Об – унсури калидӣ дар шароити тағйирёбии иқлим

0
723
боздид
Светлана Долгих. сардори раёсати тадқиқотҳои иқлимии “Казгидромет” -и Ҷумҳурии Қазоқистон

Пас аз анҷоми чорабинии пеш аз шуруи конфронси иқлимӣ бо намояндагони ВАО-и минтақа, суолу ҷавоб ва табодули иттилоъ доир ба таҷрибаи кишварҳо миёни коршиносону хабарнигорон сурат гирифт. Хабарнигорони тоҷик барои шинос шудан бо таҷрибаи кишварҳои минтақа дар масъалаи тағйирёбии иқлим мароқи хоса зоҳир намуданд.

Бо истифода аз фурсат бо яке аз иштирокчиёни конфронс — сардори раёсати тадқиқотҳои иқлимии “Казгидромет” Светлана Долгих суҳбат доштем.

Мавсуф масъалаи тағйирёбии иқлимро дар минтақа яке аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки яке аз унсурҳои калидӣ дар чунин шароит  об ба ҳисоб меравад. Бинобар ин бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои об ва дар шароити тағйирёбии иқлим тақвияти ҳамкориҳо миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бисёр муҳим аст. Бино ба гуфтаи С. Долгих технологияи захира кардани об дар як қатор кишварҳои мутаррақӣ дар соҳаҳои коммуналӣ, кишоварзӣ ва саноат хуб ба роҳ монда шудааст.

Тавре аз суҳбат бо роҳбари тадқиқотҳои иқлимии “Казгидромет”  маълум гашт, дар Қазоқистон Барномаи махсуси давлатӣ доир ба пиёда намудани усули обёрии қатрагӣ то соли 2020 қабул шуда буд. Амалишавии барномаро асосан дар минтақаҳои ҷанубии кишвар хуб мушоҳида метавон кард, вале айни замон заминҳои бо усули обёрии қатрагӣ фоизи зиёдро ташкил намедиҳанд.  Айни ҳол обёрикунии кишоварзӣ то сатҳи даврони Шуравӣ барқарор нашудаанд.

Аммо дар баробари мисолҳои мусбат ҳамсуҳбати мо бо овардани мисолҳои зиёди ҳузнангез аз вазъи иқлими имрӯзаи Иёлоти Калифорнияи ИМА баён дошт, ки чун минтақаи Осиёи Марказӣ ба тағйирёбии иқлим осебпазир аст, бинобар ин кишварҳоро зарур аст, ки барои истифодаи оқилонаи об ва ҳифзи захираҳои оби минтақа чораҳои мушаххаси якҷояро бинанд.  Моро зарур аст, ки сари масъалаи зироатҳои нави камобталабе андеша намоем, ки ҳам ба манфиати иқтисодӣ бошаду ҳам ба шароити тағйирёбии иқлим мутобиқ бошад. Коршиносони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бояд дар бахши мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим табодули дониш намоянд, таҷрибаи беҳтарини ҳамсояҳоро дар кишварҳоямон ҷорӣ намоем.  

«Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед