Мурғоб — осорхонаи зиндаи Бадахшон

0
46
боздид
Амриддин ҚУБОТБЕКОВ

Мурғоб бо табиати басо сеҳрангезаш дар қалби ҳар як сайёҳ алангаеро бармеангезад. Бино ба қавли олимони табиатшинос олами набототи Мурғоб хеле камшумор аст, вале аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки онҳо ҳам зиёданду ҳам нодиранд. Аммо боигарии нуҳуфтаи он асосан олами ҳайвоноту ёдгориҳои таърихӣ мебошад, ки Мурғобро ба осорхонаи зинда табдил додааст. Умуман табиат ва боигариҳои он манбаи ҳаёту ҳастии бошандагони ноҳияи Мурғоб мебошад. Зеро олами набототу ҳайвоноти нодири ин макон ба сокинони ин водии баландкўҳ як рўҳу илҳоми ба худ хос ва боварӣ ба ояндаи нек мебахшад. Аз ин хотир мардуми қирғизтабори ин ҷо нисбат ба табиати пурасрори он хеле нозукбинона  муносибат менамоянд. Саъю талош мекунанд, ки дар ҳифзи олами наботот, ҳайвонот, иқлиму обу ҳаво ва обу хоки диёрашон оқилона муносибат намоянд.

Аз олами ҳайвоноти ин макон гўсфанди кўҳӣ, бузи сибирӣ, гўсфанди овозадори Марко-Поло, ғози ҳиндӣ, бабри барфӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, гурги сурхранг, шапалакҳои басо нодири маҳаллӣ ва ғ. метавон ном бурд, ки дашту доманҳои Мурғобро рангину ғанӣ мегардонанд. Имрўз шумораи ин ҳайвоноти нодир рӯ ба афзоиш аст.

Акс аз Facebook

Ба ҷуз ин, Мурғоб бо кўлҳо, пиряхҳо, аз ҷумла, кўлҳои баланди Яшилкўл, Ранкўл, Зоркӯл, Қаракӯл ва Сарез табиати ин диёрро боз ҳам дилфиребтар месозанд.

Дар солҳои истиқрории Иттиҳоди Шўравӣ вазъи олами ҳайвоноти ин минтақа зери таъсири ашхоси алоҳида қарор дошт. Аз як тараф агар ҳангоми гузаронидани экспедитсияҳо олами ҳайвонотро барои гўшт, ороиш ва лаззат бурдан мавриди истифодабарӣ қарор гирифта бошад, аз ҷониби дигар ашхоси алоҳида онҳоро бераҳмона шикор мекарданд.

Танҳо баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи ин қонуншиканиҳои бераҳмона хотима дода шуда, барои муҳофизат ва нигоҳ доштани олами ҳайвоноту боигариҳои табиат, ёдгориҳои табиӣ ва таърихӣ дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб мамнўъгоҳи Зоркӯл ва Парки миллӣ таъсис дода шуд.

Агар шумораи гўсфанди кўҳии Марко Поло то даврони Истиқлолияти давлатӣ 12000 сарро ташкил медода бошад, имрўз шумораи умумии он ба 26 000 сар ва шумораи бузи кўҳии сибирӣ аз 8 ҳазор сар ба 23000 сар расидааст.  Дар ҳудуди ноҳия хоҷагиҳои шикорӣ ташкил ва ба фаъолият оғоз намуданд, ки маблағи аз иҷозатномаҳои ба дастовардашуда барои корҳои ободонию созандагии ноҳия равона мегарданд.

Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб дар якҷоягӣ бо роҳбарияти мамнӯъгоҳи Зоркӯл ва Парки миллӣ баҳри ошкор намудан ва пешгирӣ кардани қонуншиканиҳо дар самти ҳифзи оқилонаи олами ҳайвонот ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ иқдом намуда, бо андешидани чораҳои мушаххас ба пешравиҳо ноил гаштем. Имрўз бо боварии пурра метавон гуфт, ки тамоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда зери назорати шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки то давраи Истиқлоли давлатӣ бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб бо 2 воҳиди корӣ фаъолият дошт. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бахш ба шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия табдил дода шуда, айни замон 13 нафар кору фаъолият доранд.

Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар самти ҷойгиркунии партовҳо, ҳифзи ҳавои атмосфера, истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот, олами наботот, обу моҳӣ, ҳифзи замин, захираҳои табиӣ, хулоса 29 иншооти табииро зери назорат гирифта, мунтазам рейдҳо ва санҷишҳои назорати давлатӣ бурда истодааст. Барои вайрон кардани қоидаҳои санитарӣ, ҷойгиркунии нодурусти партовҳо, ифлос намудани об зиёда аз 30 қонуншиканиҳо ошкор ва ҷаримабандӣ карда шуд.

Акс аз интернет

Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия баҳри иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои банди 4-и нақша-чорабиниҳои  ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 1 аз 4 январи соли 2020 «Дар бораи баргузор намудани аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил», «Тозагии роҳ»дар давоми соли 2020 ва бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври тоза нигоҳ доштани соҳили дарёҳо, кўлҳо, инчунин амалигардонии нақша-чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар қаламрави ноҳия пайвасти аксияҳои «Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” гузаронида мешавад.

Мутахассисони шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар тозаву озода нигоҳ доштани ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати экологии аҳолӣ саҳм гузоранд.

Дар гузашта мегуфтанд, ки дар ноҳияи Мурғоб дарахт намерўяд ва ҳамзамон парвариш намудани гулҳои ороишӣ ғайриимкон мебошад.  Аммо таҷрибаҳои солҳои охир нишон доданд, ки дарахтони ба иқлими Мурғоб мутобиқ сабзиш мекунанд. Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия  шурўъ аз соли 2017 то имрўз14821 адад қаламчаи ниҳолҳои ба иқлим ва табиати Мурғоб мутобиқро оварда собит намуд, ки дар ҳудуди ноҳия нашъунамои дарахтон ва парвариши гулҳои ороишӣ имконпазир аст.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар ноҳияи Мурғоб бинои маъмурии замонавии шӯъбаи ҳифзи муҳити зист иборат аз се ошёна соли 2018 ҳангоми ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Имрўзҳо сабзиши ниҳолҳо дар назди бинои маъмурӣ ва наздиҳавлигии сокинон ба назар мерасад.

Дар боғи ҷавонон, ки дар даромадгоҳи маркази ноҳияи воқеъ гардидааст,  дарахтони зиёд шинондем, ки он натиҷаи дилхоҳ дод. Ҳоло дар ин боғ 600 бех ниҳоли сояафкан қомат афрохта, сарсабзу хуррам гаштааст. Ҳамзамон қад-қади шоҳроҳи Мурғоб ва назди идораву муассисаҳо ду ҳазору 400 бех ниҳоли сояафкан шинонда шуд, ки дар ҳолати хуби сабзиш қарор доранд. Дар ҷамоати деҳоти Аличур низ 300 бех ниҳолҳои сояафкан шинондашуда қомат афрохтаанд. Ният дорем, ки дар оянда дар Мурғоб зиёдтар дарахт шинонда, онро ба шаҳраки сабз табдил диҳем.

Дар баробари кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ кормандони шӯъбаи ҳифзи муҳити зист дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳотӣ бо корҳои созандагию ободонӣ машғул мебошанд.

Аз рўзе, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон сарпарасти ноҳияи Мурғоб шуданд, симои ноҳия ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфт. Яъне кӯмаку дастгирӣ беш аз беш зиёдтар гардид.

Баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №Ап – 1059 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз соли 2018 то имрўз аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарпарасти ноҳия корҳои созандагиву ободонӣ ба анҷом расидааст.

Акс аз Facebook

Масалан, дар кўчаи Сомонӣ- 3 нуқтаи фурўши гази моеъ ифтитоҳ гардид, майдонҳои бозӣ дар боғчаи кўдакони дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳоти Аличур, Бердибаев, Қаракӯл ва Рангкӯл ташкил карда шуданд, ҳамчунин боғи фарҳангию фароғатии “Истиқлол” низ бо ташаббуси шуъба ташкил карда шуд. Соли 2019 аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия чоҳи амудӣ сохта шуд, ки сокинони кўчаи Боробеков, Сомонӣ -2 ва Сомонӣ- 3-ро бо оби нўшокӣ таъмин менамояд. Барои пешгирӣ намудани воридшавии ахлоту партовҳо тариқи дарёи Ақ-Суу ба кўли Сарез аз тарафи шуъба панҷараҳо ҳар 100 метр дар дохили дарёи ҳудуди маркази ноҳия гузошта шуданд. Соли 2020 сохтмони маҷмааи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан раиси он ба мабалағи 2, 5 млн сомонӣ оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ то ҳол давом дорад.

Дар арафаи ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳи ноҳияи Мурғоб дарвозаи ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд. Дар даромадгоҳи ноҳия ҳамчун минтақаи сайёҳӣ муҷассамаҳои ҳайвонҳои нодири Тоҷикистон гузошта шудаанд, ки ба намои ин макон зебогии дигарро зам мекунад. Бо маблағгузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмир се синфхонаи МТМУ-и 1 ва 14 ва бо тамоми ашёву лавозимоти замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. Инчунин, 55 номгўи либоси мактабӣ ба хонандагони ниёзманд туҳфа гардид.

Ҳамаи кумакҳо бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур амалӣ гашта, чунин шоҳкориҳо дар оянда боз ҳам идома хоҳанд ёфт.

Шукронаи Истиқлоли давлатӣ мекунем, ки як гўшаи дурдасттарини Тоҷикистони азиз — ноҳияи Мурғоб рўз аз рўз ободу зебо гашта, барои рушд додани сайёҳии экологӣ ва ҷалби бештари сайёҳон заминаи мустаҳкамтаре фароҳам меорад.

 

Амриддин ҚУБОТБЕКОВ,

сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед