Омӯзиши боришоти барф дар минтақаҳо

0
4197
боздид
Таърихи омузиши пиряхҳои тоҷик зиёда аз 100 солро дар бар мегирад.

 

Омӯзиши боришоти барф дар минтақаҳо

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳазор пиряхҳои хурду бузург ҷойгир мебошанд, ки дар онҳо садҳо километри мураббаъ об маҳфуз аст.

Пиряхҳо миқдори зиёди обро дар фасли сармо захира мекунанд, ки дар мавсими гармо барои     обёрии заминҳои корам басо зарур аст.    Таърихи омузиши пиряхҳои тоҷик зиёда аз 100 солро дар бар мегирад. Аз онҷумла, дар соли 1870 якумин навиштаҷот оиди пиряхо, ва дар аввали қарни гузашта солҳои 1906-1914 аз ҷониби олимон Я.С. Эделштейн ва Н.Л. Корженевский якқатор тағйиротҳо дар ҳолати қисми поёнии пиряхҳои қаторкуҳи Пётри Як дароварда шуд.

Қадамҳои муҳим дар инкишофи самти яхшиносии Тоҷикистон ин гузаронидани соли Байналмиллалии геофизикӣ дар солҳои 1957-1958 буд.

Дар ин муддат якумин маротиба татқиқотҳои яхшиносию метерологии дарозмуддат на танҳо дар қисмати поёнии пирях балки дар қисми болоии пирях гузаронида шуданд.

Баъд аз ин инвентаризатсияи пиряхҳои ҳудуди Помирро ташкил карданд, ки бузургии яхбандии минтақаро муайян намуданд. Аввалин маротиба дар солҳои 50-уми асри гузашта экспедитсияи байналмиллалӣ ташкил гардид, ки дар ВМКБ омӯзиши пиряхҳо ба роҳ монда шуда буд.

Вақте, ки сухан дар бораи мониторинг меравад, мутахассиси соҳа ҳаминро дар назар дорад, ки бояд пирях репер, тӯл, арз, нуқтаи сарҳисоб (широта, долгота) дошта, баландӣ, масоҳат, дарозӣ ва харобшавии пиряхро омӯзад.

Қайд кардан зарур аст, ки аллакай соли 1956 дар бойгонии Агентии обуҳавошиносӣ маълумоти пиряхҳо ҳавза ба ҳавза ба қайд гирифта шуда буд. Вобаста ба ҷойгиршавии пиряхҳо, стансияҳои ҳавосанҷӣ фаъолияти худро оид ба ҳолати пиряхҳо дар шакли мониторинги доимӣ пешбурда, маълумотҳои заруриро барои банақшагирии рушди иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои барои ҷумҳурӣ заруриро ба мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва дигар ниҳодҳои манфиъатдор пешниҳод менамуданд.

Беш аз 70% шабакаҳои давлатии Агентӣ дар ноҳияҳои дурдаст дар баландии зиёда аз 2500м ҷойгир мебошанд. Дар фасли замистон кормандони шабакаҳо ҷиҳати муайян намудани захираи оби ҳавзаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои барфченкуниро ба роҳ монда, саривақт ба мақомотҳои марбута маълумот манзур менамоянд.

Дар давраи мавсим бошад мониторинги доимӣ оид ба ҳаракати пирях, ҷоришавии обҳо ва баландшудани реҷаи дарёҳоро мушоҳида намуда, обнокии дарёҳоро пешгӯӣ менамоянд.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки аз соли 1967 то соли 1982 каталоги пиряхҳои ҷумҳурӣ ҳавза ба ҳавза аз нашр баромада, ҳоло барои истифодабарии мутахассисони маҳаллӣ ва берун аз он қарор дорад.

Тоҷикистон маркази калони яхбандии муосир дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад ва пиряхҳое, ки дар қаламрави он қарор доранд, на танҳо анборҳои об, балки танзимкунандаи шоридани оби дарёҳо ва иқлим мебошанд. Пиряхҳо ва барфҳои доимии Тоҷикистон сарчашмаи асосии таъмини оби дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал мебошанд. Ҳар сол обшавии захираҳои барфию яхӣ якчанд километр мукааб оби софу ширин медиҳад.

Дар ноҳияҳои  кӯҳии Осиёи Марказӣ минтақаҳои калонтарини яхбандии муосир воқеанд. Пиряхҳо пас аз барфҳои мавсимӣ, ҷиҳати таъмини дарёҳо бо об  сарчашмаи дуюм маҳсуб меёбанд. Дар мавсими тобистон бошад, аз моҳи июл то моҳи сентябр, ҳангоми ҳосилбардорӣ, пиряхҳо сарчашмаи ягонаи таъмини дарёҳо бо об мебошанд. Онҳо захиракунандаи табиии оби ширин буда, аҳамияти онҳоро дар минтақа арзёбӣ намудан ғайри имкон аст. Вале таҳқиқоти умумии яхбандии минтақа охирин маротиба то соли 1990 гузаронида шуда буд.

Дар айни замон, бо сабаби гармшавии глобалӣ, таназзули пиряхҳо ба амал омада, онҳо назар ба он ки ташаккул ёбанд, бештар об мешаванд. Ҳоло об шудани барф дар баландкӯҳҳо на дар аввали моҳи апрел, чӣ тавре ки дар гузаштаи на он қадар дур буд, балки дар нимаи моҳи март оғоз мешавад. Бештар камобӣ ва хушксолӣ ба назар мерасад. Масоҳати пиряхҳо дар канорҳои системаҳои кӯҳӣ то 0,8 -1,0 фоиз дар як сол кам мегардад.

Дигар ҷанбаи муҳими тағйирёбии глобалии иқлим, ин таъсири он базахираҳои оби ширини ҷаҳон мебошад. Маълум аст, ки об – захираи ивазнашаванда, дорои аҳамияти асосӣ ҷиҳати рушди устувор, нигоҳдории ҳаёт дар сайёра, таъмини саломатӣ ва некӯаҳволии аҳолии ҷаҳон мебошад.

Ҳоло дар шароити  тағйирёбии иқлим дар хушкӣ,  махсусан дар ноҳияҳои хушку камбориши сайёра, масъалаи обтаъминкунии аҳолӣ ва рушди бахшҳои иқтисодиёт, ки ба захираҳои оби ширин вобаста аст, бисёр шадид мегардад. Ташвишовар он аст, ки захираҳои оби ширин кам шуда, сифати он паст мегардад.

Тавре ки маълум аст, тағйирёбии иқлим ба саломатии одамон, муҳити зист, кишоварзӣ, инфраструктураи нақлиёт ва дигар соҳаҳои рушди устувор таъсири манфӣ мерасонад. Вале таъсири он ба захираи об аз ҳама бештар аст. Ин масъала хусусан дар Осиёи Марказӣ, ки бо об дар он на танҳо асоси рушди иҷтимоиву иктисодӣ балки омили муҳимтарини таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ мебошад, пуршиддат гардидааст. Дар навбати аввал коҳишёбии пиряхҳо ба афзоиши оби дарёҳои алоҳида, ки дар айни ҳол ба мушоҳида мерасад, мусоидат намуда, сипас ҳаҷми оби дарёҳо метавонад кам шавад. Бо назардошти аҳамияти муҳими иҷтимоиву иқтисодии захираҳои об зарур аст, ки доир ба нигоҳ доштани пиряхҳо ва захираҳои барф дар минтақа, анҷом додани корҳои муштараки илмиву татқиқотӣ, ташкили назорат аз болои таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва огоҳкунии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ин равандҳо тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.

Аз рӯи пешгӯиҳои иқлимӣ дар давраи то соли 2050  ҳарорати  миёнаи ҳаво  дар  минтақа 1-2 дараҷа баланд мешавад. Масоҳати умумии яхбандӣ дар ҷумҳурӣ дар давраи мушоҳида, аз соли 1930 то андозае кам шуд. Аз рӯйи баҳодиҳии  хадамоти обуҳавосанҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷараёни оби дарёҳо дар дурнамои дарозмӯҳлат метавонад  то 5  —  15  фоиз  кам гардад. Бо  тағйир ёфтани иқлим масъалаҳои дар боло зикр гардида бисёр муҳим мегарданд, зеро баланд шудани ҳарорат ба кам шудани ҳаҷму масоҳати пиряхҳо,  тағйир ёфтани обнокии дарёҳо ва дар натиҷа ба бисёр сарф шудани об ва афзудани шумораи ҳодисаҳои табиӣ оварда мерасонад.

 

Дар татбиқи сиёсати давлатии экологӣ дар баробари корбурди санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барномаҳои давлатии қабулгардида нақши муҳим дорад. Имрӯз дар Кумита якчанд барнома, аз ҷумла Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, «Барномаи Барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2007-2016», «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030», «Барномаи мониторинги муҳити зист Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» амалӣ гашта, дар доираи онҳо корҳои муайян иҷро шуда истодааст.

 

Дар соли 2018 якҷоя бо мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳидаҳои аэровизуалиро ҷиҳати муайян намудани захираи барф дар ҳавзаи дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Вахш (Обихингов ва Сурхоб) ва Кофарниҳон ба анҷом расонид.

Вазъи ногувори обуҳавои зимистону баҳори  соли 2018 боиси аз меъёри муқаррарӣ кам боридани боришоти барф ва кам гаштани майдони барфпӯш дар ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ ба миён омад.

 

Пиряхи Гармо. Пиряхи Гармо дар сарчашмаи Обихингов дар қаторкӯҳҳои Пётри Як, Академияи Илмҳо ва Дарвоз ҷойгир аст. Дарёе, ки аз пиряхи мазкур пайдо мешавад, Гармо номгузорӣ шудааст, бо дарёҳои Бохуд ва Қиғизоб якҷо шуда дарёи Обихинговро ташкил медиҳад. Пиряхи Гармо пиряхи мураккаби водигӣ буда, дорои шохаҳои зиёд мебошад. Дарозии пирях 30,4 км, майдони 114,6 км2-ро дар бар мегирад. Охири забонаи пирях дар баландиҳои 2970 м аз сатҳи баҳр ҷойгир гардидааст.

Омӯзиши пирях солҳои 1940 шуруъ гардидааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки пирях дар ҳолати таназзул қарор дорад. Аз соли 1940 то 1957 то 2,6 м ҳаракат намуда, ба миқдори 2,8 км 2-и масоҳати худро аз даст дод. Баъдан дар муддати 7 сол дар ҳолатимуқарарӣ қарор гирифт. Аз соли 1964 то 1976 пирях ба андозаи 240 м коҳиш ёфта , 0,31 -2 км яхро гум кард. Тӯли солҳои 1974-1985 бошад боз ба андозаи 96 м коҳиш ёфта, суръати обшавиаш ба 8,7 м/сол баробар шуд.

Дар солҳои 1985-1990 сатҳиболоии пирях ба миқдори то 13 м паст гардид, аз забонаи он ба масоҳати 3,5 км 2 ях ҷудо шуд, ки дарозии 3600 метрро дар бар мегирад ва ин пиряхи «мурда» босуръати баланд об шуда истодааст. Дар болои забонаи пиряхи Гармо кӯлҳои зиёд пайдо гардиданд (10 кӯл дар 7 км).

Ҳоло пирях бо суръати тақрибан 9 км/сол, қисмати болояш бошад ба ҳисоби миёна 4 м/сол поён рафта истодааст.

Ҳамин тариқ, таназзули пирях бо авҷ идома дорад, ҳангоми ҳаракат пайдошавии ғорҳо, кулхои руи пиряхӣ низ ба назар мерасанд. Дар солҳои наздик шохаҳои пиряхи Гармо, ба монанди пиряхи Федченко аз он ҷудо хоҳад шуд, ки таназзули онҳоро метезонад. Микдори кулхои руи пиряхи нисбат ба солхои 1980-1990 якчанд маротиба афзудааст. Кам гардидани масоҳати пиряхҳо ба реҷаи дарёи Обихингов таъсири худро мерасонад.

 

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед