Истифодаи нерӯи барқароршаванда —
омили покизагии муҳити зист
Асри ХХ1 асри тазодхост. Тағйирёбии ҳайратангези иқлими сайёра, шикасти қолабҳои фикрӣ (пайдоиши интернет, истифодаи маҳсулотҳои нанотехнологӣ, пайдоиши равия ва ҷараёнҳои нави динӣ) афзоиши бесобиқаи аҳолии сайёра, камшавии захираҳои моддӣ ва дар ин замина тезутунд шудани муносибатҳои байни давлатҳоро ба вуҷуд меорад, ки ин ҳама гувоҳи тағйиротҳои ғайриинтизоре барои аҳолии сайёра мебошанд. Тағйирёбии иқлим ва гармшавии атмосфераи кураи Замин, ки хамаи ин дар натиҷаи истифодаи бесобиқаи захираҳои табиӣ ба амал омадааст, боиси вайрон шудани мувозинати экологии сайёра мегардад. Имрӯз аҳолии сайёра тақрибан 85% талаботи худро ба энергияи аввалияи истифодашаванда, ки ин худ муодили 8млрд тонна нафт мебошад аз ҳисоби истифодаи захираҳои канданиҳои фоиданок (газ, нафт ва ангиштсанг) бароварда месозад. Ҳамаи ин ба муҳити зист, шароити зиндагии одамон ва саломатии онҳо зарари ҷиддӣ мерасонад. Имкониятҳоро барои истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ ҳаматарафа бояд ба кор бурд, ин худ асосест барои пешравии иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва ҳифзи муҳити зисте ки мо ва ояндагони мо дар он мухит кору зиндагӣ хоханд кард. Аз ҷумла бо истифодаи технологияҳои ҳозиразамон дар сохтмони иншоотҳои бузург мо имконият пайдо мекунем, ки пеши роҳи хориҷшавии аз ҳад зиёди маводҳои ифлоскунандаи фазоро, ки дар навбати худ ба тунукшави ё тамоман нестшавии қабати озон ва гармшавии кураи замин оварда мерасонанд гирем. Ин тавсияҳо соли 1998 дар конференсияи ХХVII конгреси ҷаҳонии энергетикӣ барои пешравиҳои соҳаи хоҷагии халқ дар истеҳсоли қувваи барқ карда шуда буданд. Дар ин росто метавон ҳамчунин истифодаи нури Офтоб ва қувваи шамолро низ ном бурд, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, вале бароҳандозии истехсоли онхо инфраструктураи мушаххас ва харочотхои муайянеро мехохад. Дар чунин шароит бояд аз потенсиалҳои мавҷудаи гидроэнергетикӣ бештар истифода бурда шавад, ки таъсираш ба муҳити зист, саломатии инсон, набототу ҳайвонот ниҳоят кам мебошад ва барои ободонии маҳалҳои аҳолинишин, васеъ кардани миқёси обёрикунии заминҳои барои кишоварзӣ истифодашаванда ва ғайраҳо аҳамияти калон доранд.
Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон захираҳои обӣ ва гидроэнергетикӣ асоси тараққиёти иҷтимоию иқтисодии онҳоро ташкил медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираи калони пиряхҳо (64% захирахои обии Осиёи Марказӣ) мебошад, ки аз онҳо дар навбати худ дарёи хурду калони зиёде сарчашма мегиранд ва аз ин дарёҳо соле наздик ба 82миллиард мукааб метр об ҷорӣ мешавад, ки ин ба ҳар як км мураббаъ ҳудуди ҷумҳури 2миллиону 100ҳазор квт/соатро ташкил медиҳад. Неругоҳи барқии обии Роғун барои ҷумҳурии мо иншооти аз ҳама асосӣ ва равнақбахши иқтисоди миллӣ буда метавонад. НБО –и Роғун бо садди баландиаш 335 метр ва захираи беш аз 17км3 об, дар як сол метавонад бо истеҳсоли беш аз 13 млрд кв/соат нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозатарин барои нумӯи иқтисодиёти Ватани азизамон саҳми босазое гузорад. Қобили зикр аст, ки ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ яке аз се вазифаҳои аввалиндараҷа мебошад. Истиқлолияти энергетикие, ки бо истифодаи неруи барқароршаванда (яъне оби худодод) ба даст меояд, имкон медиҳад, ки ҳам муҳитро барои наслҳои оянда поку беолоиш нигоҳ дорем ва ҳам масъалаи дуюм, таъмини озуқаро бо истеҳсоли маҳсулоти худии аз ҷиҳати экологӣ тоза хал намоем. Барои ҳалли ин масоил бояд ҳама чун ҳалқаҳои як занҷир бошем, занҷире, ки ҳалқаҳояш аз ормонҳои миллӣ ва масъулият пеши наслҳои оянда бофта шуда бошад.