Маърифати экологӣ — заминаи устувори ҷомеа

0
2604
боздид
Инсон аз аввали пайдоишаш бо табиат дар робитаи мунтазам қарор дошт.

Маърифати экологӣ — заминаи устувори ҷомеа

Инсон аз аввали пайдоишаш  бо табиат дар робитаи мунтазам қарор дошт. Аммо дар ибтидо фаҳмиши инсон нисбат ба қонуниятҳои  муҳити зист хусусияти илмӣ надошт.

Аз замони пайдоиши одам то нимаи авали асри ХХ инсон фақат як қисми табиатро барои ғизову озуқа истифода мебурд. Бо гузашти вақт манбаъҳои дониши экологии инсон такмилу инкишоф ёфтанд. Муҳақиқону олимони барҷастаи дунё  ба мисли Арасту, Э.Гегел, К.Линей, Ж.Б. Ламарк аз ҷумла олимони форсу тоҷик ба мисоли Муҳаммад Закариёи Розӣ, А.Форобӣ, А.И.Сино, Ал –Берунӣ, Н.Хусрав, А.Дониш ва дигар олимони барҷаста оид ба табиат ва истифодаи оқилонаи он маълумоти мукаммал дар шакли назму наср пешкаш намуданд.

Дар гузашта таъсири инсон фақат ба олами ҳайвоноту наботот бештар мушоҳида карда мешуд. Ҳоло бошад дар натиҷаи  тараққиёти илму техника инсон ба тамоми  қабатҳои ҳаёти олами атмосфера, гидросфера, умуман ба кулли таъсири худро мерасонад.

Аз ин ҷост, ки проблемаи асосии инсоният дар ибтидои асри 21 масъалаи ҳифзи муҳити зист буда, онро бояд ҳама дарк намоянд. Зеро яке аз сарчашмаҳои асосии саломатии инсон ва тараққиёти соҳаҳои  хоҷагии халқ дар муҳофизат кардани табиат ва самаранок истифода бурдани ҳамагуна сарватҳои он мебошад. Аз ин рӯ муносибати оқилонаи  инсон бо табиат торафт беҳбудӣ меёбад.

Аз беаҳамиятии инсон нисбати табиат дар кишварҳои ҷаҳон қабати серҳосили замин аз 2 то 3 ҳисса кам гардидаст. Миқдори газҳо дар атмосфера кам шуда, захираҳои оби нӯшокӣ дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон камёб шуда истодааст. Инсоният қотили 222 намуди ҳайвонот ва 139 намуди парандагон гардида, 267 намуди растаниҳо дар ҳолати нестшавӣ қарор дорад. Ҳар сол миллионҳо га заминҳои ҳосилхез ба харобазор табдил ёфта ва  чандин миллион га ҷангалзор нобуд мешаванд.

Ҳамаи ин инсониятро водор месозад, ки муносибаташро ба муҳити зист куллан тағйир диҳад.

Худи инсон низ қисми таркибии табиат буда, ҳодисаҳои табиӣ ба ӯ бетаъсир намемонанд. Аз ин хотир мо бояд мавқеи худро нисбат ба табиат муайян сохта, бойгарии онро эътироф намоем, онҳоро сарфакорона истифода бурда, дар барқароркунии ин сарватҳо саҳм гузорем.

Манбаъҳои табиӣ бахусус, олами ҳайвоноту наботот, сарватҳои зеризаминӣ, манбаъҳои обӣ ва дигар бойигариҳои муфиди табиии ин диёри зебову хушманзарамон мувофиқи ташхис ва хулосаи лабораторӣ аз ҷиҳати экологӣ тозатарин эътироф шудаанд. Мо бояд шукргузори чунин бойгариҳои табиат бошем ва вазифаи ҳар кадоми мо ҳаст, ки ин табиати афсунгар ва муъҷизаофарро ҳамеша муҳофизат намоем.

Бинобар ин пеш аз ҳама дар шуури одамон маърифатьи экологиро парвардан ва баланд бардоштан зарур аст. Яке аз ҷанбаъҳои  тарбияи донишҷӯёну хонандагон ин таълимӣ фанни экология мебошад.

Боигарии табиат ганҷинаи беҳамтои халқ буда, ҳифзи табиат ва сарватҳои гаронбаҳои он ҳифзи Ватан мебошад. Бо баландшавии сатҳи зиндагии сокинони шаҳр ва ноҳияҳо, сохтмони хонаву мағоз ва дигар иншоотҳои хоҷагии халқ вобаста ба тараққиёт ва фаъолияти онҳо партовҳо ба вуҷуд меоянд. Сол аз сол масъалаҳои  ба танзим даровардани ҷойгиронии партовҳо яке аз проблемаҳои рӯзмарра мегардад. Гарчанде дар ин самт пешравиҳо мавҷуд бошанд ҳам, ҳанӯз аз  тарафи шахсони алоҳида  ва идораву  муасиссаҳо қонунвайронкунӣ ба чашм мерасад.Дар бисёр маврид аз тарафи сокинон партовҳои маишӣ ва рӯзгор  дар ҷойҳои номувофиқ ҷойгир ва партофта мешаванд, ки ин аз як тараф ҳусни табиатро коста мегардонад ва аз тарафи  дигар боиси сар задани ҳар гуна касалиҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ мегардад

Бинобар ҳамин  аз тарафи мутахасиссони Раёсати  ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шаҳру навоҳӣ мунтазам байни аҳолӣ ва толибилмони мактаби таҳсилоти  ҳамагонӣ семинар, вохӯриҳо ва суҳбатҳо оид ба нигоҳубин  ва муносибати  нисбати сарватҳои табиат гузаронда мешаванд.

Итминони комил дорем, ки мардуми  соҳибмаърифати  диёрамон ин масъалаи  муҳимро ба инобат гирифта, манзараи зебои  гирду атрофро боз ҳам  зебову  обод мегардонад, зеро «Табиат хонаи инсон»  «Ободии табиат-ободии Ватан аст».

                                 П. Ғуломҳайдарова 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед