НАҚШИ ЧАШМАҲОИ ШИФОБАХШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУСТАРИШИ  ТУРИЗМИ  ТАБОБАТӢ

0
593941
боздид
Сарзамини Тоҷикистон табиати бою нотакрор дошта, чашмаҳои шифобахши он бахше аз сарватҳои бебаҳояш мебошанд.

 

НАҚШИ ЧАШМАҲОИ ШИФОБАХШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУСТАРИШИ  ТУРИЗМИ  ТАБОБАТӢ

Сарзамини Тоҷикистон табиати бою нотакрор дошта, чашмаҳои шифобахши он бахше аз сарватҳои бебаҳояш мебошанд. Дар Тоҷикистон 200 чашмаи оби минералии шифобахш мавҷуд аст, ки аз он 71 –тояш дорои оби гарм ва 43 тоаш дорои оби хунук мебошанд. Тибқи андешаи олимон чашмаҳо ба 4 гуруҳ ҷудо мешаванд: 1. Чашмаҳои сард бо ҳарорати 200 0С; 2. Чашмаҳои муътадил бо ҳарорати аз 20 то 370 0С; 3. Чашмаҳои гарм бо ҳарорати аз 37 то 420 0С 4. Чашмаҳои ҷӯшон бо ҳарорати аз 420 0С боло. Қобили зикр аст, ки чашмаҳои шифобахш на танҳо барои солимгардонии аҳолии ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд, балки истифодаи онҳо ҳамчун минтақаҳои сайёҳӣ хеле бамаврид ва фоидаовар мебошанд. Аз ин сабаб ташкилу тараққӣ додани соҳаи туризм ва барпо намудани иншоотҳои санаторию курортӣ дар ҷумҳурии мо пеш аз ҳама аҳамияти иқтисодӣ, тиббӣ ва иҷтимоӣ дорад. Машҳуртарин чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон чашмаҳои Хоҷа Оби Гарм, Явроз, Оби Гарм, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Ҳавотоғ, Зумрад, чашмаи Биби Фотимаи Заҳро, Авҷ, Ямчун ва Зонг мебошанд, ки барои барқароркуни саломатии инсон манфиати зиёд доранд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки аз ин чашмаҳо самаранок истифода барем ва табобат бо обҳои шифобахш ба як анъанаи деринаи мо табдил ёбад. Ин кор агар аз як ҷониб боиси ривоҷу равнақ ёфтани туризми дохилӣ гардад, аз тарафи дигар бо ин роҳ сокинон ҳам барои табобат ба чашмаҳои табобатӣ ва сайёҳат ба манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ мераванд ва ҳам ошноии онҳо бо мардумони дигар маҳал бештар мешавад. Яъне Ватани худро боз ҳам бештар меомӯзанд. Ба қавле об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност. Яке аз чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон дар осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм мавқеъ дошта, дар баландии 1860-1900 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Ҳарорати оби чашмаи Хоҷа Оби Гарм то ба +98 дараҷа мерасад. Қаламраве, ки аз он оби гарми маъданӣ-радиоактивӣ мебарояд, 4,5 гектарро ташкил дода, аз 20 нуқта оби чашма ҷорӣ мешавад. Аз чашмаҳои обашон нисбатан ҳарорати баланддошта, буғи гарм хориҷ мешавад, ки таркиби он дар қатори дигар унсурҳои кимиёвӣ элементи радон дорад. Чашмаи Хоҷа Оби гарм пас аз хушк шудани чашмаи ҳаммонанди худ дар Фаронса имрӯз нотакрор ва ягона аст. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда дар осоишгоҳи мазкур бемориҳои дил, рагҳои хунгузар, сутунмӯҳра, асаб, роҳи нафас, бемориҳои занона, гурда, узвҳои ҳозима ва дигар бемориҳо муолиҷа мегиранд. Дар баробари чашмаҳои шифобахши ошно боз чандин чашмаҳое дар кишвари мо вуҷуд доранд, ки ҳанӯз ба осоишгоҳҳо табдил наёфтаанд. Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор аст ва баъзе чашмаҳои шифобахш дар мавзеъҳои душворгузари кӯҳсор ҷойгир аст. Новобаста ба ин бархе аз сокинон ба ин гуна ҷойҳо барои табобат мераванд, аммо афроди бемор имкони то ин гуна макон рафтанро надоранд. Яке аз чашмаҳои шифобахш — чашмаи Хоҷа Ҳасан мебошад, ки дар қисми ғарбии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир аст ва оби гарми он ҳам хусусияти табобатӣ дорад.

Аз ҷониби дигар, самаранок истифода бурдани чашмаҳои шифобахш метавонад ҳам ба солимии ҷомеа мусоидат намояд ва ҳам яке аз соҳаҳои сердаромади ҷумҳурӣ гардад. Барои амалӣ гардондани туризми табобатӣ омода кардани шароит, тарбияи мутахассисон ва ҷалби саёҳони хориҷӣ мувофиқ ба мақсад аст. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гаштани соли 2018 беҳуда набуда, тадбирҳои саривақтӣ ва таваҷҷуҳи хосаи ҳукумати ҷумҳуриро барои расидан ба чунин ҳадафҳо   бозгӯ мекунад.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед