Маркази “Орхус” –и шаҳри Душанбе дар меҳмонии донишҷӯён

0
612
боздид
Вохӯрӣ дар факултети журналистикаи ДМТ бо намояндагони маркази "Орхус" ва САҲА.

 Маркази “Орхус” –и шаҳри Душанбе дар меҳмонии донишҷӯён

Дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи милии Тоҷикистон дар доираи маҳфили навбатии кафедраи журналистикаи байналхалқӣ “Паҳно” бо иштироки намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази “Орхус” дар шаҳри Душанбе ва устодону донишҷӯёни факултет вохӯрӣ баргузор гардид.  Нахуст сарвари факултети журналистика Исматов Саъдӣ ҳозиринро  хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки ин ҷамъомад ба ташаббусҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили об ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018 -2028”  бахшида шуда, тарғиби ғояҳои истифодаи оқилона ва сараноки об аз тарафи донишҷӯёни факултети  журналистика ва дарки оқибатҳои истифодаи нодурусти он  мебошад.  Сардори маркази Орхуси шаҳри Душанбе Сулҳия Содиқова   Моҳияти Конвенсия “Орхус” ва Даҳсолаи байналмилалии амал  “Об барои рушди устувор 2018 -2028”-ро ба донишҷӯён фаҳмонида изҳор дошт: “Тоҷикистон ба якчанд Конвенсияҳои байналмилалӣ доир ба ҳифзи муҳити зист  шомил мебошад.  Яке аз онҳо Конвенсияи байналмилаии “Орхус” аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 онро имзо кардааст. Моҳияти конвенсияи мазкур ин дастрасӣ ба иттилоот, иштироки ҷомеа дар раванди қабули қарорҳо ва адолат дар масъалаҳои муҳити зистро таъмин мекунад. Ба онҳое, ки  дархости гирифтани иттилооти экологӣ доранд ба онҳо расонидани он ва дастгирӣ кардани онҳо дар ҳолатҳои зарурӣ мебошад”.

Сипас ёвари барномаи экологӣ дар дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъ дар шаҳри Душанбе  Фирӯза Ҳоҷиева зимни суханронӣ  иброз намуд, ки САҲА дар Тоҷикистон дар се самт амал мекунад, ки яке аз онҳо масоили иқтисодӣ ва экологӣ мебошад.  САҲА дар ҳафт шаҳрҳои ҶТ : Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Ғарм, Бохтар, Ҷайҳун ва Турсунзода барои тадбиқи конвенсияи “Орхус” дастгирӣ мекунад. Марказҳои “Орхус” дар маҳалҳои худ ҳамчун манбаи маълумоти экологӣ ба шаҳрвандон хизмат мекунад ва вобаста ба масъалаҳои хоси минтақаи худ чорабиниҳои огоҳонӣ ва фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Инчунин  тадбиқсозии принсипҳои иқтисоди “сабз” –ро дастгирӣ менамояд. Рушди устувор бидуни истифодаи самараноки захираҳои табии ба амал омада наметавонад. Воқеан идоракунии устувори захираҳои табии яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам бурун аз он ба шумор меравад.

Дар давоми ҷамъомад устодони факулта  Бахтиёр Қутбиддинов ва Сангин Гулов  оид ба масоили об ва муҳити зист ибрози назар намуданд.

Баъдан аъзоёни маҳфили “Паҳно” бо истифода аз навор доир ба иқтисоди “сабз” ва масъалаҳои мубрами ҷомеаи башарӣ доир ба истифодаи оқилона ва самараноки об, ҳифзи захираҳои оби сайёра,  мушкилоти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар бархе аз мамолик  баромад карданд. Инчунин дар анҷоми нишаст игтирокчиён ба саволҳои аз ҷониби  мутахассисони соҳа ҷавоби қонеъкунанда гирифтанд.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед