НИЯТҲОИ ХАЙР БАРОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГӢ

0
495
боздид
Шаҳри Бохтар. "Инсон ва табиат"

      Хатлон калонтарин вилояти кишварамон ба ҳисоб рафта, аз 25 шаҳру ноҳияҳо иборат мебошад. Шаҳри Бохтар маркази вилояти Хатлон буда, дар он зиёда аз 115 ҳазор нафар аҳолӣ сукунат мекунад. Ба ифтихори 30 солагии Истиқлолияти кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ сурат гирифтаву айни замон идома доранд.

Дар идомаи тадбирҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати беҳдошти муҳити зист ва дар доираи амалигардонии ҳадафҳои “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” дар шаҳри Бохтар аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуд.

Инсон ва табиат

Дар ин тадбири экологӣ кормандони касбу кори гуногун ҷалб гардида, соҳили ҷӯи “Хонум” ва “Ҷуйбор”-ро, ки аз маркази шаҳр мегузаранд аз партов тоза намуданд.

Дар соли сипаригардида, тибқи нақшаи чорабиниҳои Бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бохтар дар маркази вилояти Хатлон 36 маротиба аксияҳои “Тозагии маҳал” ва “Тозагии сохил” бо иштироки доираи васеи сокинон гузаронида шудааст.

Дар шароити имрӯза ҳам дар шаҳру  ҳам ноҳияҳои вилоят масъалаи муомилот бо партовҳо ба мушкилоти рӯз табдил ёфтааст.

Вазъи муомилот бо партовҳо ва сари вақт кашондани партов ба партовгоҳи марказӣ дар ш. Бохтар чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? Бо ин савол муроҷиат намудем ба директори Корхонаи давлатии фаръии коммуналии ш. Бохтар Абдулқосим Мӯсоев. Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбатамон, ки замоне дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон фаъолият доштааст, айни замон дар ш. Бохтар 56 нуқтаи ҷамъоварии партов мавҷуд аст. Вазифаи  мо иборат аст аз кашондани партовҳо аз нуқтаҳои партовҳои ҷамъшуда ба партовҳои марказӣ, ки дар ш. Левакант ҷойгир шудааст, безараргадонии сагҳои бесоҳиб ва мариз, инчунин ҷамъоварӣ кардани лампаҳои каммасраф, — гуфт А.Мӯсоев.

Инсон ва табиат

Дар ин коргоҳ 112 нафар кормандон ба фаъолият машғул ҳастанд, ки 30 нафарашон занҳои рӯбанда мебошанд. Аз 24 адад мошинҳои партовкаш 18 техника ҳамарӯза фаъол аст, 6 мошини боқимонда дар таъмир қарор доранд. Ба ҷуз аз мошинҳои партовкаш инчунин дигар намуди техника — мехлопата ва дуланҳо низ дар хизматрасонӣ қарор доранд.

Тавре аз суҳбат бо А. Мӯсоев маълум гашт, бинои дуқабатаи замонавии Корхонаи давлатии фаръии коммуналии ш. Бохтар 7 сол пеш дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии рушд ва таҷдид сохта ба истифода дода шуда буд. Дар маҷмуъ 64 куб партовҳо ҳамарӯза ба партовгоҳи марказӣ кашонда мешавад.

Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин иброз дошт, ки дар доираи лоиҳаи дуюми Бонки Аврупоии рушд ва таҷдид, ки аз соли 2022 оғоз мешавад, дар назар аст як таҷҳизоти замонавии ба навъҳо ҷудо кардани партовҳо дар партовгоҳи марказӣ насб карда шавад, то барои ҷудо ва коркард кардан, яъне пластика, пашм, коғаз ва дигар маҳсулот имконият пайдо шавад.

Корхона бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ҳамкории судмандро ба роҳ гузоштааст. Ба гуфтаи А. Мӯсоев танҳо дар ҳамкории судманд бо мақомоти дахлдор ва аҳолӣ фаъолияти корхонаи коммуналӣ натиҷабахш мешавад.

Дар гузашта барои безараргардонии лампаҳои каммасраф дар вилояти Хатлон таҷҳизот вуҷуд надошт. Баъди дархост дар доираи ҳамкорӣ аз тарафи Бонки рушди Аврупо ва таҷдид ба партовгоҳи марказии вилояти Хатлон таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои каммасраф насб карда шуд, аммо айни замон мушкилоти асосӣ дар набудани мутахассисе зоҳир меёбад, ки бо таҷҳизот кор карда тавонад.

А. Мӯсоев инчунин ният дорад, бо пайдо шудани имконият  парасторхонае барои (сагу гурба) ҳайвоноти дайду ё бекас бунёд намояд.

Ҷиҳати амалӣ гаштани ниятҳои хайр дар роҳи таъмини амнияти экологӣ ва беҳдошти муҳити зист ба Абулқосим Мӯсоев ва ҳамкоронаш муваффақиятҳо хоҳонем.

 “Инсон ва табиат”

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед