МУАММОИ ПАКЕТ ВА ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКӢ

0
3902
боздид
Зарфҳои пластикӣ пеши обро банд намуда, мушкилот эҷод мекунанд.

МУАММОИ ПАКЕТ ВА ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКӢ

Шуруъ аз солҳои 90-уми асри гузашта ба зарф ва пакетҳои пластикӣ бинобар сабаби арзон будан ва имкони истифодабарӣ барои нигоҳубини ҳама гуна маҳсулот талабот зиёд гашт. Аммо таъсири манфии пакетҳои пластикӣ ба муҳити зист ба зудӣ эҳсос гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои даст кашидан аз истифодаи онҳо чораҷӯӣ мекунанд. Аз мушоҳидаҳо маълум мегардад, ки барои истеҳсоли партовҳои пластикӣ 4 фоизи истеҳсоли нафт рост меояд. Тибқи  ҳисобу китоби коршиносон дар як сол беш аз 4 триллион пакети пластикӣ дар гардиш қарор мегирад, ки аз таъсири он ҳамасола 1 миллион парандаҳо, 100 ҳазор ҳайвоноти баҳрӣ ва шумораи зиёди моҳиҳо ба нестӣ мерасанд.

 

Мушкилоти асосии партовҳои пластикӣ ин аст, ки онҳо ба пўсиш дучор намешаванд. Барои пӯсидани партовҳои пластикӣ садсолаҳо лозим аст. Ташкилоти умумиҷаҳонии ҷамъиятии “Барои табиат” маълум намуд, ки ҳар сол теъдоди зиёди ҷонварони обӣ, парандаҳо ва ҳайвоноти ширхур аз фурў бурдани партовҳои пластикӣ нобуд мешаванд. Ҳамчунин   ҳангоми дар ҳавои гарм паҳну парешон будани партовҳои пластикӣ дар натиҷаи сӯхтан аз таъсири нурҳои офтоб замин заҳролуд мегардад ва  ҳамзамон ва дар вақти баланд шудани гармии ҳаво дар ин минтақаҳо пайдо шудани касалиҳои сирояткунанда аз эҳтимол дур нест. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон экологҳо ба муқобили истифодаи пакет ва зарфҳои пластикӣ садо баланд мекунанд.

Сардори Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносии Кумита Сангин Самиев дар мавриди чораҷӯии кишвар ҳои олам барои даст кашидан аз истифодаи пакетҳои пластикӣ чунин андешаро баён дошт: — “Имрӯз дар як қатор кишварҳо барои истифодаи пакетҳои пластикӣ маҳдудият ҷорӣ гаштааст. Масалан, дар кишварҳои Дания, Олмон, Ирландия, ИМА, Танзания, Австралия, Англия, Латвия, Финландия, Исроил, Чин, Италия,  Ҳиндустон аз истифодаи пакетҳои пластикӣ даст кашидаанд.

Ҳамааш аз кишвари Тайван сар зад. Соли 2001 дар Тайван пластикаро душмани экология (муҳити зист) хонда, шуруъ аз соли 2003 фуруши пакетҳои полиэтилениро дар марказҳои тиҷоратӣ мамнуъ эълон карданд ва акнун ҳамаи харидорон бо борҷомаҳои латтагин вориди мағозаҳо мешаванд.

Ин ташаббуси Тайван дар кишвари Ирландия дастгирӣ ёфта, аз соли 2005 барои истифодаи пакетҳои пластикӣ дар ин кишвар “андози экологӣ” ҷорӣ гардид, ки ин ба коҳишёбии 90% истифодаи пакетҳои пластикӣ оварда расонид. Соли 2007 яке аз ҷазираҳои Австралия худро аз истифодаи пакетҳои полиэтиленӣ минтақаи озод эълон дошт. Соли 2008 Шӯрои давлатии Чин эълон дошт, ки истеҳсоли пакетҳо ба ҳадде бисёр аст, ки коркарди  ҳамаи он имконнопазир аст.

Дар Чин аз 1 июни соли 2008 барои истеҳсол ва фуруши пакетҳои тунуки полиэтиленӣ маҳдудият ҷорӣ гардид, дар супермаркетҳо тақсимоти ройгони онро манъ карданд. Дар сурати ба таври ройгон истифодабарии пакетҳои пластикӣ аз тарафи масъулони ҳукумати Чин ташкилотҳои тиҷоратӣ ва фурушгоҳҳои хусусӣ ба маблағи 10 ҳазор юан (баробар ба 1,428 ҳазор доллар)  ҷарима карда мешавад”.

Дар доираи Форуми байналмилалии экологии Тошканд (5-7 июни соли 2018) як ҷаласа ба мавзӯи муомилот бо партовҳо бахшида шуда буд. Яке аз маърӯзачиён қайд намуд, ки дар  Ӯзбекистон барои истифодаи пакетҳои пластикӣ аз моҳи январи соли 2019 як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ мегардад. Аз  ҷумла, аз 1 январи соли 2019 тақсимоти ройгони пакетҳои аз пленкаи полимерӣ тайёршуда манъ карда мешавад. Ҳамчунин барои истеҳсол ва вориди пакетҳо аз пленкаи полимерии ғафсиаш камтар аз 40 микрон дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон иҷозат дода намешавад. Як далели ҷолиби дигар аз Форуми Тошканд ин аст, ки оби нӯшокӣ дар зарфҳои шишагин ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд.

Роҳбари Департаменти ҳифзи муҳити зисти кишвари Эрон Исо Калонтарӣ дар моҳи июни соли равон аз ҳамаи ташкилотҳои бо Департаменти ҳифзи муҳити зист алоқаманд, даъват ба амал овард, ки обҳои дар зарфҳои пластикӣ гирифташударо харидорӣ накунанд. Ба андешаи олими шинохта ва мутахассис оид ба захираҳои обӣ Кова Маданӣ чунин тадбирҳо фарҳанги ҷомеаро тағйир дода, дар одамон масъулиятшиносиро нисбат ба беҳдошти табиат бедор мекунад. Тибқи калкулятсияи масрафи об, барои истеҳсоли 0,5 килограмм пластика 76 литр об зарур аст, яъне ин рақам бозгӯи он аст, ки барои истеҳсоли зарфи пластикӣ нисбат ба ғунҷоиши об миқдори об бештар масраф мешавад.

Дар хусуси дар кадом вазъ қарор доштани муомилот бо партовҳои пластикӣ дар Тоҷикистон сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумита Мақсатулло Мардонов зимни суҳбат чунин ибрози андеша намуд:

— Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдор оид ба муомилот бо партовҳо сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш бурда, ҳамчунин назорати давлатиро таъмин менамояд. Муомилот бо партовҳои гуногунсохт дар ҷумҳурӣ яке аз проблемаи мубрами рўз ба шумор меравад. Барои ҳалли мушкилоти пешомада моро зарур аст, ки аз таљҳизотҳои безараргардонии ҳозиразамон истифода бурда, барои коркарди дуюмбораи партовҳои пластикие, ки ҳоло дар партовгоҳҳо љамъ шудаанд, чораҳои зарурӣ андешем. Ҳамзамон зарур аст, ки аз истеҳсол ва истифодаи он давра ба давра даст кашем. Ба ҷои он истифода аз халтаҳои латагин беҳтар аст, зеро зарари он ба табиат нисбати ашёҳои пластикӣ чандин маротиба камтар мебошад. Дар ҳолати аз истифода баромадани он барои коркарди ашёи дуюмбора низ қулай ва безарар мебошад.

Чун аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, мусоидат ба корҳои ободонӣ ва тозагии маҳалу кўчаҳо ва соҳили дарёҳо вазифаи муҳими рўз ба шумор меравад.

Барои аз байн бурдани проблемаи мазкур дар Тоҷикистон кадбонуи ҳар хонадон метавонад аз матоъҳои зиёдатӣ барои хариди маҳсулот халтаҳои латагин тайёр намояд.

М. Мардонов зикр сохт, ки дар ҷумҳурӣ 26 сехҳои коркарди дуюмбораи партовҳо ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 9 сехи коркарди пластика, 7-адад сехи коркарди коғазпора, 8-адад сехи коркарди металҳои сиёҳ ва ранга ва 2-адад сехи коркарди пӯст мебошад. Аммо ин сехҳо талаботи имрӯзаро қонеъ гардонида наметавонанд. М. Мардонов дар охири суҳбат афзуд, ки масъалаи муомилот бо партовҳо бояд аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатии ҷумҳурӣ баррасӣ гашта ва ба Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи илман асоснокшуда ва тавсияҳо оид ба раҳоӣ ёфтан аз ин мушкилоти экологӣ пешниҳод гардад.

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед