ОМЎХТАНИ ОҚИБАТҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ЗАРУР АСТ

0
75
боздид

Тағйирёбии иқлим, ки дар гузашта яке аз муаммоҳои муҳити зист ба шумор мерафт, муҳимиятии он сол аз сол бештар шуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои коҳиш додани пайомадҳои он тадбирҳои судманд андешида истодааст. Дар ин росто метавон аз Созишномаи Париж ёдовар шуд, ки инсоният бо дарки масъулият барои паст кардани шиддати таъсири зуҳуроти тағйирёбии иқлим барои танзими фаъолияти инсон дар муносибат бо табиат ва захирањои табиї иқдом намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз имзокунандагони Созишнома мебошад. Дар робита ба мавзӯи пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва тадбирҳои андешидашаванда суҳбате доштем бо мудири бахши обуҳавошиносии Кумита Валӣ Қурбонов.

Валӣ Қурбонов, мудири бахши обуҳавошиносии Кумита

— Муҳтарам Валӣ Қурбонов, нахуст лутфан доир ба зуҳуроти тағйирёбии иқлим  ва пайёмадҳои он каме маълумот медодед?

— Тағйирёбии ҳаррўза, ҳармоҳа ва мавсимии нишондиҳандаҳои атмосфераи замин (ҳарорат, боришот, фишор, самти суръати шамол, намнокии ҳаво ва ғайра) аз падидаҳои тағйирёбии обуҳаво маҳсуб меёбанд. Вобаста ба ин тағйирёбии нишондиҳандаҳои миёнаи атмосфераи замин дар ҳудуди якчанд даҳсола (на кам аз 30 сол) раванди тағйирёбии иқлим мебошад.

 Тағйирёбии иқлим зуҳуроти локалӣ набуда, балки зуҳуроти умумиҷаҳоние мебошад, ки барои дарки он, коҳиш додани пайомадҳои он иҷдомҳои дастаҷамъонаи аз нуқтаи назари илмҳои замонавӣ асоснок тарҳрезишуда зарур мебошанд.

Ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим: селҳо, боронҳои пуршиддат, зуд обшавии барфҳо, эрозияи обӣ, шӯршавии заминҳо, шамолҳои сахт, хунукиҳои баҳорӣ, паҳншавии ҳашаротҳои зараррасон, норасоии об, тӯфон ва гирдбодҳо, гармсел, хушксолӣ, бемориҳои растанӣ, таназзулёбии заминҳоро метавон дохил кард, ки онҳоро ҳамчунин чун офатҳои табиӣ мешиносанд. Тибқи натиҷаи тамоми тадқиқотҳои анҷомдодашуда баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар кураи Замин пешбинӣ мегардад.

Яке аз равандҳои тағйирёбии иқлим чӣ дар сатҳи ҷаҳон ва чӣ дар сатҳи минтақаи Осиёи Марказӣ обшавии пиряхҳо ва ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ мебошад. Таъсир ва оқибатҳои гармшавии иқлими сайёраро дар мисоли коҳиш ёфтани пиряхҳои Тоҷикистон метавон мушоҳида кард.

Таназзулёбии пиряхи Зарафшон дар қаторкуҳи Ҳисору Олой ва пиряхи Гармо дар қаторкуҳи Помир

Ин раванд дар назди ҷомеаи мутамаддин саволеро пеш мегузорад, ки чӣ бояд кард? Фаромуш набояд кард, ки раванди тағйирёбии иқлим дар гузашта ҳам ба амал омада, боиси аз байн рафтани тамаддунҳои пешин гаштааст. Кофтуковҳои археологӣ гувоҳи ин гуфтаҳо дар тамоми қитъаҳои олам мебошанд, ки инсоният дар он ҷойҳо зиндагӣ кардааст. Ҳатто яхистони Антарктида, ки то садҳо километр тӯл мекашад, аз рўйи фарзияҳои иқлимшиносон дар замонҳои хело ҳам қадим ҷойи зиндагии одамон будааст.

  • Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ба тағйирёбии иқлим осебпазир ба шумор меравад. Таҳаввулотҳои иқлимии кишварамон бояд ба таври ҷиддӣ омӯхта шаванд ва роҳу усулҳои пешгирӣ аз онҳо ба таври илман асоснок кардашуда ба нақша гирифта шаванд. Ба андешаи Шумо ҷумҳурии мо кадом модели рушдеро интихоб карда метавонад, ки дараҷаи муқовимат ба осебпазирии ҷомеаро нисбат ба тағйиротҳои иқлимӣ тақвият бахшад?

— Бояд зикр намуд, ки тақрибан 80% ҳудуди ҷумҳурӣ дар минтақаҳои хатари сел ҷойгир шудаанд. Тибқи маълумотҳои 15-20 соли охир шумораи селҳои офатовар аз сабаби боришоти шиддатнок ва зиёдшавии рӯзҳо бо ҳарорати баланд дар фасли тобистон афзоиш ёфта истодааст. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ аз 200 то 300 адад хатарҳои гидрометеорологӣ ба қайд гирифта мешаванд. Танҳо дар 50 соли охир дар кишвари мо зиёда аз 1000 сел ва 18 обхезӣ ба вуҷуд омадаанд.

Дар замони имрӯза он кишварҳо ё ҷомеаҳое зарари камтар мебинанд, ки усулњои коҳишёбӣ ва мутобиќшавӣ ба тағйирёбии иқлимро омӯхта ва тадбирҳо меандешанд. Дар шароити нави тағйирёбии иқлим моро зарур аст, ки оқибатҳои тағйирёбии иқлимро дарк намуда, бо тафаккури замонавӣ худро ба пайомадҳои он мутобиқ созанд ва чораҳои зарурӣ андешанд.

То ҷое огоҳӣ дорем, аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ барномаҳои зиёд дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тарҳрезӣ шуда, амалӣ шуда истодаанд. Яке аз чунин барномаҳо аз тарафи ташкилоти CAREC дар Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар самти мутобиқшавӣ дар соҳаи кишоварзӣ – CAMP4ASB мебошад. Амалӣ шудани ин лоиҳа барои ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.

Вобастагии зиёди аҳолӣ аз истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (бештар аз 60% аҳолӣ вобастаи кори саҳро мебошанд), вобастагии зиёди нашъунамои маҳсулотҳои киштшаванда аз обёрӣ ва боришотҳо (то 70%), ҳаҷми зиёди талафоти маҳсулот дар натиҷаи офатҳои табиӣ (то 35%) ва истифодаи бемаҳдуди чарогоҳҳову заминҳои лалмӣ барои фаъолияти хоҷагидорӣ омилҳое мебошанд, ки сабаби мушкилотҳо дар ҳаёти ҳаррўзаи мо, боиси хароҷотҳои зиёдатӣ ва суст инкишоф ёфтани иқтисодиёти миллии мо гаштаанд.

Зарари миёнаи солонаи иқтисодӣ аз офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна аз 10 миллион то 100 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар бахши кишоварзӣ аз 8 то 34 миллион, обёрӣ ва обтаъминкунӣ 8-10 миллион, энергетика ва нақлиёт 6-7 миллион долларро ташкил медиҳанд.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳадафи чоруми стратегии рушди кишвар барои гузаштан аз модели аграрӣ-саноатӣ ба сохти саноатӣ –аграрӣ пешниҳод карда шуд. Дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим бо дарназардошти осебпазирии ҷумҳурӣ ба ин гуна тағйиротҳо дар назди мақомоти ҳифзи муҳити зист вазифаҳои муҳиме пеш мегузорад, ки дарки дурусти онҳо аз мутахассисони соҳа масъулият ва зарфияти илмиро талаб менамояд.

Олимону мутахассисони соҳаро зарур аст, ки дар амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии кишвар фаъол бошанд. Дар ин радиф муҳимиятии хадамоти обуҳавошиносӣ боз ҳам бештар мегардад. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани беш аз 54 пойгоҳи ҳавосанҷӣ ва 96 дидбонгоҳи обченкунӣ дар ихтиёри худ пеш аз ҳама индикаторҳои ҳолати муҳити зистро тариқи гузаронидани мониторинги шабонарўзӣ пешниҳод менамояд.

Маъумотҳои гидрометеорологӣ ва агрометеорологӣ аз ҷониби Маркази обуҳавошиносии Агентӣ ба тариқи ҳар сесоата, якрўза, серўза, панҷрўза, ҳафтрўза, даҳрўза, моҳона ва мавсимӣ пешниҳод мегарданд. Маълумотҳои обуҳавошиносӣ барои банақшагирии рушди иқтисодӣ, тасмимгирӣ дар самти кишоварзӣ (интихоби макони кишт, навъи тухмӣ, муайянсозии давраи нашъунамо ва вегетатсия), огоҳсозӣ аз хатари офатҳои табиӣ зарур буда, истифодаи ин маълумотҳо барои пешгирии талафоти инсонӣ, коҳиш ёфтани бемориҳои сироятӣ, рушди корҳои хоҷагидорӣ, баланд гаштани ҳосилнокии заминҳо ва ба ин васила ноил шудан ба некуаҳволии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Ташаккур барои мусоҳиба!

ҶАМОЛИДДИН ЯКУБОВ, «Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед