НИЯТҲОИ ХАЙР БАРОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГӢ

0
1470
боздид
Инсон ва табиат

Ноҳияи ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Ҷалолиддини Балхӣ яке аз ноҳияҳои калонтарини вилояти Хатлон мебошад. Ноҳия ҳангоми таъсисёбиаш бо номи Кагановичобод (с. 1933) таъсис ёфта, сипас ба Колхозобод табдили ном кард. Соли 2007 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳия номи Ҷалолиддини Румиро гирифт ва аз 3 марти соли 2016 ба Ҷалолиддини Балхӣ иваз карда шуд.

Ноҳияи Ҷ. Балхӣ дар қисми ҷанубу шарқии ҷумҳурӣ байни доманакўҳи Қизилтумшуқ ва канали Қумсангир ҷойгир буда, бо ноҳияҳои Кўшониён, Вахш, Панҷ, Фархор, Ҷайҳун ва Дўстии вилояти Хатлон ҳамсарҳад мебошад.

Мақсуд ХУШВАХТЗОДА, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Балхӣ

Ҳудуди маъмурии ноҳия ба 2 ҷамоати шаҳрак  — “Балх” ва “Гулистон”, 6 ҷамоати деҳот – “Ҳалевард”, “Маданият”, “Навобод”, “Калинин”, “Навоӣ” ва “Золи Зар” ҷудо мешавад. Аз ҳудуди ноҳия дарёи Вахш ва канали Қумсангир мегузаранд.

Шумораи аҳолии ноҳия ба ҳолати 1 октябри соли 2021-ум 207800 нафарро ташкил медиҳад. Дар ноҳия намояндагони 16 миллату халқиятҳо, аз қабили тоҷикону ӯзбекон, инчунин, тоторҳо, кореягиҳо, русҳо, қирѓизҳо, немисҳо, туркманҳо зиндагӣ менамоянд.

Ноҳияи Ҷ. Балхӣ аз сатҳи баҳр дар баландии 601 метр ҷойгир буда, иқлимаш континенталӣ мебошад.

Ҳарорати миёнамаксималии ҳавои муҳит дар моҳҳои гармтарини сол: +37,9 0 С.

Ҳарорати миёнамаксималии  ҳавои муҳит дар моҳҳои хунуктарини сол: — 0,8 0 С.

     Бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия якчанд иншоотҳои ҷашнӣ, аз ҷумла, як варзишгоҳи калон, тарабхонаи “Замира”, муассисаи замонавии таҳсилоти миёнаи № 38, Маркази савдои “Баҳор”, Маркази саломатии “Наҷот” сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Саноат

Саноати ноҳия дар асоси рушди соҳаи кишоварзӣ рушд кардааст. Айни ҳол дар ноҳия 28 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо истеҳсоли маҳсулот бо ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷумла, корхонаҳои саноатӣ ба истеҳсоли маҳсулотҳои нонӣ, консервакунонӣ, нўшокиҳои ѓайриспиртӣ, маҳсулотҳои гуштӣ, ширӣ, семент, хишти сементӣ ва намудҳои алоҳидаи истеҳсолот машғул ҳастанд.

Фарҳанг

Аз соли 1985 Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ фаъолият менамояд, ки дар он айни замон 2360 нигораҳои таърихӣ ва фарҳангӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ҳамзамон барои истироҳати сокинони ноҳия 2 Боѓи фарҳангӣ ва фароѓатӣ фаъол аст.

  Сайёҳӣ

Дар ноҳия харобаҳои 4 ёдгории таърихӣ мавҷуд аст. Гузаронидани корҳои археологӣ бо мақсади дарёфти нигораҳои қадимаву таърихӣ, барқарор намудани ҳолати қадимаи яке аз харобаҳо мувофиқи мақсад мебошад;

Дар ноҳия соҳаи сайёҳӣ ба таври зарурӣ рушд накардааст, гарчанде заминаҳо, имкониятҳои зиёд ва зарурият мавҷуд ҳастанд.

Кишоварзӣ

Яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагидории ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, 87,2 % аҳолии қобили меҳнати ноҳия ба он шуѓл варзида, асоси ѓанигардонии буҷети маҳаллӣ аз соҳаи мазкур вобастагӣ дорад. Самтҳои пахтакорӣ, боѓдорӣ, чорводорӣ ва паррандапарварӣ хеле рушд кардаанд.

Айни ҳол дар қаламрави ноҳия 4478 нафар соҳибкорон ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 1512 нафарашон тариқи патент, 210 нафарашон бо шаҳодатнома ва 2756 нафар сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд. Ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо корҳои зиёд ба анҷом расонидан зарур аст.

Муҳити зист

Аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия байни аҳолӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тарзи истифода ва ҳифзи манбаъҳои табиӣ гузаронида мешавад. Дар шуъба 7 нафар кормандон, аз ҷумла 2 нафар  штатӣ ва 5 нафар ба тариқи шартномавӣ фаъолият доранд.

Дар самти корҳои фаҳмондадиҳӣ кормандони шуъба бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ корҳои зиёдеро анҷом додаанд. Аз ҷумла, бо мақсади пешгирӣ аз қонунвайронкунӣ дар якчанд самтҳо варақаҳо чоп карда, дар ҷойҳои сераҳолӣ часпониданд.

Инсон ва табиат

Охири моҳи декабри соли 2021 аз тарафи шуъба дар даромадгоҳи ноҳия муҷассамаи уқоб гузошта шуд, ки ба атроф ҳусни тоза зам мекунад.

Инсон ва табиат

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед