Обшиносӣ ва экология барои рушди устувор дар ҳавзаи дарёи Панҷ /Ому”

0
1729
боздид
Конфронс миёни коршиносон ва мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон.

Густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон оид ба обшиносӣ ва экология барои рушди устувор дар ҳавзаи дарёи Панҷ /Ому”

Санаи 10 майи соли ҷорӣ дар конфронс- толори меҳмонхонаи “Шератон”-и ш. Душанбе ҷаласаи техникии мутахассисон ва коршиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар самти рушди обшиносӣ ва идоракунии захираҳои обии  ҳавзаи дарёи Панҷ /Ому” баргузор гардид.  Дар кори конфронс ба ҷуз аз мутахассисону коршиносон намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, GIZ, Шабакаи экологии  Zoi,  Комиссияи Иқтисодии Аврупоии СММ, UNDP,  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ВАО иштирок доштанд.

Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Назарзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла зикр сохт, ки вохӯрии мутахассисони коршиносони тоҷику афғон дар арафаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки баргузориаш рӯзҳои 20-22 июн дар назар аст, гузашта истодааст. Назарзода З. қайд намуд, ки аз соли 2010 дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои гидрологӣ байни Хадамотҳои обуҳавошиносии ду кишвар дар самти хабардоркунии бармаҳал роҷеъ ба обхезиҳо, ба нақшагирии дастаҷамъонаи иҷрои корҳо дар канори дарёи Панҷ, омӯзиши пиряхҳо ва ҳифзи манбаъҳои обӣ ба роҳ монда шудаанд.  Дар доираи ҳамон Ёддошти тафоҳум аз соли 2013 инҷониб мутахассисони тоҷикистонӣ бо коршиносони Афғонистон вохӯриҳои дуҷонибаро   то имрӯз баргузор намуда  истодаанд.

Гурӯҳи техникии кории Тоҷикистону Афғонистон дар ин нишаст масъалаи мудирияти об дар ин рӯдхонаҳо, ҳифзи муҳити зист, коҳиш додани олудагиҳо, сатҳи хатари офатҳои табиӣ, назорати ҳачми об, таъсири тағйирёбии иқлим ба манбаъҳои обӣ ва нақшаҳои минбаъдаро мавриди натиҷагирӣ қарор доданд.

Бино ба гуфтаи муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Абдуалимов дар доираи ин Ёддошти тафоҳум бояд дар дидбонгоҳҳои обченкунӣ корҳо ҷараён гирифта, пайваста оби рӯдхонаҳоро чен карда, миёни ҳам табодули иттилоъ намоянд. Мушкилиҳо низ ҳастанд. Яке аз мушкилот – ин ташкил кардани мониторинги дарё мебошад. Кормандоне, ки мувофиқи дастурамалҳои созмони умумиҷаҳонии ҳавошиносӣ ҳар рӯз ду маротиба  соати 8-00 ва соати 8-00 бегоҳ бояд сатҳ ва сарфи оби дарёи Омуро чен кунанд. Ҳадафи дуюм бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон таъмин намудани дидбонгоҳҳои обченкунӣ аст. Сеюм, омӯзиш дар самти яхшиносӣ.

Коршиносони ҳарду кишвар ҳифзи захираҳои обии дарёи Омуро дар таъмини баҳри Арал муҳим арзёбӣ мекунанд.  Коршиносони ҳарду кишвар ба ҷуз аз ҳалли ин масъалаҳо ҳамзамон дар доираи ин Созишнома коҳиш додани рехтани заҳрхимикатҳоро ба ин рӯдхона  ва ба сохтани иншооти ғайриқонунӣ дахл карда, тақвияти ҳамкориҳоро дар ин замина муҳим арзёбӣ намуданд.

Фузулҳақ Бохтарӣ – Директори департаменти захираҳои оби Вазорати энергетика ва оби Ҷумҳурии исломии Афғонистон зимни мусоҳиба иброз дошт, ки мутахассисону коршиносони тоҷику афғон дар доираи ин Созишнома метавонанд, ки ба масъалаҳои таъмини аҳолӣ ба оби нӯшокӣ, саноат, кишоварзӣ ва ҳалли мушкилоти рӯдхонаи Ому расидагӣ намуда ва идораи об дар минтақаро дар ихтипёр бигиранд. Мавсуф Тоҷикистонро кишвари дӯст ва наздики Афғонистон хонда, изҳори умедворӣ намуд, ки Тоҷикистон кӯмак ва ҳамкории хешро  нисбат ба Афғонистон дареғ намедорад.

Ёдовар мешавем, ки дар амалишавии робитаҳои ҳамкорӣ миёни мутахассисону коршиносони Тоҷикистону Афғонистон саҳми Комиссияи Иқтисодии Аврупоии СММ, Ҳукумати Финландия, Федератсияи Россия ва ташкилоти экологии Zoi хеле назаррас аст.

                     Ҷамолиддин Якубов барои “Инсон ва табиат”

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед