиген мушкил мешавад. Заҳролудшавии пайваста аз ин газ боиси хасташавӣ, дарди сар, вайроншавии реҷаи хоб, дилзанак ва нафастангӣ мегардад. Маҳз бо ҳамин сабабҳо бо пешниҳоди як гурӯҳ вакилон ва роҳбарони чор ҳизби сиёсӣ ҳукумати Норвегия тасмим гирифт, ки аз соли 2025 фурӯши мошинҳои бо бензину солярка ҳаракаткунандаро манъ намояд. Норвегия дар ҷаҳон чорумин кишварест, ки теъдоди электромобилҳояш аз 100 ҳазор адад гузаштааст. Дар ин кишвар соҳибони электромобил аз андоз барои харид ва бақайдгирӣ озоданд. Ҳукумати Шветсия низ бо қарори махсус хариди нақлиёти бо бензину солярка ҳаракаткунандаро аз соли 2030 манъ кард. Дар Ҳиндустон тасмим гирифтаанд, ки то соли 2030 парки мошинҳояшонро аз электромобил зиёд намоянд. Бо ин мақсад ширкатҳои «Маики», «Рева электрик кар компанӣ» ва «Тата Моторс»- и Ҳиндустон истеҳсоли электромобилҳои арзонро ба роҳ монданд. Ҳоло электромобили «Mahindra E 20» арзонтарин электромобил дар ҷаҳон ба шумор меравад. Нақлиёти барқии мазкур дизайни зебо дошта, арзиши он ба 2500- 2700 доллар баробар аст.

 Президенти Беларус Александр Лукашенко низ чанде пеш электромобили тамғаи «Tesla»- ро ронда, ба олимони Академияи илмҳо ва Вазорати саноати кишвараш супориш дод, ки истеҳсоли ин гуна мошинҳоро ба роҳ монанд.

Агар Норвегияю Қазоқистон аз нефт бой бошанд, Қирғизистон, Украина, Беларус, Хитой ва Ҳиндустон мисли Тоҷикистон сӯзишвориро аз дигар кишварҳо ворид мекунанд. Пас чаро мо дар ин ҷода саҳлангорӣ мекунем?

Барои гузаштан ба электромобил таҷрибаҳои пешқадам зиёданд. Масалан, Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ тасмим гирифтааст, ки то соли 2020 ихроҷи газҳои гулхонаиро дар мамлакат 30 фоиз кам кунад. Бо ин мақсад ҳукуматдорон 25 фоизи парки мошинҳои хизматиро аз ҳисоби электромобил ташкил намуданд. Ҳукумати Эстония барои мансабдорони мақомоти давлатӣ 500 адад электромобил харидорӣ намуд. Истифодабарандагони электромобил танҳо барои пуркунии барқ пул мепардозанд, ки дар муқоиса ба нархи бензин арзонтар аст. Аз рӯи таҳлили мутахассисони соҳаи экология, дар шаҳрҳое, ки истифодаи электромобилҳо ба роҳ монда шудааст, ҳаво хеле тоза гардидааст.

Хуб мешуд, ки вазорату идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон низ минбаъд ба ҳайси мошини хидматӣ ба ҷои автомобил аз электромобил истифода баранд. Гузаштан ба электромобил, пеш аз ҳама бинобар доштани барқи арзон, вобастагии моро ба кишварҳои содиркунандаи нефт кам карда, аз мамлакат зиёд берун рафтани арзи хориҷиро пешгирӣ менамояд. Гузашта аз ин, рӯ овардан ба нақлиёти барқӣ  яке аз роҳҳои кам кардани ихроҷи газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера маҳсуб меёбад.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед