Парваришгоҳи “Хуталон”

0
364
боздид
Парваришгоҳи “Хуталон”-и ноҳияи Данғара дар масоҳати 6 ҳазор гектар таъсис ёфт.

Парваришгоҳи “Хуталон” дар ноҳияи Данғара

Парваришгоҳи “Хуталон”-и ноҳияи Данғара дар масоҳати 6 ҳазор гектар таъсис ёфта, бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо паррандагону чорвои нодир, аз қабили “оҳуи холдор”, “уриал-гусфанди куҳии бухороӣ”, “муфлон” ва аз паррандагон бошад, асосан “тазарв” парвариш меёбанд.

Айни ҳол дар ин парваришгоҳ беш аз 500 сар оҳуи холдор мавҷуд аст ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири афзоиши саршумори он, инчунин тоза кардани насли ин ҳайвони нодир имрӯз беш аз 70 сар оҳуи холдорро, ки аз Федератсияи Россия ворид карда шуда, ба иқлиму табиати Тоҷикистон мутобиқ мебошанд, дар ҳудуди парваришгоҳ сар доданд.

Баъди эълон шудани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва беҳтар кардани вазъи фаъолияти мамнуъгоҳҳои кишвар таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла шикорчиён ба имкониятҳои рушди туризми байналмилалии Тоҷикистон бештар мегардад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оянда бо дарназардошти имкониятҳои фаррох, боду ҳавои мусоид ва замини зархез барои парвариши ҳайвонҳои нодир мувофиқ, дар ҳудуди ноҳияи Данғара боз ду парваришгоҳ дар майдони 22 ҳазор гектар таъсис дода мешавад.

Дар парваришгоҳи “Хуталон” ба ғайр аз ҳайвоноти нодир парвариши паррандаҳои нодир низ ба роҳ монда мешавад.

Соли 2017 мурғи фазан, ё ин ки тазарв низ аз Чехия ба ҷумҳурӣ оварда шуд ва аз руи маълумоти мутахассисон баъди парвариш ва афзоиш дар Хоҷагии деҳқонии “Раҳмонҷон” танҳо дар соли 2018 беш аз 1200 сар парандаи фазан дар мамнуъгоҳҳои ноҳияи Данғара барои афзоиш сар дода шуданд.

Дар парваришгоҳи “Хуталон” ҳамчунин 90 гектар боғи мевадиҳандаи дарахтони себ, нок ва чормағз мавҷуд аст, ки бо таъсиси он даҳҳо нафар сокинони ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи корӣ доимӣ ва даромади хуби иқтисодӣ мегарданд.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед