МУАММОИ АЗБАЙНРАВИИ ПАЛАНГИ ТӮРОНӢ

0
1304
боздид

Аз тадқиқотҳои олимон:

Дар шӯъбаи табиа­ти Осорхонаи миллии Тоҷикистон хӯсаи “гурбаи бузургҷусса”-и пӯсташ рах-рах, ки ҷангалҳои ним­биёбонии Осиёи Маркази­ро макони зист ихтиёр кар­да буд, ба чашм мерасад.

Ин хӯсаи паланги тӯронӣ аст, ки бо таъсири антро­погении инсон, мисли ши­кор ва буриши ҷангалҳо аз байн рафт. Мутаассифона аз байн равии ин ҳайвони зебо пурра ба виҷдони ин­соният вобаста аст.

Баъди ба ҳадди нестӣ раси­дани паланги тӯронӣ, олимон аз кишварҳои гуногуни Шуравӣ ав­валан ба омӯзишу пажуҳиши аре­али зисти он пардохтанд. Дар натиҷаи пажуҳишҳо, эҳтимолияти барқарор кардани популятсияи паланги тӯронӣ дар се макон му­айян карда шуд. Якум, ҷои нис­батан мувофиқ барои барқарор кардани популятсияи ин ҳайвони зебо дар Тоҷикистон – мамнуъгоҳи Бешаи палангон мебошад. Ҳамон мамнуъгоҳе, ки тибқи баъзе ақидаҳо охирин паланг дар солҳои 70-уми асри гузашта нобуд шуда­аст. Аммо олимон ба чунин хулоса расиданд, ки бо далели маҳдуд бу­дани масоҳати мамнуъгоҳ(қариб 60 ҳазор гектар) ва аз ҳама тарафи он воқеъ гаштани майдонҳои кишт ва мавзеҳои аҳолинишин зиёд кардани популятсияи паланги тӯронӣ имкон надорад.

Дуюм макони муайяншуда минтақаи навоҳии Аралро дар­бар мегирад. Дар он ҷо майдони тугайзорҳои зебо домани васеъ паҳн кардааст, вале ин дарахтон ҳоло ҷавонанд ва тақрибан 15 сол лозим аст, ки шумораи паланги тӯронӣ ба қадри зарурӣ зиёд карда шавад. Сеюм, ҷои нисбатан мувофиқро кор­шиносон барои зиёд намудани по­пулятсияи паланги тӯронӣ наздикии дарё ё ҷануби Балхаш меҳисобанд.

Ҳамин тариқ, соли 1970 бо да­холати инсон паланги тӯронӣ аз рӯи Замин ба пуррагӣ ба нестӣ рас­ид. Танҳо баъди азбайнравии ин ҳайвони нодир, инсоният дарк на­муд, ки маҳз фаъолияти нодурусти ӯ чунин оқибатро ба бор овардааст. Ба ин бовар кардан душвор аст. То ин замон муҳаққиқон нисбати оқибатҳои ногувори аз байнравии ин ҳайвон корҳои зиёди илмӣ ба анҷом расониданд.

Табиист, ки дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баъзан хабарҳо дар бораи гӯё дучор ома­дан бо паланги туронӣ ё изи он паҳн мегардид, ки ба ин бовар кар­дан душвор аст, вале баъзе қиссаҳо ҷолиби таваҷҷуҳанд.

Ба гуфтаи олими тоҷик Рустам Муратов дар солҳои 70-ум, ки ӯ аъ­зои маҳфили кишваршиносӣ буда­аст, моҳи августи соли 1970 ҳангоми дар мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” қарор доштанашон ҷангалбон ома­да дар бораи пайдо кардани изи ҳайвони бузургҷусса хабар медиҳад. – Роҳбари мо ба мутахассисони Мо­скав муроҷиат намуд. Аз Москав му­тахассисон омада тасдиқ намуданд, ки ин изи паланги туронӣ аст. Баъди гузаронидани тадқиқот онҳо ба ху­лосае омаданд, ки паланг ба ин ҷо аз ҷониби Афғонистон, аниқтараш аз ҷазирачаҳои миёни дарёи Панҷ, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз ҳастанд, ворид гаштааст.

Зоологҳо ба он умед баста буданд, ки паланги туронӣ дар ҷазирачаҳои ҳаммарз боқӣ мондааст, аммо ин умед баъди ворид шудани артиши Шуравӣ ба хоки Афғонистон барбод рафт.

Соли 2006 дар матбуоти Қазоқистон матлабе дарҷ гардид, ки дар он нақли як сокини ш. Ал­маато, ки дар кӯли Балхаш бо моҳидорӣ машғул будааст ва гӯё сояи палангбачаҳоро дида бошад, оварда шудааст, аммо баъдан маълум меша­вад, ки ин матлаб бинобар надошта­ни далели аниқ сенсатсияе беш нест.

Директори Муассисаи давла­тии Маркази гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ, номзади илмҳои биологӣ Убайдулло Акра­мов зимни суҳбат иброз дошт, ки дар Тоҷикистон шикори оммавии паланг умуман вуҷуд надошт. Ва тавре дар сарчашмаҳои гуногун менависанд, ҳатто охирин палан­ге, ки дар ҷумҳурии мо соли 1954 дидаанд, кушта нашудааст, баъди он боре ҳам дучор нашудааст. Дар ҳудуди зисти паланги туронӣ шу­мораи зиёди хукҳои ёбоӣ, гаваз­ни бухороӣ, ғизолҳо ва харгӯшҳои зиёд, ки хӯроки асосии ин ҳайвон маҳсуб меёбанд, мавҷуд буданд. Паланги тӯронӣ қобилияти тай кардани садҳо ва ҳатто ҳазор кило­метрро дорад ва ҳангоми шикор бе­штар ба ҳайвоноти пир, носолим, аз наслдиҳӣ боз монда, маҷрӯҳ буда ва дар муҳити атроф дар ҷангалзор ё найзор, руст монда дармеафтад.

Дар солҳои 30 -юми асри XX паланги тӯронӣ дар соҳилҳои Амударё ва мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» ва ҳудуди сарҳадоти Афғонистон ба мушоҳида мерасид. Мувофиқи ҳуҷҷати тасдиқкунанда паланги тӯронӣ дар охирҳои солҳои 40- ум ва аввалҳои солхои 50ум-и XX дар ҳудуди собиқ шӯравии Осиёи Миёна ба қайд гирифта шудааст. Бори охир паланги тӯрониро дар минтақаи Копетдаг (Туркмени­стон) наздики марзи Эрон 10 ян­вари соли 1954 дидаанд.

Бояд гуфт, ки айни замон дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ҳамшабеҳи паланги тӯронӣ дигар зернамудҳо, аз қабили паланги кас­пий ва паланги амурӣ мавҷуданд.

Макони зисти паланг дар минтақаҳои касногузар ва дар минтақаҳои сангзор, қамишзор, да­рахтзор, бешазор, ғор, зери дарах­тони бодшикаста ҷойгир шуда буд. Бачаҳои паланг ҳангоми тавалуд чашмашон пӯшида аст ва баъди 6-8 рӯз чашмонашон боз мекунанд. То 6 моҳагӣ аз модарашон шир мехӯранд.

Паланг барои бехатарии бачаҳояш ва ҷалб нашудани ҳашароту магасҳо, дигар ҳайвонҳои ваҳшӣ таҳдидкунанда, онҳоро ба дигар лонаи нав мекӯчонад.

Палангбачаҳо зери назорати мо­дарашон ба воя мерасанд. Палангҳои ҷавон дар 8 ҳафтагӣ қобилияти на­зорат карданро аз рафторҳои мода­рашон меомӯзанд. Палангҳои ҷавон баъди 18 моҳагӣ мустақил мегар­данд, аммо бо ҳамроҳии модарашон то 2-3 солагӣ, баъзе ҳолатхо то 5 солагӣ модарашонро тарк намеку­нанд.

Баъди мустақил шудан палангбачаҳо дар мавзеи на он қадар дур аз ҳудуди модарашон сукунат мекунанд. Аммо палангҳои нарина барои дарёфти хӯрока ба масофаҳои нисбатан дур мераванд.

Паланги модина дар 3-4 солагӣ болиғ мегардад, паланги нарина бошад дар 4-5 солагӣ. Дар давраи ҳаёташ паланги модина аз 10 то 20 сар бачаи паланг ба дунё меорад. Мувофиқи мушоҳидаҳо қисми зиё­ди палангҳо дар ҷавониашон мефав­танд. Давомнокии ҳаётгузаронии паланг то 26 сол аст.

Бо таъсири доимии фаъолияти инсон ва табиатистифодабаранда­гон, тағйир ёфтан ва маҳдуд гаштани муҳити ғизогирии паланг, 95% — и популясияи паланг аз байн рафта­аст. Дар аввали асри XX саршумори паланг зиёда аз 100 000 дар табиати ёбоӣ буд. Дар сад соли охир саршу­мори он ба 3500-4000 сар омада рас­идааст, ки ин хатари аз байнравии намудро пурра ба миён овардааст.

Паланг пеш аз ба даст овардани сайди худ, аввал об нӯшида, баъдан як-ду соат муҳити атрофи объекти сайдро аз назар мегузаронад, си­пас усули шикори сайдро интихоб карда аз қафои он лаҳзаи муайян мушоҳида ва баъдан ба сайд дарме­афтад.

Дар палангон, қобилияти зуд ин­кишоф ёфтани дандонҳои ашк дар ҷараёни эволюсия ташакул ёфтааст, ки он дандонҳо ҳамчун яроқи асосии шикор ва беҳаракат кардани сайд, инчунин муҳофизат аз душманҳои табиӣ мањсуб меёбанд.

Мувофиқи маълумотҳо аз давраи пайдоиши популятсияи паланг то имрӯз шумораи он вобаста аз кам шудани ғизо ва маҳдуд гарди­дани сукунати палангон ва муҳити ғизогириашон коҳиш ёфтааст.

Дар асоси маълумотҳои палеонтологӣ байни намудҳо палангҳои Осиёи Ҷанубию Ғарбӣ ва Осиёи Марказӣ монандии андозаи бадани паланг, вазни онҳо ба назар мерасад ва паланг ба ин минтақаҳо аз Шимолу Шарқии Ҳиндустон ва ба минтақаи Сибир аз Шарқии Қазоқистон ворид гардидааст.

Бино ба қавли коршиносон паланг дар як сол наздики 60 адад ҳайвон мехӯрад. Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ дар ин мавзеъ 65%-и рат­сиони ғизои палангро хуки ваҳшӣ ва 25%-и ғизои онро оҳу ташкил медиҳад. 10% -и боқимондаи хӯроки он — ғизол, гавазн, гусфанди куҳӣ мувофиқ меояд. Ин се намуд аз рӯи шумора зиёдтар буданд, вале на дар ин ҳудуд, ки паланг зиндагӣ кар­данро ихтиёр мекунад, балки наздик ба биёбон ҳастанд.Қисме аз он ба ареали паланг мувофиқ меояд, ма­салан, ҷейранҳоро имрӯз дар ареа­ли растаниҳои буттагӣ дучор омадан мумкин аст.

– Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки экосистемае, ки дар он паланг макони зист ихтиёр намуда буд, ҳамеша дар ҳолати идеалӣ қарор дошт. Ба ҷуз ин, паланги тӯронӣ аре­али зисти худро дар аввалҳои асри 20 аз инсон муҳофизат мекард.

Оё популятсияи паланги тўрониро метавон барқарор намуд?

Албатта популятсияи он наму­ди паланги тўрониро, ки дар Осиёи Марказӣ қаблан сукунат дошт, барқарор кардан аз имкон берун аст. Вале олимон собит намуданд, ки аз нигоҳи генетикӣ наздик- паланги амурӣ, ки айни замон дар ҳолати азбайнравӣ асту дар Шарқи Дур су­кунат дорад, онро ба Қазоқистон оварда, барои барқарор намудани популятсияи нестшуда кӯшиш кар­дан мумкин аст.

Овардани паланг аз Шарқи Дур кори нисбатан осон аст, аммо барқарор кардани экосистемаҳо кори хеле душвор мебошад. Ба­рои барқарор кардани ҷангалҳои туғайзор, ки дар ҳоли харобшавӣ қарор доранд, аввалан таъмини муътадили ҷоришавии об, коҳиш додани истифодаи онро барои хоҷагидорӣ, ки 50%-и об беҳуда сарф шуда истодааст, ба роҳ мон­дан лозим меояд. Бояд сӯхторҳои ҷангалро пешгирӣ намуд, бо бури­ши ғайриқонунии ҷангал мубориза бурд, нагузошт, ки чорвои аҳолӣ дар мамнуъгоҳ чарад.

Дуюм омили асосӣ – базаи хӯрока мебошад. Барои мавҷудияти як паланг дар як сол аз 50 то 60 адад ҳайвоноти ширхўр — хукҳои ваҳшӣ, ғизол, харгӯшҳо лозим аст. Айни замон шумораи ҳайвоноти ҷуфтсум тақрибан 10 маротиба кам шуда­аст. Бояд шумораи ғизол, харгӯшҳо ва дигар ҳайвонот зиёд карда ша­вад. Ҳамзамон ба ин ҷо якчанд адад гавазнҳои бухороӣ овардан зарур аст. Барои овардани гавазн ба ҷойҳои идеалӣ бояд муҳофизати онро ба роҳ гузошт. Ва ҳамин тавр, занҷираро, ки яке бе дигаре наметавонад вуҷуд дошта бошад, барқарор кардан ло­зим аст.

Тадқиқотчиён аз шуъбаи мо­сквагии WWF-и Университети ш. Ню-Йорк таърихи намуди палангро омӯхтанд, ки барои бунёди модели реинтродуксияи он кӯмак расонид. Бино ба навиштаи тадқиқотчиён популятсияи палангҳои туронӣ дар гузашта майдонҳои васеъро дарбар мегирифт, яъне дар ҳар 100 киломе­три квадратӣ ду се адад паланг рост меомад.

Ҷои дӯстдошта барои зисти ин ҳайвонот – мавзеъҳои растаниҳои буттагӣ и қамишзорҳо, ки дар на­здикии обанборҳои табиӣ (дарёҳо ё дарёчаҳо) ҷойгиранд, маҳсуб меё­бад. Дар робита ба ин муаллифо­ни тадқиқот бо назардошти мако­ни мувофиқ будани навоҳии атро­фи кӯли Балхаш (ҷанубу шарқи Қазқистон) пешниҳод намуданд, ки барои барқарор намудани популя­тсияи ин ҳайвон боғи миллӣ бунёд карда шавад. Ҳамзамон макони мувофиқ барои паланг соҳилҳои дарёи Или, ки аз ҷониби ғарб ба Балхаш мерезад, ба ҳисоб меравад.

Майдони умумии ҳудуди ишора­гашта ҳафт ҳазор километри квада­ратиро ташкил мекунад. Ба андешаи олимон ин масоҳат барои ҳаёт ба сар бурдани 70-100 адад палангҳои тӯронӣ дар давоми 50 сол басанда аст.

Вале ин кор саҳлу осон нест, дар сурати тасдиқ гаштани ин мав­зеъ ба экологҳо зарурат пеш мео­яд, ки барои пешгирии таназзу­лёбии минтақаи наздисоҳилӣ, ки сӯхторҳои бисёркарата рух дода меистанд, саъю талош намоянд. Ба ҷуз ин барои палангҳо базаи хӯрока – он ҳайвоноте, ки манбаи шикори палангҳо буданд ва ин ҷойҳоро тарк намудаанд, барқарор кардан лозим меояд. Барои барқарор кардани по­пулятсияи онҳо ками дар кам панҷ сол вақт лозим аст, қайд мекунанд мутахассисон.

Боз як вазифаи экологҳо ин аст, ки ба таъмини реҷаи муътади­ли ҷоришавии оби кӯли Балхаш ва дарёи Или мусоидат намоянд. Дарёи Или аз ҳудуди Чин ҷорӣ мешавад. Ҳукуматдорони Қазоқистонро зарур мешавад, ки бо мақсади ба вуҷуд овардани шароити имкон­пазир барои популятсияи паланг атрофи таҳияи барномаи ҳамкории байналмилалӣ андеша намоянд.

Бори дигар ёдовар мешавем, ки бино ба пажуҳишҳои анҷомшуда, популятсияи паланги тӯронӣ тайи солҳои 30-юми асри XX дар соҳилҳои Амударё (мамнуъгоҳи Бешаи палангон” дар мавзеъҳои ҳаммарз бо Афғонистон) сукунат доштанд.

                                            Ҷамолиддин Яқубов, «Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед