МУЛОҚОТИ РАИСИ КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ БО ДИРЕКТОРИ БАРНОМАҲОИ (NDC)

0
447
боздид
www.tajnature.tj

Дар ҳошияи Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки аз 1 то 12 ноябр дар шаҳри Глазгои Шотландия баргузор гардида истодааст, санаи 2 ноябр вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шерализода Б. А. бо директори барномаҳои Котиботи NDC ҷаноби Ҷахан Чоудхри баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба амалӣ намудани саҳми тахминии дар сатҳи миллӣ муайянгардида (NDC) оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонагӣ дар Тоҷикистон дар таҳрири нав, ки моҳи октябри соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Котиботи Конвенсияи мазкур пешниҳод гардида буд, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар рафти вохӯрӣ пешниҳоди Раиси Кумита оид ба баргузории Конференсияи байналхалқӣ доир ба ҷалби маблағҳо барои татбиқи NDС дар шаҳри Душанбе тобистони соли 2022 аз ҷониби ҷаноби Ҷахан Чоудри дастгирӣ ёфт.

Ҷахан Чоудри изҳор намуд, ки Котиботи NDC, ки аъзои он давлатҳои донор мебошанд, омода аст дар татбиқи саҳми тахминии дар сатҳи миллӣ муайянгардидаи Тоҷикистон (NDC) кумак намояд.

http://www.tajnature.tj/

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед