МАРДУМИ КУҲИСТОН БА ТАҶҲИЗОТҲОИ ОФТОБӢ МАЙЛ МЕКУНАНД

0
391
боздид

 

Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун минтақаи куҳҳои сарбафалаккашида, дорои обҳои зулол ва кишвари офтобӣ мешиносанд. Тибқи андешаи коршиносон соле дар мамлакат 280 – 320 рӯзҳои офтобӣ ба қайд гирифта мешавад. Ин рақам аз он бозгӯ мекунад, ки барои истеҳсоли энергияи офтобӣ дар кишвар имкониятҳои васеъ мавҷуд аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми декабри соли 2021 доир ба афзалиятҳои рақобатнокии иқтисоди кишвар ба ҳисоб рафтани истеҳсол ва истифодаи «энергияи сабз» сухан ронда истода, ба дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳ зоҳир намудани Ҳукумати мамлакатро ёдовар шуда, аз ҷумла чунин андешаро баён намуданд: «Истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла неруи офтоб ва шамол, ба манфиат буда, дар ин самт асосноккунии 3 лоиҳа бо иқтидори умумии 260 мегаватт оғоз гардидааст, ки дар панҷ соли оянда татбиқ карда мешаванд». Аз рӯи ҳисоби коршиносон, захираи энергияи офтобии Тоҷикистон тақрибан 25 млрд. киловатт/соатро дар як сол ташкил медиҳад, ки ин баробари талаботи яксолаи мамлакат ба неруи барқ аст.

Бо назардошти коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим имрӯзҳо дар Тоҷикистон ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои алоҳидае мавҷуданд,  ки дар самти амалигардонии истифодаи нерӯи офтоб дар хоҷагидорӣ корҳои мушаххасро анҷом медиҳанд. Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон ва ҶСК «Системавтоматика» фаъолияти худро баҳри осон намудани шароити зист дар минтақаҳои дурдаст, ки аз нарасидани нерӯи барқ азият мекашанд, равона намудаанд.

Рӯзҳои 12-13 майи cоли ҷорӣ дар доираи лоиҳаи “Пешбурди коллекторҳои офтобӣ ва системаҳои фотоэлектрикӣ дар водии Зарафшон” бо мақсади корҳои фаҳмондадиҳии аҳолии ноҳияҳои Айнӣ ва Масчоҳи куҳӣ гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии сардори Ассотсиатсияи “Энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон” Диловар Маъмуров бо аҳолии деҳаи Марғузори ноҳияи Айнӣ ва деҳаҳои Даштак ва Падаски ноҳияи Масчоҳи Куҳӣ вохӯриҳо баргузор намуданд.

Бояд иқрор шуд, ки Даштак деҳаест, ки дар назди минтақаи баландкӯҳ (дар масофаи зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр) ҷойгир буда, обу ҳавои салқин дорад. Дар деҳаи Даштак 26 хоҷагӣ зиндагӣ ба сар мебарад,  шуғли асосии мардум зироаткориву чорводорӣ мебошад.

Тавре аз нақли сокини деҳаи Даштак Азизов Азизбек, ки ба сифати омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар филиали МТМУ № 12 фаъолият мекунад, бармеояд, 11 сентябри соли 2011 бо ташаббуси Пешвои миллат неругоҳи хурди обӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар деҳаи Падаск 105 хоҷагӣ бо шумули наздики 700 нафар зиндагӣ ба сар мебарад. Шуғли асосии аҳолӣ картошкапарварӣ, чорводорӣ ва занбӯри асалпарварӣ мебошад. Як нафар сокини деҳаи Падаск бо Ниёзов Шамсулмаҳмад, ки шуғли асосиаш устои хонасозӣ будааст, зимни суҳбат гуфт, ки Падаск куҳантарин деҳа дар водии Зарафшон буда, бо қалъаи Ҳисорак машҳур аст. Бино ба нақли ҳамсуҳбати мо ҳар сол муҳаққиқон аз кишварҳои Аврупоӣ омада, дар қалъаи Ҳисорак корҳои тадқиқотӣ мегузаронанд.

Шояд ҳамин омил бошад, ки мардуми деҳаи Падаск ба илмомӯзӣ шавқи беандоза доранд ва дар пойтахту шаҳри Хуҷанд ва маркази ноҳия дар бисёр соҳаҳо кор мекунанд. Фарзандони Ниёзов Ш. дар пойтахт ба сифати уролог, духтараш ҳамчун омӯзгор ва келинаш низ имсол дипломи Донишгоҳи тиббиро хоҳад гирифт ва дар хизмати халқу ватан ба фаъолият хоҳад пардохт.

Ниёзов Ш. аз баргузории семинари омӯзишӣ изҳори хурсандӣ намуда, таъкид дошт, ки аксари аҳолӣ доир ба таҷҳизотҳои офтобӣ маълумот надоштанд ва бо гирифтани донишҳои нав аз чорабинии маърифатӣ фаҳмиданд, ки таҷҳизотҳои офтобӣ чӣ гуна метавонад ба иқтисодиёти хоҷагиҳо кумак расонад ва харҷи беҳударо пешгирӣ намояд.

Сокини деҳаи Ғузн Ҳомидов Мирзонозим, ки дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳи Куҳӣ аз соли 2009 то соли 2015 фаъолият доштааст, бинобар мавҷуд набудани корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди ноҳия вазъи экологии ноҳия, бахусус унсурҳои муҳити зист-ҳаво, хок ва обро тозаву беолоиш арзёбӣ намуд. Ҳамин аст, ки меваҳои ин минтақа (зардолу, олу, себ) хеле хушмаза ҳастанд. Соҳаи чорводорӣ низ хеле хуб рушд намудааст.

Мавсуф айни замон дар ташкилотҳои хориҷӣ барои амалӣ гардидани лоиҳаҳои муҳитзистӣ ба сифати мушовир фаъолият дорад, гуфт, ки баъд аз таъсисёбии ноҳияи Масчоҳи куҳӣ соли 1996 шумораи аҳолӣ 18000 нафар буд, айни замон шумораи аҳолӣ ба 23 000 нафар расидааст. Ҳамасола дар деҳаҳо нуқтаҳои тиббӣ ва мактабҳои нав бунёд шуда истодаанд.

Тавре аз суҳбат бо Ниёзов Ш. маълум гашт, мардуми деҳа нисбати идоракунии партовҳо хеле эҳтиёткорона муносибат мекунанд, масалан, боқимондаи маводи хӯрока (пӯчоқи сабзӣ ё картошка) ҳамчун ғизои серкалория ба чорво дода мешавад.

    Ҷ. Яқубов, “Инсон ва табиат”

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед