АЗ КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН
Пашшахӯраки биҳиштӣ
Terpsiphone paradisi leucogaster
Қатори Гунҷишкшаклҳо ‒Passeriformes
Оилаи Пашшахӯракҳо ‒ Muscicapidae
Мақоми ҳифз
Зернамуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар қаторкӯҳи Туркистон, водии дарёи Зарафшон, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, Дарвоз, Қаротегин, Пётри I, Қаратов, Ҳазратишоҳ ва Оқтов вомехӯрад.
Муҳити сукунат
Дар анбӯҳи буттаву дарахтзори паҳнбарги дараҳои кӯҳӣ лона мегузорад. Дар боғҳои сердарахт ва нишебиҳои кӯҳ дар баландиҳои 800-2000 метр аз сатҳи баҳр низ маскан мегирад
Саршумор
Дар ҳама ҷо камшумор аст. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамасола 5-6 ҷуфти пашшахӯраки биҳиштӣ лона мегузорад.
Хусусиятҳои биологӣ
Парандаи мавсимии лонагузор мебошад. Аз охирҳои моҳи апрел то миёнаҳои моҳи май парвоз карда меояд. Тирамоҳ аз миёнаҳои моҳи август то миёнаҳои сентябр парида меравад Миёнаҳои моҳи май баъзе ҷуфти он ба лонасозӣ cap мекунанд. Охирҳои моҳи май ва аввалҳои моҳи июн 4-5
тухм мемонад. Лифи маҳини растаниҳоро ба душохаи навдаҳои овезони чормаѓз, дӯлона, сафедор ва ѓайра печонида лона месозад. Дар охирҳои моҳи июн ва моҳи июл чӯҷа мебарорад. Чӯҷаҳоро модина ва нарина ҳамроҳ калон мекунанд. Чуҷаҳо лонаро пурра паррончак нашуда, тарк менамоянд. Аз нимаи дуюми август cap карда барои зимистонгузаронӣ парида мераванд. Ѓизои пашшахӯраки биҳиштӣ ҳашароти парвозкунанда мебошад.
Омилҳои маҳдудкунанда
Фаъолияти хоҷагидории инсон, алалхусус буридани дарахту буттазорҳо ва омили ноҳинҷорӣ сабаби камшумор гардидани шилмуш мегарданд.
Тадбирҳои ҳифз
Ба мақсади кор карда баромадани чораҳои муассир оид ба ҳифзи пашшахӯраки биҳиштӣ дар мавзеъҳои сукунати он дар ҳудуди мамнуъгоҳи «Ромит» ва Пойгоҳи ботаникии кӯҳии Варзоб мунтазам таҳқиқоти илмӣ анҷом додан зарур аст.