НАВРЎЗ – МЕҲВАРИ МУНОСИБАТҲОИ ФАРҲАНГӢ ва САЙЁҲӢ

0
1009
боздид

Наврўз рамзи офариниши ҳаёт, оғози фасли баҳор, айёми бедории табиат мебошад. Даҳ сол қабл ҷашни Наврӯз аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумӣ Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз расман мақоми байналмилалӣ касб намуд.

Доир ба фарҳанги Наврўз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ баён доштанд: “Фарҳанги Наврӯз дар назди башарият масъулиятҳои ҷиддиеро барои ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ гузоштааст. Наврӯз метавонад ва бояд ба ҳайси маҷмӯи таълимоти нави сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама чун барномаи дӯстиву баҳамоии мардумони ҷаҳон барои ҳалли масоили мубрам ва доғи сайёраи мо истифода шавад”.

Наврӯз дорои рамз, сифат ва фазилатҳои неки инсонист. Яке аз сифатҳои Наврӯз аз нав зинда шудани табиат мебошад ва оғози Наврӯз-оғози сол аст. Наврўзро пеш аз ҳама ҷашни покизагиву тозагӣ ва ободкорӣ метавон номид.

Наврўз беҳтарин нишонаи ваҳдати инсон бо табиат аст. Наврўз  идест, ки  моро бо таърихи кўҳнаи аҷдодонамон мепайвандад. Аз ин рӯ, мо бояд барои боз ҳам зебову шукуфон шудани табиати Ватани азизамон-Точикистон саъю талош карда, сарватҳои табиӣ ва мухити зисти онро ҳифз намоем.       

Бо фаро расидани баҳори нозанин дар тамоми манотиқи кишвар мардум бо кабудизоркуниву ниҳолшинонӣ, корҳои ободониву бунёдкорӣ, тоза кардани хонаву дарашон машғул мешуданд. Ва ин анъанаро имрӯзиён идома дода истодаанд.

Дар Тоҷикистон бо истифода аз табиати нодир ва чор фасли сол дар масири ҳамкориҳои сайёҳии муфид афзалиятҳои рушд мавҷуданд. Аз ҷумла, дар фасли баҳорон, айёми Наврӯз вақти гулгулшукуфии дарахтони мевадор, мисли гелосу зардолу сайёҳони хориҷиро ба мамлакат ҷалб кардан ба манфиат аст, гарчанде ин давраи хеле кӯтоҳ аст. Дар баҳорон агар ба майдонҳои дарахтони гелосу зардолузор назар андозем, чунин ба назар мерасад, ки гӯё абрҳо ба поён фаромада бошанд. Шахсе, ки ба боғистон гузар мекунад, аз он ҳаловат мебарад ва мехоҳад онро зиёдтар тамошо кунанд, чунки дарахтони зебои гулшукуфта накҳати хушу гуворо доранд. Тамошои ин манзараи нотакрор ба кас рўҳу равон ва илҳом мебахшад.

Чун Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор доир ба масъалаҳои об шинохта шудааст, дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бунёди як Маҷмааи бошукӯҳи фарогири масоили об, ба мисли Маҷмааи “Қатраи об”, ки таҷассумгари иқдомҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсад мувофиқ мебошад. Он замон боитминон гуфта метавонем, ки сайёҳон кишвари биҳиштосои моро чун “Девори бузурги Чин”, манораи Эйфел, аҳроми Миср, манораи Пизан ва дигар офаридаҳои зебою нотакрори дунё шиносанд ва барои насиб шудан ба дидори ин муъҷизаи меъморӣ ба сайри Тоҷикистони азиз роҳ пеш гиранд.

Тасмими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавриди баргузор намудани Фестивали байналмилалии “Наврӯз – мероси фарҳангию сайёҳӣ” саривақтӣ мебошад. Ҳифзу нигоњдошти падидаи бузург чун Наврўз ва суннатҳои инсонсозии он бисёр заруранд.

Бояд гуфт, ки бо ташкил кардани карнавали Наврӯзӣ имкон фароҳам меояд, ки рамзу суннатҳо ва фарҳанги Наврӯзи ниёкон ба сайёҳону меҳмонон талқин карда шавад ва ҷашнгирии якҷояи Наврӯз  мардумони гуногуни рӯи оламро ба ҳам меорад. Боварӣ дорем, ки баргузории чунин фестивалҳо ҳам барои таҳкиму густариши ҳамкориҳои шаҳри Душанбе бо дигар шаҳрҳои кишварҳои гуногуни  ҷаҳон ва ҳам баҳри ободонию гул-гулшукуфии пойтахти кишвари азизамон мусоидат мекунад.

«Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед