Муаррифии Барномаи Ганҷҳои нопадидшаванда дар шаҳри Душанбе

0
274
боздид

17 сентябри соли 2019 дар меҳмонхонаи “Хилтон”-и ш. Душанбе ҷаласаи машваратӣ оид ба муаррифии Барномаи «Ганҷҳои нопадидшаванда» ба кори худ оғоз намуд. Дар ҷаласаи машваратӣ муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Саидумрон Назар иштирок ва сухани ифтитоҳӣ намуд. Зимни суханронии муовини Раиси Кумита зикр гардид, ки “баргузор намудани ин чорабинӣ дар радифи нуктаҳои баёншуда дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар дар робита ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва баррасии масъалаҳои ҳифзу нигоҳдории ҳайвоноти нодир, гуногунии биологӣ ва рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Яке аз масъалаҳои глобалии ҳалталаб дар раванди тағйирёбии иқлим ин муносибати нодурусти инсон ба табиат мебошад. Чунин муносибат сабабгори он гардидааст, ки бисёр намудҳои набототу ҳайвонот миқдоран кам ва баъзеашон ба дараҷаи нестӣ расида,  муҳтоҷ ба ҳифзу муҳофизат ва нигоҳдорӣ гаштаанд. Мисоли равшани ин, бабри барфӣ мебошад, ки яке аз ҳайвоноти нодиру зеботарини кўҳсорон ба шумор меравад. Мутассифона доир ба вазъияти популятсионӣ ва дигаргуншавии маҳалли сукунати он вобаста ба тағйирёбии иқлим маълумоти пурра ва дақиқ мавҷуд нест. Бинобар ин, амалишавии лоиҳаи «Ганҷҳои нопадидшаванда», ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи ҳифзи муҳити зисти Созмони Миллали Муттаҳид, Ассотсиатсияи муҳофизони табиати Тоҷикистон ва Донишгоҳи захираҳои табиӣ ва улуми табиии Вена барои омўзиши ин намуд, муҳити зист, идоракунии устувори он дар раванди дигаргуншавии иқлим, заминаи хуб хоҳад шуд”.

Пас аз қисмати расмии ҷаласа аз тарафи мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон ва коршиносони хориҷӣ доир ба ҳифзу нигоҳдории ҳайвоноти нодир, мисли бабри барфӣ ва барномаи “Ганҷҳои нопадидшаванда” ба иштирокчиён маълумотҳо тариқи рӯнамоҳо пешкаш карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки пагоҳ 18 сентябр семинари мавзӯӣ ба кори худ идома медиҳад, ки дар он мавзуъҳо барои коршиносони миллӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ ва идоракунии олами вуҳуш пешбинӣ гардида, дар он  маълумотҳои мавҷуда доир ба тағйирёбии иқлим, ошкор сохтан ва муҳокимаи талаботҳо ба маълумотҳои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои дахлдор дар асоси натиҷаҳо ва таҷрибаҳои лоиҳаҳо ва ташаббусҳои мувофиқ дида баромада мешавад. Ҳамзамон натиҷаҳои пешакии арзёбии осебпазирии намудҳои ҳайвонот мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор хоҳад гирифт. Ба андешаи коршиносон эҳтимол меравад, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим то соли 2070 аз се ду ҳиссаи макони зисти бабри барфӣ ғайри қобили истифода қарор гирад.

Маълумот доир ба Барнома:

              «Ганҷҳои нопадидшаванда» — Барномаи ташкилоти  СММ оид ба муҳити зист (UNEP) мебошад, ки барои дастгирии муҳофизати популятсияи намудҳои нодири ҳайвоноти минақаҳои куҳӣ, ба монанди паланги банғолӣ дар Ҳимолойи Ҳиндукуш (Бутан), бабри барфӣ дар Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон ва Қирғизистон) ва гориллаи кӯҳӣ дар минтақаи Вирунга (Руанда ва Уганда) равона гардидааст.          Барнома аз ҷониби Шоҳигарии Люксембург маблағгузорӣ гардида, барои таъмини ҳамоҳангӣ миёни мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва нигоҳдории гуногунии биологӣ бо роҳи беҳсозии нерӯи мутобиқшавии экосистемаҳои кӯҳӣ, ҳифзи намудҳои нодири ҳайвоноти кӯҳӣ, ки дар фаъолияти экосистема нақши калидӣ доранд ва мусоидат барои зист ба ҷамоатҳои маҳаллӣ нигаронида шудааст.

Таваҷҷуҳ!!!

Хонандагони азиз! Барои маълумоти бештар гирифтан бо Ассотсиатсияи муҳофизони табиати Тоҷикистон метавонед ба сомонаи www.tajwildlife.com ва Инстаграм: @tajwildlife муроҷиат намоед.

Ҷамолиддин Якубов, «Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед