ПАРВАРИШГОҲИ ОҚТОШ
Парваришгоҳи Оқтош дар қисми шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон-дар ҳудуди ноҳияи Ашт воқеъ гардидааст. Парваришгоҳи Оқтош дар майдони 15 000 га доман густурда, бо мақсади муҳофизати ҳайвони нодир — Суғури Мензбар, ки ба Китоби сурхи Иттифоқи байналхалқии муҳофизати табиат ворид гардидааст, ташкил карда шудааст. Тадқиқотҳои солҳои 1997 нишон медиҳад, ки миқдори ин ҳайвони нодир кам мондааст.
Дар Парваришгоҳи Оқтош, мавзеъҳои Қарамазор, Бурликсой, асосан ҷойҳои зисти Суғури Мензбар ҳисобида мешавад. Сабаби камшавии ин ҳайвонро истифода бурдани мавзеи мазкур ҳамчун чарогоҳ, таъсири будубоши сагҳои чупонӣ ва дигар омилҳо маънидод кардаанд.
Дар ин самт аз тарафи мақомоти масъули Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади афзун гардондани шумораи ин намуди ҳайвони нодир ва таъсир нарасонидан ба мавзеи будубоши Суғури Мензбар чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст.
Айни замон дар ҳудуди Парваришгоҳ намудҳои дигари ҳайвоноти нодир, аз қабили куниса, қашқалдоқ (барсук), намудҳои зиёди парандаҳо, амсоли кабки ҳилол ва ғайра мавҷуд мебошанд.