Нақши Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар баланд бардоштани ҳисси табиатдӯстии наврасон
Осорхона маконест, ки мероси таърихию фарҳангиро дар худ нигоҳ дошта, баёнгари таърихи гузашта ва имрӯза буда, нақши муҳимро дар ҳаёти фарҳангии ҳар як кишвар мебозад. Осорхонаҳо аз азал ҷойи дӯстдоштаи кулли одамон ба шумор мерафтанд. Чунки ҳамеша муҳити «интихоби озод» — ро барои тамошобинон пешниҳод менамоянд.
Осорхонаи милли Тоҷикистон, ки дари худро барои тамошобинон 20 марти соли 2013 боз намудааст, дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи хурдсолон ва калонсолон табдил ёфтааст.
Шуъбаи табиати Осорхонаи милли Тоҷикистон имрӯзҳо яке аз ҷойҳои дӯстоштаи тамошобинон ба шумор меравад. Шуъбаи мазкур дар зербинои осорхона ҷойгир буда, аз 5 толор иборат мебошад, ки дар онҳо олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон тавассути расмҳои рангоранги деворӣ ва диарамаҳои махсусгардонидашуда пешниҳоди тамошобинон шудаанд. Аз ҷумла, диорамаи “Помир”, парваришгоҳи “Чилдухтарон”, мамнуъгоҳи “Дашти Ҷум”, мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” бо зебогии нотакрори худ табиати зиндаи Тоҷикистонро пеши назар меоранд. Ҳамчунин олами паррандагон ва ҳайвонот, ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил карда шудаанд, аз ҷумла, мурѓи ҳумо, мурѓи ҳилол, бургут, гусфанди кӯҳии Архар (Марко Поло), бабри барфӣ, хирс, бузи шохпеч (Морхур), кафтор, ҷайра, паланги туронӣ, аз моҳиҳо морсармоҳӣ, белбинии амударёӣ ва лақамоҳӣ дар шуъбаи мазкур инъикос ёфтаанд.
Завқи табиатдӯстӣ ва ҳифзи муҳити атрофро дар дили насли наврас аз синни барвақтӣ бедор намудан лозим аст, ки дар ин миён шуъбаи табиати Осорхонаи миллии Тоҷикистон нақши муҳимро доро мебошад. Шумораи зиёди наврасону ҷавонон аз ин шуъба дидан намуда, доир ба олами табиати бойи Тоҷикистон ба худ маълумоти зиёдеро дарёфт менамоянд.
Кормандони илмӣ ҳамеша омодаанд ба гуруҳи тамошобинон, ки ба шуъба ворид мешаванд, бо забонҳои русӣ ва ё тоҷикӣ сайри осорхонавӣ доир намуда, оид ба ҳар як экспонати дар толорҳои намоишии шуъба мавҷуд буда маълумоти муфассал диҳанд.
Боиси хушнудист, ки қисми зиёди тамошобинони шуъбаи мазкурро имрӯзҳо кудакону наврасон ташкил медиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки наврасону ҷавонон ба табиати зебои ватанамон майли беандоза доранд. Диққати онҳоро бештар олами паррандагон, ширхӯрҳо, хазандагон ва хояндаҳо ба худ ҷалб намуда, дар зеҳнашон доир ба ҳар як экспонат саволҳои зиёде пайдо мешавад ва дар ин асно посухи қаноатмандонаеро аз кормандони илмии осорхона мегиранд. Ҳамзамон, дар рафти шиносоӣ доир ба аҳамияти олами набототу ҳайвоноти нодири Тоҷикистон бо тамошобинон сӯҳбатҳо намуда, муҳимияти ҳифзи табиат барояшон фаҳмонида мешавад.
Мавриди зикр аст, ки сафи тамошобинони шуъбаи табиат аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимӣ рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст. Ҳисоботи оморӣ гувоҳи он аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ байни хонандагон аз тарафи кормандони илмии шуъбаи табиат оид ба ҳифзу нигоҳдории табиати биҳиштосои кишвар, тамошои мавзеъҳои таърихӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Гузашта аз ин, экспозитсияи шуъбаи табиат барои хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар маводи ёрирасони хубе мебошад. Бо истифода аз матнҳои тавзеҳотии шуъба, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод шудаанд, хонандагон имкон доранд барои худ аз фанҳои табиатшиносӣ, экология, ботаника ва зоология маърӯза ё рефератҳо омода намоянд. Ҳамзамон, хонандагон баъди гузаштани мавзӯи дарси таълимӣ дар мактаб аз фанни табиатшиносӣ аз ҷиҳати амалӣ онро метавонанд дар шуъбаи мазкур бо роҳи ташкил намудани дарси кушод аз ҷониби кормандони илмии шуъба бо истифодаи бештари маводҳои аёнӣ амалӣ намоянд. Чунин тарзи ба роҳ мондани машѓулият ба хонандагон имкон медиҳад то мавзӯи дарси таълимиро пурратар аз худ намуда, дар хотири онҳо нақш монад.
Ҳасан Шукуров,
мутахассиси шуъбаи табиати
Осорхонаи миллии Тоҷикистон