Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе 

0
1166
боздид
Дар МБГ-2 Душанбе системаи назорати автоматикикунонидашудаи SEMS васл карда шудааст.

 Вазъи экологии маркази барқу гармидиҳии

№2-и шаҳри Душанбе

Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе  корхонаи афзалиятдоштаи партовҳо ба ҳавои атмосфера мебошад, ки дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе воқеъ гардидааст.

Дар МБГ-2 Душанбе барои пешбурди назорати доимӣ ҷиҳати партовкунии чанг, оксиди сулфур, оксиди нитроген системаи назорати автоматикикунонидашудаи SEMS васл карда шудааст. Барои дошта гирифтани дуда, дастгоҳи полоишии дорои самаранокии 99,8% безараргардонии оксиди сулфур дастгоҳи самаранокиаш 95% ва безараргардонии оксидҳои нитроген дар системаи баландҳарорат амалӣ карда мешаванд. Мувофиқи нақша-чорабиниҳои корхона дар муддати панҷ сол як маротиба таъмири системаи полоишӣ ба маблағи 500 000 доллари ИМА барои таъмир ва ивази полоишҳои остиншакл пешбинӣ карда шудааст. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки фаъолияти МБГ-2 мавсимӣ буда, дар фасли сармо ба кор даромада, дар як сол то 4 моҳи тақвимиро дарбар мегирад. Айни замон МБГ-2 бо иқтидори истеҳсолии 400 МВт фаъолият карда, як қисмати шаҳри Душанберо бо гармӣ таъмин намуда истодааст. Аз тарафи шуъба ҳамасола фаъолияти корхона зери назорат қарор мегирад. Ҳаҷми партовҳои навбати якум ва дуюми корхона ба ҳавои атмосфера айни замон зиёда аз 10607.33 тоннаро дар як сол ташкил медиҳад. Дар асоси ташхисҳои Маркази назорати таҳлилӣ то имрӯз миқдори моддаҳои зараровар дар таркиби партовҳои МБГ-2 аз меъёри муқарраршуда зиёд ба қайд гирифта нашудааст. Ғайр аз ин, МБГ-и шаҳри Душанбе воқеъ дар кӯчаи Қаҳҳоров, дегхонаҳои ғарбӣ ва шарқӣ низ манбаи партовҳо ба ҳавои атмосфера ба шумор мераванд, ки ҳаҷми партовҳояшон дар маҷмӯъ 902,188 тоннаро ташкил медиҳанд.

Соли 2017 аз тарафи маъмурияти Маркази барқу гармидиҳӣ барои иҷрои чорабиниҳо дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера, аз ҷумла иваз намудани полоишҳои остиншакл ва таҷҳизонидани дастгоҳҳои полоишӣ барои дегхонаҳои шарқию ғарбӣ 10550,66 сомонӣ ва барои МБГ 2-и шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 4893336 сомонӣ сарф карда шудааст.       

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед