МУКОФОТҲО БА ҒОЛИБОНИ ОЗМУН СУПОРИДА ШУД

0
985
боздид

Дар маҷлисгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зист 25 августи соли ҷорӣ маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмуни навовар дар самти истифодаи технологияҳои маҳаллӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки барои баргузори озмуни мазкур  Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ дар якҷоягӣ бо Шабакаи иқлимии ТҒД дар доираи Барномаи мутобиқшавӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи Баҳри Арал (CAMP4ASB) мусоидат намуданд.

Ғояи озмун дар он зоҳир меёбад, ки табодули таҷриба ва донишҳо дар соҳаи табиатистифодабарии устувор дар шароити тағйирёбии иқлим ва татбиқи васеи усулҳои мутобиқшавӣ миёни аҳолӣ ва деҳқонон ҳавасманд гардонида мешавад. Ҳадафи асосии он ошкор намудани таҷрибаи пешқадами амалисозии чораҳои мутобиқшавӣ дар сатҳи ҷамоаҳои маҳаллӣ ва миёни деҳқонон ба хотири паҳн намудани ин таҷрибаҳо дар оянда миёни аудторияи васеъ, ҳамчунин кумак расонидан барои паси сар кардани душвориҳо ва норасоии иттилоъ дар роҳ ба иқлими нисбатан устувор мебошад.   

Дар маросими супоридани мукофотҳо мутахассис аз Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳаои Кумита Ҳукуматшо Шарипов, ки дар ҳайати ҳакамон аз Тоҷикистон ширкат дошт, зимни кушодашаваии чорабинӣ баён намуд, ки таҷрибаҳои аз тарафи намояндагони Тоҷикистон пешниҳодгашта воқеан хеле ҷолиби таваҷҷуҳ буданд. Бо назардошти истифодаи таҷрибаҳои навоварона дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим  шаш нафар намояндагони Тоҷикистон бо гирифтани баҳои баланд аз ҷониби ҳакамон ба ҷойҳои намоён сазовор дониста шуданд.

Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон зимни сухани ифтитоҳӣ ғолибони озмунро табрик гуфта, чунин нуктаро баён дошт: — Мо агар бо ҳамдигар ҳамкорӣ дошта бошем, метавонем баҳри ҳифзи муҳити зист ва рушди истеҳсолоти маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза муваффақ мешавем. Шумо деҳонони навовар ва соҳибкорон метавонед ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист такя намоед, мо дастгирӣ мекунем то маҳсулотҳои аз лиҳози экологӣ тоза ва безарарро барои мардумамон пешкаш намоем. Шумо асосан нафароне ҳастед, ки ҳамарӯза дар асоси кори ҳаррӯзаи амалиатон таҷрибаҳои навро дар истеҳсолот ҷорӣ менамоед.

Ҳамчунин дар назди ҳозирин роҳбари Шабакаи иқлимии ТҒҲ — Юрий Скачилов ва сардори шуъбаи тоҷикистонии Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ Вайсиддин Саидов ба сухан баромада, амалӣ шудани чунин озмунҳоро барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим иқдоми саривақтӣ ҳисобида, барои ҳамкориҳои судманд ва дастгирии ҳамаҷониба аз роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуданд.        

Намояндаи ташкилоти ҷамъиятӣ аз ш. Хуҷанд Султонова Манзура зимни суханронӣ бо сипосгузорӣ аз дастгирии роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист таъкид ба он дошт, ки воқеан сохторҳои мухталиф, яъне ҳам мақомотҳои давлатӣ, кишоварзон ва соҳибкорон нуқтаи расиши ҳамкории байниҳамдигарро пайдо намудаанд, ки ин метавонад барои расидан ба натиҷаҳои назаррас кумак намояд, бахусус дар ҳамин даврае, ки масъалаи баланд бардоштани маҳсулнокии зироатҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон хеле актуалӣ гаштааст.  

Ёдовар мешавем, ки озмун дар се самт (номинатсия)-и таҷрибаҳои беҳтарин ҷамъбаст гардид: Якум, таҷрибаҳои устувории иқлимӣ дар соҳаи кишоварзӣ, дуюм, таҷрибаҳои беҳтарин дар самти идоракунии устувори захираҳои замин (бо шумули истифодаи чарогоҳҳо ва ҷангалистифодабарӣ), сеюм, таҷрибаҳои беҳтарин дар бахши истифодабарии захираҳои об.

Дар самти таҷрибаи устувории иқлимии кишоварзӣ, ба гирифтани ҷои аввал деҳқонзан аз деҳаи Деҳқонободи ш. Ҳисор Ахмедова Мавлуда барои “Парвариши картошка дар халтаҳо”, ба гирифтани ҷои дуюм деҳқонзан Маматқулова Мавҷуда барои бунёди “Гармхонаҳо”, ба гирифтани ҷои сеюм деҳқонзан Бозорова Ҳафиза доир ба “Мубориза бо касалиҳои растаниҳо бо ёрии хокистар ва фитопеститҳо” сазовор шуданд. Дар таҷрибаи беҳтарин дар бахши идоракунии устувори захираҳои замин ҷойҳои дуюму сеюм низ ба намояндагони Тоҷикистон – Малоҳат Бузурова бо таҷрибаи хеш “Мубориза бо хушкшавӣ дар полез бо роҳи кишт ва парвариши қаторҳои офтобпараст ва ҷуворимакка ” ва Юсупов Шароф аз н. Қубодиён дар номинатсияи “Парвариши бодом дар якҷоягӣ бо овёс” насиб гашт. Дар самти таҷрибаҳои беҳтарин дар бахши истифодабарии захираҳои об намояндагони ташкилоти ҷамъиятии “Саодат” Рашидов Н. ва Султонова М. барои навоварии “Технологияҳои обтаъминкунӣ ва назорати алафҳои дарахтони мевагӣ ва буттаҳо” ба гирифтани ҷои аввал мушарраф шуданд.

Дипломҳои Барномаи CAMP4ASB ва мукофотҳо ба ғолибони озмун аз ҷониби муовини Раиси Кумита Киёмзода З.С. ва сармутахассиси Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои Кумита Шарифов Ҳ. супорида шуд.
Муовини Раиси Кумита изҳори боварӣ намуд, ки деҳқонони навовар дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои ба даст овардани маҳсулотҳои тозаи экологӣ муваффақ хоҳанд гашт.

Пас аз супоридани маросими мукофотсупорӣ бо чанде аз ғолибони озмун дар бораи навовариҳояшон пурсон шудем.

Ахмедова Мавлуда: — Азбаски заминҳои наздиҳавлигии мо калон нест, мо аз пешниҳоди олими тоҷик Қурбоналӣ Партоев истифода кардем. Вакте барои омӯзиши таҷрибаи деҳқонон ба н. Шаҳритуз рафтем, ин усули парвариши картошкаро бо чашмони худ дидам. Тасмим гирифтам ин корро амалӣ созам. Дар дохили картошка хокро бо компост рехта картошкро шинонидем, камтар апилка илова менамоем. Бо ин усул то тирамоҳ ҳосил меғундорем. Ин таҷриба дар шароити камобӣ басо мувофиқ аст. 

Шароф Юнусов: — Тағйирёбии иқлим тавре маълум аст, тамоми дунёро фвро гирифтааст. Ноҳияи мо дар минтақае ҷойгир аст, ки шамолҳои сахт аз тарафи кишвари ҳамсоя – Афғонистон мевазад. Ин боиси осеб дидани зироатҳои полезии мардуми минтақа мегардад. Бо назардошти ин масаъала мо тасмим гирифтем дар ноҳия дарахти ба қавле мелиоратор ва нигоҳдорандаи шамолҳои сахтро шинонем. Қаламчаи ниҳолҳоро ба таври ройгон ба мардум тақсим кардем ва дар минтауаи сарҳадие, ки шамолҳои сахт мевазад, шинонидем.

Навоварии Маматқулова Мавҷуда бунёди гармхонаҳои хурд дар дохили гармхонаи калон аст, ки онҳо имкон намедиҳанд, ки ҳангоми гармиҳои шадид ҳосили бадастомада талаф наёбад. Мавсуф зимни суҳбат иброз дошт, ки дар оянда нақша дорад ба хотири ба даст овардани ҳосили дилхоҳ шумораи “гармхонаҳоеро”, ки барои аз гармиҳои экстремалӣ наҷот додани талафоти ҳосил мусоидат менамоянд, зиёд хоҳад кард.

Ба ҷои хулоса

Он технологияҳоеро, ки аз тарафи деҳқонони тоҷик дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар соҳаи кишоварзӣ пешниҳод гардидааст, метавонад мавриди истифодаи умум қарор гирад.

     Ҷ. Якубов, “Инсон ва табиат”

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед